Jump to content

Арзанак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Арзанак
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Phleum L., 1753

Арзанак (лот. Phléum) — ҷинси гиёҳҳои хӯшадор.

Дар Тоҷикистон (қаторкӯҳҳои Қурама, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, куҳи Муғул, мавзеъҳои ҷан. ва шарқи ҷумҳурӣ) 5 гунаи арзанак — Р. alpinum, P. graecum, P. paniculatum, P. phleoides, P. pratense мерӯяд. Одатан дар лаби ҷӯй, соҳили дарё, атрофи чашмасор, нишебиҳои серрегу санглох, марғзору буттазор нумӯ меёбад.

Арзанаки марғиро пештар ба миқдори кам дар водии Ҳисор ва Помири Ғарбӣ кишт мекарданд. Арзанаки марғӣ (P. pratense) гиёҳи бисёрсола буда, 60 — 100 (баъзан то 140) см қад мекашад. Хӯшагулаш саракмонанд («султон»), баргаш дароз, борик. Тухмаш лӯндаи дарозрӯя, майда (вазни 1000-тоаш тақр. 0,5г), нуқратоб ё хокистарии қаҳваранг; як бех арзанаки марғӣ то 17 ҳаз. тухм мебандад. Арзанак гиёҳи сармобардор ва ба об серталаб аст. Аз 4 — 5 сол (дар марғзори камоб) то 8 — 10 сол (марғзори обкӯл) нашъунамо меёбад. Арзанак и марғӣ хӯроки хуби чорво буда, онро барои бунёд намудани марғзори сунъӣ, сералаф гардондани чарогоҳ низ истифода мебаранд. Дар шароити мусоид аз ҳар га арзанакзор 50 — 100 сентнер хошок меғундоранд. Хошоки арзанак то 27 % протеин (аз ҷумла 2,2 % сафеда), 0,9 % равған, 10 % клетчатка, 17 % моддаҳои қиёмии бенитроген дорад. Арзанаки алпӣ (Р. alpinum) гиёҳи сершоху барг (15 — 40см қад мекашад), ба об серталаб ва сармобардор аст. Дар чарогоҳи баландкӯҳ месабзад. Алафи хушхӯр мебошад.

Арзанаки даштӣ (P. phleoides) 35 — 45 см қад мекашад. Он тухми зиёд мебандад, баргу пояаш зуд дурушт мегардад. Тухмаш лӯндаи дарозрӯя, қаҳраборанги зардтоб, майда (вазни 1000-тоаш тақр. 0,3г). Бештар дар марғзори камоб ва дашт месабзад. Дар ғаллазор алафи бегона ҳисоб мешавад. Гиёҳи серғизои чорвост. Онро гову асп ва моли майда нағз мехӯрад.

Арзантуғак (P. paniculatum) гиёҳи яксола буда, 15 — 60см қад мекашад; аввалҳои баҳор нашъунамо меёбад ва тобистон мехушкад. Алафи бегонаи полизу боғ аст. Онро чорво хуб мехӯрад.