Jump to content

Аризаи даъвоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аризаи даъвоӣ — ҳуҷҷатест, ки бо ёрии он парвандаи шаҳрвандӣ дар додгоҳ оғоз карда мешавад.

Қонун пешбинӣ намудааст, ки дар аризаи даъвоӣ бояд реквизитҳои (маълумотҳо) муайян сабт карда шаванд (моддаи 134 КМГ). Маълумотҳое, ки дар аризаи даъвоӣ оварда мешаванд, ба суд имконият медиҳанд, то сари вақт ва дуруст парвандаи шаҳрвандиро баррасӣ намояд.

Дар аризаи даъвоӣ маълумоти зерин бояд оварда шаванд:

  1. номи суде, ки ба он ариза пешниҳод мешавад;
  2. номи падар ва насаби даъвогар, ҷойи истиқомати доимии он ё агар даъвогар шахси ҳуқуқӣ бошад, ҷойи маҳалли ҷойгиршавии он, инчунин маълумот дар бораи намоянда ва нишонии ӯ, ба шарте аризаро намоянда диҳад;
  3. номи падар ва насаби ҷавобгар, ҷойи истиқомати доимии ӯ, ё агар ҷавобгар шахси ҳуқуқӣ бошад, ҷойи исти он;
  4. ҳолатҳое, ки асоси талаби даъвогар мебошанд ва далелҳои исботкунандаи ин ҳолатҳо;
  5. талаби даъвогар;
  6. нархи даъво, ба шарте ки ба даъво баҳо дода шавад, инчунин ҳисоби маблағҳои ситонидашуда ё баҳснок;
  7. номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки ба ариза замима карда мешаванд;
  8. нусхаҳои аризаи даъвоӣ вобаста аз шумораи ҷавобгарон.

Ба ариза даъвогар ё намояндаи ӯ имзо мекунад. Ба аризаи даъвоӣ, ки намоянда пешниҳод намудааст, бояд ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколатҳои намоянда замима карда шаванд. Агар шахси манфиатдор дар аризаи даъвоӣ маълумоти заруриро сабт накунад, аризаи даъвоӣ беҳаракат мононда мешавад. Суд мувофиқан дар бораи беҳаракат монондани аризаи даъвоӣ таъйиноти махсус мебарорад. Дар ин таъйинот аз ҷониби суд барои бартараф намудани нуқсонҳои аризаи даъвоӣ мӯҳлат муқаррар карда мешавад.