Jump to content

Аржанг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Аржанг», «Артанг», «Арзанг», «Арданг», «Жанг» — номи китоб, албоми мусаввар, ки тасвирҳои рангини кашидаи Монӣ дар он ҷой гирифта буданд.

Аз ин албоми мусаввар то ба имрӯз (ибтидои садаи 21) ягон нусхае дастраси муҳаққиқон нагардидааст, вале дар осори таърихӣ, адабию динии мардуми эронинажод ишораҳои зиёде ба ин китоб, хусусиятҳову мӯҳтавиёти он, ривоятҳо дар бораи офарида шуданаш аз ҷониби Монӣ ва ғайра вомехӯранд. Мувофиқи ривояте Монӣ ба муддати як сол ба ғоре даромада «Аржанг»-ро офарид. ӯ на танҳо китобашро бо тасвироту нақшу нигор оро дода буд, балки дар деворҳои ғор ҳам нақшҳо кашида буд ва мардум ин ғорро нигористони Монӣ мегуфтанд. Монӣ дар «Аржанг» ва нигоштаҳояш дар ғор — нигористони Монӣ ба мазмуни таълимоти худ, масалан, устураи офариниши олам нақшҳо кашида будааст. Мувофиқи маълумоти баъзе китобҳои таърихӣ нусхае аз «Аржанг» дар хазинаи шоҳони шаҳри Ғазнин вуҷуд доштааст. Монӣ чун рассоми мӯъҷизакор, «Аржанг» — китоби пурнақшу нигор дар шеъру адаби форс-тоҷик, эҷодиёти адибон мавқеъ ва мақоми баландро соҳиб гаштаанд; ҳар он ҷо, ки аз зебоиҳои табиат, ҳусни маъшуқа, биҳишту баҳор, умуман зебоӣ сухан меравад, ба сабили санъати ташбеҳ аз «Аржанг» ва Монӣ ёд шудааст. Масалан:

Яке нома бинвишт «Аржанг»-вор,
Пуророишу бӯю рангу нигор.

Фирдавсӣ

Ҳазоряк з-он к-андар сиришти ӯ ҳунар аст,
Нигору нақш ҳамоно, ки нест дар Аржанг.

Фаррухӣ

Гар «Артанг» хоҳӣ ба бӯстон нигаҳ кун,
Ки пурнақши Чин шуд миёну канораш.

Носири Хусрав

Баҳор мазҳари эъҷозҳои раббонист,
Чаман бадеътарин «Жанг»-и ҳазрати Монист.

Фарзона

Калимаи «Аржанг» ба маъниҳои дигар, номи чоҳе, ки Афросиёб Бежанро ба асирӣ гирифта, дар он нигоҳ медошт, номи деве, ки ба дасти Рустам кушта шуд, паҳлавоне аз лашкари Афросиёб, ки ба дасти Тӯс кушта шуд ва ғайра ба назар мерасад.