Аритмияи дил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аритмия)
Аритмияи дил
ИхтисосДилшиносӣ, rhythmology Edit this on Wikidata
Аритмия
МКБ-10 I4747.I4949.
МКБ-9 427427
OMIM 115000
DiseasesDB 15206
MedlinePlus 001101
eMedicine / 
MeSH D001145

Аритмияи дил (аз юн.-қад. ἀρρυθμία — «бенизомӣ») — номураттаб кашиш хурдан (тапидан)-и дил

Дар зиндагии рӯзмарра одамони дилашон солим кор ва назми дили худро эҳсос намекунанд. Кашишхӯрии мушакҳои дил одатан дар як назм ва бо як суръати муайян ба вуқӯъ мепайвандад. Аммо агар дар назми кашишхӯрии мушакҳо халале ба вуҷуд ояд, дил дарҳол аз худ дарак медиҳад. Халалдор гаштани назми дилро дар илми тиб аритмия меноманд. Истилоҳи «аритмия» дар худ, халалҳои аз нигоҳи моҳият ва зуҳуроти клиникиашон гуногуни ба вуҷуд омадан ва гузаронидани импулси электрикиро муттаҳид мекунад. Халалдор гаштани назми дил дар ҳолате ба вуқӯъ мепайвандад, ки импулсҳои электрикии оғозгари кашидашавии дил нодуруст фаъолият карда, таппиши дилро ё бениҳоят тез ё оҳиста, ё номунтазам ва беназм мегардонанд. Рушди технологияҳои тиббӣ ва усулҳои табобатии нав ба табибон имкон дод, аритмияро назорат карда, бо муваффақият табобат намоянд. Аритмия метавонад таъсири манфии зиёде ба кори дил расонад. Аритмия мушаки дилро хароб карда, кори дастгоҳи клапаниро халалдор мегардонад. Артимия метавонад аломатҳои гуногун дошта бошад. Аммо дар аксари маврид халалдор гаштани назми дил аломатҳои зеринро дар бар мегирад: — эҳсоси задани дил ва номураттабӣ дар қисмати сина; — бисёр тез задани дил; — фавқулодда суст задани дил; — дард дар қисмати сина — нафастангӣ; — сарчархзанӣ ва беҳушӣ. Ҳангоми кашишхӯрии дил камераҳои он, бо қабати тунуки мушакӣ ва ҳаҷми хурдтар кашида мешаванд ва мусоидат мекунанд то меъдачаҳо бо хун пур гарданд. Кашишхурӣ вақте оғоз мегардад, ки уқдаи синусӣ (гурӯҳи начандон калони ҳуҷайраҳо дар даҳлезчаи рости дил) импулси электрикиро ирсол мекунад ва маҳз ин импулс ҳар ду даҳлезчаро ба кашидашавӣ водор мекунад. Баъдан ин импулс ба уқдаи атрио-вентрикулярӣ (ки дар маркази дил, дар ҷои гузаштани даҳлезчаҳо ба меъдачаҳо воқеъ гардидааст) гузашта, баъди убури он ба меъдачаҳо мегузарад. Дар натиҷа меъдачаҳо кашида шуда, хунро ба ҳамаи узвҳои дигар мунтақил мекунанд. Дар дили солим ин раванд мунтазам ва доимӣ буда, суръати кашишхӯрии дил 60-100 зарбаро дар як дақиқа (дар ҳолати оромӣ) ташкил мекунад. Дар варзишгарон дар ҳолати оромӣ, суръати набз одатан камтар аз 60 зарбаро дар як дақиқа ташкил мекунад, чун дили ин гуна ашхос аз нерӯи зиёди мушакӣ бархӯрдор аст ва дар як кашишхӯрӣ ҳаҷми зиёди хунро ба бадан равона мекунад. Дар кӯдакон бошад баръакс, набзи мӯътадил зиёда аз 100 зарбаро дар як дақиқа ташкил медиҳад. Дар навзодон ин меъёр аз 140—160 кашидашавӣ дар як дақиқа иборат аст. Дар бештари маврид сабабҳои аритмия бемориҳои гуногуни дил, фишори баланди артериалӣ, диабети қанд, сигоркашӣ, аз ҳад зиёд истеъмол намудани нӯшокиҳои спиртӣ ва кофеин, ифрот дар истеъмоли доруҳои гуногун ва стресс ба шумор мераванд. Баъзе аз захмҳои дил низ сабаби пайдоиши аритмия мегарданд. Барои мисол ҳангоми гузаронидани сактаи шадиди миокард захми ба вуҷуд омада, монеи пайдоиши импулси электрикӣ ё монеи гузаштани он ба мушаки дил мегардад. Дар гурӯҳи бемориҳои дил бемории ишемикии дил (ИБС) кардиомиопатия ва иллатдор шудани клапанҳои дил дар бештари маврид сабаби пайдоиши аритмия мегарданд. Ҳангоми бемории ишемикии дил аритмияҳои меъдачаҳо ва марги ногаҳонии дил метавонанд ба вуқӯъ пайванданд. Ин намуди артимияҳо аз ҳама хатарнок ба шумор мераванд. Инчунин бемориҳои ғадуди сипаршакл низ метавонанд сабаби пайдоиши аритмияи дил шаванд. Барои ташхиси аритмия одатан аз электрокардиография (ЭКГ), ЭКГ и шабонарӯзӣ бо усули Холтер ва Эхокардиография (Эхо КГ) истифода мекунанд. Инчунин усулҳои иловагии муоина, ки имкон медиҳанд сабабҳои артимияро ошкор намоянд мавриди истифода қарор мегиранд. Ба ин усулҳо таҳқиқотҳои озмоишгоҳӣ (ташхиси клиникӣ ва биохимиявии хун), Стресс-тест ва ғ дохил мешаванд. Табобати артимия метавонад ҳам бо роҳи консервативӣ ва ҳам бо роҳи ҷарроҳӣ ба роҳ монда шавад. Интихоби усули табобатро бояд танҳо мутахассис — кардиолог муайян намояд. Шуъбаи кардиологии Бемористони Ибни Сино имрӯз чун яке аз беҳтарин марказҳои табобати бемориҳои гуногуни дил шинохта шудааст. Шуъбаи кардиологии бемористон бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, дар ин ҷо мутахассисони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ фаъолият мекунанд. Дар шуъбаи кардиологии бемористон ҳамаи намудҳои аритмия ташхис ва табобат мегарданд. Дар назди бемористон ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи миллӣ» фаъолият мекунад, ки истифода аз барномаҳои он, хароҷоти беморро ба маротиб кам мегардонад.[1] 2.Бо туфайли ҳамчун насоси фишор кор кардани дил хун муттасил дар ҳаракат аст. Рагҳои хун аз артерия, артериола, вена ва мӯйрагҳо иборатанд. Артерияҳо хунро аз дил ба бофтаҳо мебаранд; онҳо чун шохаи дарахт паҳн шуда, билохир ба артериолаҳо табдил меёбанд, ки дар навбати худ ба рагҳои бориктарин — мӯйрагҳо тақсим мешаванд. Даври хурди гардиши хун аз раги шуш, ки аз меъдачаи рости дил мебарояд, оғоз меёбад. Хун бо ин роҳ ба мӯйрагҳои шуш рафта, дар он ҷо гази карбонатро медиҳад ва бо оксиген пурра таъмин гашта, аз хуни венавӣ ба хуни артериявӣ табдил меёбад. Аз шуш хуни артериявӣ бо чаҳор венаи шуш ба даҳлези чапи дил ҷорӣ мешавад. Тасаввурот оид ба дил ва рагҳо ҳамеша мисли имрӯза набуд. Дар замони қадим гумон мекарданд, ки хун фақат дар венаҳо буда, дар артерияҳо ҳавои нафасгирифтаи одам воқеъ аст. Соли 1628 гардиши хунро кашф кардани физиологи англис Вилям Гарвей воқеаи бузургтарине буд дар илми тиб. Ӯ аввалин шуда қайд кард, ки дил хунро ба тамоми рагҳо таҳти фишор равона месозад. Дар натиҷа хун «ба тамоми бадан равона мешавад, ба венаҳо ва масомаи бофтаҳо медарояд ва пас гашта, тавассути венаҳо ба даҳлези рости дил ҷорӣ мешавад». Яъне, дил узви марказии системаи гардиши хун буда, ҳаракати хунро дар рагҳо таъмин менамояд. Дил дар қафаси сина, байни ҳарду қисми шуш, дар болои диафрагма ҷой гирифтааст. Дили одами калонсол ба ҳисоби миёна 220—300 г ва дарозиаш 12 — 15 см мешавад. Гардиши хунро силсилаи асаб бо роҳи тағйир додани дараҷаи ғализии хун танзим мекунад, худи дил ҳам дар танзими хун иштирок менамояд. Хуне, ки аз дил баромадааст, ҳаракати минбаъдаашро дар артерияҳо давом медиҳад. Ба дили одами солим омаду рафти хун миқдоран як хел аст. Венаҳои даври калони гардиши хун хунро аз тамоми қисмҳои бадан, узв ва бофтаҳо гирифта, билохир ба ду венаи ковоки болову поин, ки ба даҳлези рости дил мераванд, табдил меёбанд. Бемориҳои силсилаи дилу рагҳо хеле сершуморанд. Баъзе аз онҳо асосан бемориҳои дил (тарбод, миокардит ва ғайра), дигарашон бемориҳои артерия (атеросклероз) ё вена (флебит — илтиҳоби венаҳо, васеъшавии модарзодии онҳо) мебошанд, сеюмӣ умуман узвҳои силсилаи дилу рагҳоро иллатдор мекунанд (бемории гипертония). Сабаби бемориҳои силсилаи дилу рагҳо ҳамчунин иллати модарзоди рушд, зарбу лат, илтиҳоб, заҳролудӣ, ихтилоли механизмҳое, ки фаъолияти рагҳо (ва нисбатан камтар кори дил)-ро танзим мекунанд, тағйироти патологии мубодилаи моддаҳо ва баъзе сабабҳои дигар, ки феълан пурра ошкор нашудаанд, мебошанд. Осеб дидани рагҳо, хусусан артерияҳои калон боиси хунравӣ мешавад. Он барои зиндагӣ хатарнок буда, ҷарроҳии таъҷилиро тақозо мекунад. Бинобар ин, хуб донистани усулҳои ёрии аввалин ҳангоми хунравӣ ба ҳама, хусусан ба онҳое, ки аз нақлиёт истифода мекунанд — ронандагон, геологҳо, сайёҳон ва диг. ҳатмист. Набояд фаромӯш кард, ки зарб хӯрдани қафаси сина бисёр вақт боиси лат ёфтани дил, хунравӣ дар миокард ва халтачаи назди дил (перикирд) мешавад, илтиҳоби халтачаи назди дил (перикардит) рӯй медиҳад.[2]

Сактаи дил чист ? (инфарқт миокарда)[вироиш | вироиши манбаъ]

Сактаи дил вақте пайдо мешавад, ки агар рагҳои хунрасон ба таври ногаҳонӣ баста шаванд. Як қисмати мушаки дил, ки аз раги хунрасони дил (яъне раги иклилӣ — тоҷӣ ё коронарӣ) хун мегирад, бо баста шудани раг ба далели ташкили лахта дар дохили раг мемирад ва аз байн меравад. Мушаки дил пас аз қатъ шудани хунрасонӣ муддати 20 дақиқа зинда мемонад ва пас аз он аз байн меравад. Ин замонро, ки байни шурӯъ шудани дард ва аз байн рафтани мушаки дил вуҷуд дорад, замони тилоӣ меноманд. Яъне дар ин замон аст, ки агар битавонем, раги дилро боз кунем ва хунро ба мушаки дил бирасонем, мумкин аст осеби мушаки дилро коҳиш диҳем. Ҳарчӣ зудтар хун ба мушак бирасад, қисмате камтар аз мушак аз байн меравад.

Чӣ роҳҳое барои дармони инфарқт вуҷуд доранд?[вироиш | вироиши манбаъ]

Асоси дармони инфарқти дил — беморие, ки дар камини ҳамаи мост, ин аст, ки раги басташуда боз шавад ва хунрасонӣ барои раги дил барқарор шавад. Барои боз кардани раги баста як роҳи асосӣ ин аст, ки бемор ҳарчӣ зудтар ба бемористоне, ки имкони ангиографӣ (яъне тавсирбардории мустақим аз рагҳои дил) ва озмоишгоҳи катетеризм (қатлаб) дорад, расонида шавад, то ки бо истифода аз баллонҳои кӯчак ва як навъ василаи зариф бо номи стент раги қалб боз карда шавад. Дар тамоми кишварҳои пешрафта сайъ бар он аст, ки бо роҳандозии хидматрасониҳои ёрии таъҷилӣ ва бемористонҳои дорои ангиографӣ ва имкони ангиопластикӣ (яъне боз кардани раги дил бо баллон ва стент) бирасанд. Дар ин ҳолат бояд бемористонҳои омода барои хидмати 24- соатаи ангиопластӣ дар тамоми рӯзҳои ҳафта ва ид вуҷуд дошта бошанд ва имкони расидани сареъи беморон ба бемористон мавҷуд бошад. (Дар Тоҷикистон чунин имкониятро Бемористони Ибни Сино дорост!) Вуҷуди ин имконотро Шабакаи ангиопластии аввалия мегӯянд, ки ҳар шаҳру кишваре онро бояд барои худ тарроҳӣ кунад. Роҳи дигари дармони сактаи қалб истифода аз доруҳои ҳалкунандаи лахта (ё тромболитик) аст. Ин доруҳо метавонанд лахтаро дар хун ҳал кунанд. Аммо муваффақияти ин равшаниҳо сарҷамъ ҳудуди 50-60 % аст, илова бар ин бемороне, ки хатари хунрезӣ , собиқаи сактаи мағзӣ доранд, хеле пир ва дорои шароити дигар мебошанд, наметавонанд аз ин равиш истифода кунанд. Дар пойтахти чумҳурӣ шаҳри Душанбе Бемористони Ибни Сино фаъолият дорад, ки дорои бахшҳои ангиографӣ ва ангиопластӣ мебошад. Бемористон бо таҷҳизоту дастгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз аст ва мутахассисони варзидаи ватаниву хориҷӣ омодаанд, ки беморони дучори сактаи дилро дар тамоми 24 соати шабонарӯз барои дармони фаврӣ бипазиранд.[3]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]