Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аргон, 18 Ar Талаффуз (AR -gon ) Номи дигар argon Намуди зоҳирӣ гази беранг Вазни атомии муқаррарӣ A r, std (Ar) [7001397920000000000♠ 39.792 , 7001399630000000000♠ 39.963 ] conventional: 7001399500000000000♠ 39.95[ 1]
Рақами атомӣ (Z ) 18 Гурӯҳ гурӯҳи 18 (газҳои асил) Давр даври 3 Блок p-блок Категорияи элемент Гази аслӣ Конфигуратсияи электрон [Ne ] 3s2 3p6 Электронҳо аз рӯӣ ҷилд 2, 8, 8 Фаза дар ҲФМ газ Нуқтаи гудозиш 83.81 K (−189.34 °C, −308.81 °F) Ҳарорати ҷӯшиш 87.302 K (−185.848 °C, −302.526 °F) Зичӣ (дар ҲФМ ) 1.784 g/L ҳангоми моеъ будан (дар н.ҷ. ) 1.3954 гр/см3 Нуқтаи сечанда 83.8058 K, 68.89 кПа[ 2] Нуқтаи бӯҳронӣ 150.687 K, 4.863 МПа[ 2] Ҳарорати гудозиши хос 1.18 кҶ/мол Ҳарорати буғшавии хос 6.53 кҶ/мол Гармигунҷоиши молярӣ 20.85[ 3] Ҷ/(мол·К) Буғи сершуда
P (Pa)
1
10
100
1 k
10 k
100 k
at T (K)
47
53
61
71
87
Дараҷаҳои оксидшавӣ 0 Электроманфиият Ҷадвали Полинг: no data Қувваҳои иондоршавӣ 1-ум: 1520.6 кҶ/мол 2-юм: 2665.8 кҶ/мол 3-юм: 3931 кҶ/мол (бештар ) Радиуси ковалентӣ 106±10 пм Радиуси Ван дер Ваалс 188 пм Color lines in a spectral range Хатҳои спектрии АргонСохтори булӯрӣ face-centered cubic (fcc) Суръати овоз 323 м/с (gas, at 27 °C) Гармигузаронандагӣ 17.72× 10−3 W/(m·K) Тартибории магнитӣ диамагнетик [ 4] Таъсирпазирии магнитӣ −19.6·10−6 см3 /мол[ 5] Рақами CAS 7440-37-1 Кашф ва ҷудогузории аввалинLord Rayleigh and Виллиам Рэмзи (1894)Хатои ибора: Аломати нуқтагузории шинохтанашуда "ё"
and content may be as high as 2.07% and 4.3% respectively in natural samples. is the remainder in such cases, whose content may be as low as 93.6%. | пайвандҳо
Aргон (Ar , аз лот. Ar gon ) — элементи химиявии гурӯҳи VIII системаи даврии Менделеев , гази инертӣ; рақами атомиаш 18, массаи атомиаш 39,948.
Дар ҳолати муқаррарӣ аргон гази беранг, бебӯй ва бемаза аст. Дар табиат аргон танҳо дар ҳолати озод дучор мешавад. Атмосфера 16·1012 m, қишри замин 0,165·1012 m, об 0,752·1012 m аргон доранд. Дар таркиби ҳаво 0,98 % аргон ҳаст. Аргони атмосферӣ аз се изотопи устувор — 36 Ar (0,337 %), 38 Ar (0,063 %) ва 40 Ar (99,60 %) иборат мебошад. Аз сабаби зиёд будани изотопи 40 Ar массаи атомии он аз массаи атомии К, ки дар системаи даврии Менделеев аз он пеш меистад, зиёдтар аст. Аз изотопҳои радиоактивии сунъии аргон барои нишонаи радиоактивӣ 37 Ar (давраи нимкоҳишаш 35 шаборӯз) короям аст. Зичии аргон (дар 0°С, 101325 н/м2 ) 1,7839 кг/м3 , ҳарор. гудозиш −189,3°С, ҳарорати ҷӯшиш — 185,9°С. Дар 1 л об дар шароити муътадил 51,9 м3 аргон ҳал мегардад. Аргон дар металлҳо ҳал намешавад. Молекулаи аргон якатома аст. Ҳамаи кӯшишҳои ҳосил кардани пайвастҳои валентии аргон бенатиҷа анҷом ёфтанд. Аргон бо пайвастҳое, ки дар панҷараҳои кристаллии худ ковокии андозааш тақр. ба андозаи аргон мувофиқ доранд, пайвастҳои мудохил (клатратҳо) ҳосил мекунад, мас., бо H4 O, D2 O, фенол, гидрохинон ва ғайра. Аз онҳо Ar·6H2 O бештар омӯхта шудааст. Дар пайвастҳои мудохил, мас., дар SO2 · 6H2 O изоморфи SO2 -ро бо Ar иваз кардан мумкин аст. Ин барои дар фишори мӯътадил синтез кардани Ar·6H2 O имконият медиҳад. Дар саноат аргонро аз ҳаво дар натиҷаи сахт хунук кардани он ҷудо мекунанд. Аргонро аз дигар газҳои инертӣ бо усули газохроматографӣ низ ҷудо кардан мумкин аст. Аргон ҳангоми таҳвили ҳароратии металлҳое, ки зуд оксид мешаванд, васеъ истифода мегардад. Дар ҳавои аргон металлҳои камёфт ва рангаро кафшер мекунанд, Ti, W, Zr ва ғ-ро мегудозанд. Бо аргон чароғҳои барқиро пур менамоянд (аргон суръати бухори волфрамро суст ва равшании онро зиёд мекунад). Аргони радиоактив баъзан барои назорати системаҳои ҳавотозакунӣ кор фармуда мешавад.
Дар феҳристҳои китобшинохтӣ