Арендаренко, Георгий Алексеевич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Арендаренко, Георгий Алексеевич
Зодрӯз 4 феврал 1846(1846-02-04)
Таърихи даргузашт 19 апрел 1908(1908-04-19) (62 сол)
Мансубият

Георгий Алексеевич Арендаренко (4 феврал 1846, Velyka Koshelivka[d], Губернияи Чернигов[d]19 апрел 1908, Варшава) — мардумшиноси рус, тадқиқотчии Аморати Бухоро, генерал-майор.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Корпуси кадетии Полтава ва Омӯзишгоҳи якуми ҳарбии Павловро хатм карда, с. 1865 ба батареяи тирандозии Оренбург фиристода мешавад. Нимаи дуюми с-ҳои 60 а. 19 «юришҳои Туркистон» оғоз гардиданд ва дар натиҷа Осиёи Миёна ба Россия ҳамроҳ шуд. А. дар фатҳи қалъаи ӯротеппа (1866) иштирок намуда, чун сардори даста дар Кӯҳистони Мастчоҳ (1875 — 76) ҷангидааст. Пас аз муҳорибаҳо А. ба корҳои маъмурӣ ҷалб гардида, ёвари раиси ӯротеппа (1866 — 67), узви комиссияи ташкилии Авлиёато (Ҷанбул; 1868), раиси суди Ҷиззах, Перовск ва уезди Туркистон (1869 — 74) буд. Муддате дар рутбаи штабс-капитан сардории туманҳои кӯҳии округи Зарафшонро ба ӯҳда дошт. Минбаъд сардори шӯъбаи Самарқандии генерал-губернатории Туркистон (1887 — 90), сардори уезди Марв (1890 — 99), генерали округи ҳарбии Туркистон (1899—1901), губернатори ҳарбии вил. Фарғона (1901 — 04) буд. А. дар раванди хизмати давлатӣ ба гӯшаю канори Аморати Бухоро сафар карда, урфу одат, анъана ва забонҳои аҳолии маҳаллиро хуб омӯхт. ӯ маълумоти фаровони мардумшиносӣ, оморӣ ва иқтисодиро оид ба манотиқи мухталифи Бухорои Шарқӣ, аз ҷумла бекигарии Ҳисор, Кӯлоб, Балҷувон, Дарвозу Қаротегин гирд оварда, мунтазам дар нашрияҳои «Туркестанские ведомости», «Восточное обозрение», «Военный сборник» ва ғ. ба табъ расондааст. Соли 1889 маълумотро ҷамъ намуда китоберо бо унвони «Досуги в Туркистане» ба табъ расонд, ки дорои маълумоти арзишманд оид ба навоҳии Тоҷикистон мебошад.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо чандин орденҳои русӣ, инчунин ордени тиллоии «Нишони доруссалтанаи Бухорои Шариф» (дараҷаи 1) қадр гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]