Jump to content

Арифмометр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Арифмометри соли 1932 ихтироъ шуда

Арифмо́метр (аз юн. «αριθμός» — «шумора», «ҳисоб» ва юн. «μέτρον» — «андоза», «андозагир») — мошини ҳисоби механикии рӯимизӣ барои иҷрои амалҳои риёзӣ.

Арифмометр аз механизмҳои рақамчину ҳисобкунак, гузаронидани рақамҳо, ҳисобкунаки адади гардишҳо ва натиҷа, олати маҳви натиҷа, ҳаракатовари дастӣ ё электрикӣ иборат аст. Арифмометр олати рақамӣ буда, ҳисобкунакҳои он ба хатогиҳои ченкунӣ вобаста нестанд ва мутлақ саҳеҳ мебошанд. Арифмометр махсусан барои иҷрои амалҳои зарбу тақсим пурсамар буда, амалҳои ҷамъу тарҳ сусттар иҷро карда мешавад.

Таърихи ихтирои арифмометрҳо хеле қадима аст. Дар солҳои 150—100 то м. дар Юнони Қадим асбоби механикиеро ихтироъ карда буданд, ки барои ҳисоби ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ истифода мешуд. Соли 1623 В. Шиккард «соати ҳисобкунанда»-ро сохт, ки тарзи кораш ба асбоби юнониҳо монанд буд. Соли 1642 олими франсавӣ Блез Паскал барои сабук кардани кори падараш (ҳисобкунии андоз) мошинаи ҷамъкунандаи «паскалина»-ро сохт. Аввалин арифмометр ҳисобмошини механикие буд, ки онро соли 1672 математик ва файласуфи немис Г. В. Лейбнитс ихтироъ кард. Соли 1820 Тома де Колмар истеҳсоли арифмометрҳоро оғоз кард, ки ба арифмометри Лейбнитс монанд буда, бо сохторашон фарқ мекарданд. Соли 1890 механики петербургӣ В. Т. Однер истеҳсоли арифмометрҳои худро дар Россия ба роҳ монд, ки яке аз намудҳои паҳншудаи арифмометрҳои қарни 20 маҳсуб мешавад (арифмометри машҳури «Феликс» аз ҳамин қабил аст). Соли 1919 якумин арифмометри автоматӣ (Mercedes-Euklid VII) пайдо шуд, ки ҳар чор амалҳои арифметикиро мустақилона иҷро мекард. Охири солҳои 70 — ибтидои 80 қарни 20 ҳисомошинҳои электрикие (калкуляторҳо) пайдо шуданд ва арифмометрҳо аз истифода баромаданд.