Артиш
Артиш — ҷамъи қувваҳои мусаллаҳи давлатӣ; қисми қувваҳои мусаллаҳ (бе ҚҲБ); танҳо қӯшунҳои хушкигард; иттиҳодияҳои фаврӣ (артишҳои умумиқӯшунӣ, танкӣ, ҳавоӣ ва ғ.); ташкилоти мусаллаҳи халқҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ки барои озодӣ ё гирифтани ҳокимият мубориза мебаранд (артиши озодихоҳ, артиши шӯришгарон ва ғ.).
Артиш ҳамчун мақомоти давлатӣ барои ҷорӣ кардани сиёсати он як қатор сифат ва хусусиятҳоро дорост: онро давлат ташкил ва таъмин мекунад; воситаи асосии ҳимояи мусаллаҳона ва бурдани ҷанг аст; аз одамони мусаллаҳ ва касбии барои муборизаи мусаллаҳона тайёр иборат мебошад; барои ин амал аслиҳаи мувофиқ, техникаи ҳарбӣ ва таъминоти ақибгоҳӣ дорад. Артиш бо соҳаҳои асосии ҳаёти ҷамъият алоқамандии зич дошта, ҷузъи махсуси он мебошад, лекин қонуниятҳои дохилии инкишоф ва мавҷудияти худро дорост. Артиш ҳамчун иттиҳодияи фаврӣ бори аввал дар Россия с. 1812, Германия с. 1866 ва Франсия с. 1870 ба вуҷуд омада буд. Артиш дар давраи инкишофаш як қатор марҳилаҳоро тай намудааст, ки бо пайдоиши аслиҳа (оташфишон, ракетиву ядроӣ ва ғ.) ва техникаи нав (танкҳо, самолётҳо, киштиҳои зериобӣ ва ғ.), такомули сохтори қӯшун (пайдоиши артиллерия, флоти ҳарбию баҳрӣ, авиатсия ва ғ.), ташкилу такмили онҳо (пайдоиши артиши доимӣ, кадрӣ, оммавӣ бо усулҳои мухталифи такмилдиҳӣ) ва ғ. вобаста аст. Артишҳо умумиқӯшунӣ (пиёдагард), танкӣ (механиконида), ҳавоӣ (авиатсионӣ), десанти ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳуҷуми ҳавоӣ мешаванд. Таркиби артиш доимӣ набуда, ба хусусияти ҷанг ва тарзи амали он, вазифаи фаврӣ ва намуди артиш, инчунин ба хусусиятҳои майдони амалиёти муҳориба вобаста аст. Артиш, одатан, ба ҳайати ҷабҳа (фронт) дохил мешавад ё худ метавонад дар баъзе самти амалиёт зери итоати Сарфармондеҳи олӣ мустақилона амал кунад. Аз ибт. Артиш 20 мафҳуми «артиш» тадриҷан ба истилоҳи «Қувваҳои мусаллаҳ» иваз шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Артиш // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.