Jump to content

Ариозо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ариозо (итол. Arioso — ариямонанд) — жанри мусиқии вокалӣ (операвӣ, кантатавӣ), ки байни ария ва речитатив ҷой мегирад.

Ариозо аз ария бо хурдии андозаю надоштани сохти муайян ва аз речитатив бо содагию хушоҳангӣ фарқ мекунад. Ариозо дар кантата ва операҳои итолиёӣ (а. 17, М. А. Чести, К. Монтевердӣ) байни речитатив ва ария қисми васлкунандаро ташкил медод. Баъдҳо ариозоро дар кантата нисбат ба опера бештар истифода мебурдагӣ шуданд (махсусан композиторони неополитанӣ). Дар операҳои композиторони классики рус (а. 19) ариозо дар шакли арияи хурди хушоҳанг ё сохти сурудҳои лирикӣ вомехӯрад. Ариозодар баъзе операҳои муосир низ мушоҳида мешавад (операи «Шӯҳрати густохон»-и И. Ф. Стравинский);

Ариозо, восита ё ифодаи оҳанг барои фораму нарм навохтану сурудани асари мусиқӣ. Дар ин ҳолат ариозо чун жанр амал надорад («Оратория бахшида ба мавлуди Исо»-и И. С. Бах, сонатаҳо барои фортепианои Л. В. Бетховен).