Jump to content

Арахноидит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Арахноидит
МКБ-9 320, 321 ва 322
DiseasesDB 22543
eMedicine / 
MeSH D001100

Арахноидит (юн. arachne — тортанак ва eidos — шакл) — газаки анкабутпардаи мағзи cap ё ҳароммағз.

Одатан ҳамроҳи газаки пардаи нарми мағзи cap пайдо мешавад. Арахноидит баъд аз бемориҳои сироятии шадид ва музмин, мас., грипп, газаки римноки бинивораи иловагӣ, гӯш, бодомак, баъд аз осеби косахонаи cap ва сутунмӯҳра, дар натиҷаи заҳролудӣ аз сурб пайдо мешавад. Чун оризаи зарбу лати косахонаи cap, грипп ва дигар бемориҳо арахноидит аксар вақт ҳангоми риоя накардани режими бистарӣ ва иҷро накардани тавсияи духтур ба амал меояд. Ҳангоми арахноидит анкабутпарда ва пардаи нарми мағзи cap ғафс шуда, гардиши моеи ҳароммағз вайрон, фишори дохилии косахонаи сар баланд мегардад, дарди сари бардавом пайдо мешавад, ки аломати маъмули арахноидит аст. Дар баъзе ҳолатҳо хуруҷи саръ ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми газаки пардаҳое, ки асаби босираро фаро гирифтаанд, босира суст мешавад; дар натиҷаи арахноидит-и қисмҳои ақиби мағзи cap чархзании cap, пастшавии шунавоӣ, ихтилоли мувозанат ба вуҷуд меояд. Аз сабаби илтиҳоби пардаи решачаҳои ҳароммағз дар ҷисм ва дасту по дард пайдо мешавад. Пайдоиш ва сабаби арахноидит-ро духтур баъди дар шӯъбаи неврологӣ бодиққат муоина кардани бемор муайян менамояд. Ҷараёни беморӣ музмин буда, дар мавридҳои пешгирӣ накардани он шахс солҳои дароз аз дарди cap азият мекашад, босира суст, шунавоӣ паст мешавад. Саривақт муолиҷа кардани бемориҳои шадиди сироятӣ ва музмини илтиҳобии ҳалқу бинӣ ба инкишофи арахноидит роҳ намедиҳад. Ҳангоми бо сурб сару кор доштан, риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ шарт ва зарур аст.