Артиш
Ягонҳои низомӣ | ||
---|---|---|
Ягонҳо | Шумори нерӯҳо | Фармондеҳ |
Рада | 2—5 | Радабон |
Гурӯҳ | 5—10 | Гурӯҳбон |
Таҳм | 10—50 | Таҳмбон |
Вашт | 50—150 | Сарвашт |
Гурдон | 150—700 | Саргурд |
Ҳанг | 700—1 500 | Сарҳанг |
Гунд | 1 500—5 000 | Гундсолор |
Лашкар | 5 000—20 000 | Лашкарсолор |
Сипоҳ | 20 000—40 000 | Сипаҳсолор |
Артиш | 40 000 + | Артишсолор |
Артиш (форсӣ: ارتش < порсии миёна: «artēštār» ‘сарбоз, лашкарӣ, ҷанговар, сипоҳӣ’ < авестоӣ: «raθaē-štar-» ‘гардунасавор, разманда’ («raθa-» ‘гардуна’ + «štar-» ‘истода’):
- маҷмуъи созмони низомии ҳар кишваре[1];
- маҷмуъаи бузурге аз афроди мусаллаҳу омӯзишдида барои ҷанг, бавижа дар хушкӣ[2];
- ягони низомие, ки аз як ситод, қароргоҳи фармондеҳӣ, ду — се сипоҳ ва ягонҳои ёрирасон ташкил шуда ва қобилияти амалиётии мустақил дорад[3].
Вожашиносӣ[вироиш]
Вожаи «артиш» дар забонҳои порсии бостон ва миёна вуҷуд надошта ва бо равиши «пасинсозӣ» (англ. back-formation) аз «артишдор» сохта шуда, ки дар фарҳангҳо «разманда, сипоҳӣ, лашкарӣ» таъбир шудааст. Ин вожа дар порсии миёна «artēštār» (‘сарбоз’, ‘лашкарӣ’, ‘ҷанговар’, ‘сипоҳӣ’) буда, ки аз вожаи авестоии «raθaē-štar-» (‘гардунасавор’, ‘разманда’; аз «raθa-» – ‘гардуна’ + «štar-» – ‘истода’ дар эронии бостон) гирифта шудааст. Вожасозон ин вожаро сохташуда аз «артиш» + «-дор» ба маънии «дорандаи артиш, сипаҳбад» пиндошта ва «артиш»-ро аз он ҷудо кардаву онро ба маънии «сипоҳ, лашкар» хусусан ва «маҷмуъи сипоҳиён ва нерӯҳои мусаллаҳи кишваре» умуман ба кор бурданд[4].
Артиш дар ҷаҳон[вироиш]
Нерӯҳои артишҳо аз замонҳои бостон то садаҳои миёна бештар пиёда ва савора буданд ва бо шамшер, найза, гурз, каманд ва манҷаниқ меҷангиданд. Вале акнун нерӯҳои артиш бо ҷангафзорҳои пешрафтае чун туфангҳои дорои дурбинҳои фурӯсурх, тӯп, тирбор, мушакҳои дӯшпартоб, тонк ва чархболу ҳавопаймоҳо муҷаҳҳаз шудаву дар замин, дарё, ҳаво ва фазо меҷанганд.
Ҷусторҳоӣ вобаста[вироиш]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 80.
- ↑ Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 50.
- ↑ Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. с. 193.
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN: 978-600-6143-55-2. ҷ. 1, с. 162.