Jump to content

Аристократия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аристократия (юн.-қад. ἀριστοκρατία — ҳокимияти ашроф, ҳокимияти беҳтаринҳо) — шакли идоракуние, ки дар он ҳокимияти давлатӣ дар дасти ақаллияти аъёну ашрофи имтиёздор мебошад.

Мафҳуми аристократияро бори нахуст Афлотун ва Арасту барои ифодаи яке аз шаклҳои идоракунии давлат ба кор бурдаанд. Минбаъд шакли аристократии идоракуниро Полибий, Б. Спиноза, Т. Гоббс, Ш. Монтеске, И. Кант ва дигарон зикр намудаанд. Дар он мардум дар ҳаёти давлатӣ фаъолона иштирок намекунад, ваколати маҷлисҳои халқӣ маҳдуд аст. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ асосан аз доираи маҳдуди аъёну ашроф ташкил шуда, принсипҳои ворисият ва ирсият эътибор доранд.