Jump to content

Арамбегим Маҳтобшозода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Арамбегим Маҳтобшозода
Маҳтобшозода Арамбегим Бозор
Таърихи таваллуд: 4 март 1961(1961-03-04) (63 сол)
Зодгоҳ: Хоруғ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳтобшозода Арамбегим Бозор (4 марти соли 1961, Хоруғ, ҶШС Тоҷикистон) — омӯзгор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҳтобшозода Арамбегим Бозор 4 марти соли 1961 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ихтисос: омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик.

  • Солҳои 1983-1999-муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои №12 ва № 5-и шаҳри Хорӯғ;
  • Солҳои 1999-2004-раиси Кумитаи занони Ҳукумати шаҳри Хоруғ;
  • Солҳои 2004-2006-муовини мудири шуъбаи иҷтимоии фарҳангии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • Солҳои 2006-2008-мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ;
  • Солҳои 2008-2010-раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • Солҳои 2010-2011-муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • Солҳои 2011-2016-директори муассисаи таълимии давлатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ;
  • Аз моҳи ноябри соли 2016 — то 18 сентябри соли 2018 дар вазифаи раиси шаҳри Хоруғ кор кардааст.

Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.[1]

«Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон». Соли 2011 бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.