Аргументы и Факты
Номи аслӣ | русӣ: Аргументы и факты |
---|---|
Навъ | нашрия |
|
|
Молик | Government of Moscow[d] |
Кишвар | |
Асосгузорӣ | 1 январ 1978 |
Забон | русӣ[1] |
Дафтари марказӣ | |
Теъдод | 1 562 951 |
ISSN | 0204-0476 ва 1606-5271 |
Вебгоҳ |
aif.ru aif.ru/news |
«Аргументы и факты» («АиФ») — ҳафтаномаи маъруф ва бонуфузи Русия.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1978 нашр мешавад. Танҳо дар ФР доираи хонандагонаш 7 млн нафарро ташкил медиҳад. Дар 60 кишвари дунё муштарӣ дорад. Дар 66 минтақаи ФР ва 16 кишвари хориҷӣ дорои шабакаҳо мебошад. Соли 1990 аз рӯйи теъдоди нашраш (33431100 нусха) ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст. Декабри 2006 дар шаҳри Лондон байни нашрияҳои ғайрианглисӣ соҳиби «Ҷоми булӯрин» гаштааст.
«Аргументы и Факты» то замони истиқлолият дар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд дошт, вале баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ нашри он дар Тоҷикистон қатъ гардид. Декабри 2006 байни нашрияи «Аргументы и Факты» ва ҶММ «Оила» дар хусуси интишори он дар Тоҷикистон шартнома баста шуд. Аз январи 2007 бо номи «Аргументы и факты. Таджикистан» дар матбааи «Оила-принт» чоп мешавад. Ибтидо дар ҳаҷми 32 саҳифа нашр мешуд, ки 24 саҳифаи он матолиби иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ, варзишии аз ҷониби дафтари Москва таҳияшуда ва 8 саҳифааш мавзӯъҳои зикршударо аз ҳаёти Тоҷикистон дар бар мегирифт. Аз охири соли 2009 дар ҳаҷми 24 саҳифа ба табъ мерасад. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба фурӯш расонда мешавад. Теъдоди нашраш 8600 нусха (2010).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 The ISSN portal (ингл.) — Paris: ISSN International Centre, 2005. — ISSN 0204-0476
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аргументы и Факты / Н. Шарипов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.