Jump to content

Ариқтоғ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ариқтоғ
?

Ариқтоғ — қаторкӯҳ дар водии Вахш, дар паҳлуи шарқии қаторкӯҳи Оқтоғ. Аз Шимол ба Ҷануби қариб 70 км тӯл кашидааст.

Баландиаш ба ҳисоби миёна 1000—1200 метр; нуқтаи баландтаринаш 1642 метр. Ариқтоғ аз ҷинсҳои таҳшинии регсанг, конгломерат, гил ва оҳаксанг таркиб ёфтааст. Теғаҳояш нисбатан ҳамвор. Дар Ариқтоғ дарахту буттаҳои писта, дӯлона, бодом ва гиёҳҳои биёбонӣ мерӯянд. Ариқтоғ чарогоҳи зимистонӣ ва баҳорӣ мебошад.