Арбовирус
Зоҳир
| |
eMedicine | / |
MeSH | D001102 |
Арбовирусҳо (аз англ. arthropod-borne viruses) — вирусҳои ҳайвонот ва одам, ки ҷонварони бандпой (кана, хомӯшакҳо, кӯрпашша, харакҳо) интиқол медиҳанд.
Арбовирус дар организми бандпойҳо инкишоф ёбанд ҳам, ба худи онҳо зарар намерасонанд. Арбовирус ангезандаи энсефалитҳои гуногун, табларзаи хунрез ва дигар бемориҳо мебошанд. Зиёда аз 200 намуди А. маълум аст. Онҳо аз рӯи хусусияти подгунӣ (антигенӣ) ба чанд гурӯҳ (А, В, С ва ғ.) ҷудо мешаванд. Зиёда аз 50 гунаи арбовирус барои одам бемориовар мебошанд. Андозаи арбовирус аз 30 то 180 нм буда, аз кислотаи нуклеинат, сафеда ва ҷилди дорои липидҳо иборатанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбовирусҳо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.