Jump to content

Арнолд Гейлинкс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Арнолд Гейлинкс
ҳол. Arnout Geulincx
Таърихи таваллуд 31 январ 1624(1624-01-31)[1][2][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1669[4][5][6][…]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Эрисиус Путеанус[d]
Шогирдон Ehrenfried Walther von Tschirnhaus[d][9]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Арнолд Гейлинкс (ҳол. Arnold Geulincx; 31 январи 1624, Онтверп — ноябри 1669, Лейден) — файласуфи ҳолландӣ, яке аз намояндагони асосии окказионализм.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишгоҳи Лувенро хатм карда, дар ҳамон ҷо таълим медод. Аз соли 1658 дар Нидерланд; профессор дар Лейден (1665). Аз арастуияи мадрасӣ (схоластӣ), ки онро мавриди интиқоди шадид қарор дод, ба самти комилан пазируфтани таълимоти Декарт таҳаввул ёфт. Арнолд Гейлинкс нахустин картезианӣ аст, ки монизми идеалистиро дар заминаи усули ваҳдати мутлақи ҷавҳар, фардияти он ва сабабияти азалии комили тамоми амалҳои зоҳириву ботинии инсон тавассути дахолати пайвастаи Илоҳӣ, ки онҳоро бо рӯйдодҳои олами табиат ҳамоҳанг месозад, эълом доштааст. Арнолд Гейлинкс ҷон ва ҷисмро ба ду соате монанд кардааст, ки ҳамон як вақтро нишон медиҳанд, на ба хотири он ки онҳо ба ҳамдигар таъсир мерасонанд, балки барои он ки онҳоро устои соатсоз монанд дуруст кардааст (баъдтар ин мисолро Лейбнитс барои тавзеҳи назарияи мутобиқати қаблан муқарраршуда истифода бурд). Арнолд Гейлинкс зимни инкишоф додани асли Декарт cogito, ergo sum аз он фанни махсус — муроқибаи шахсӣ, автология («Этика, ё Худро шинос»; Gnothi se auton sive Ethica, 1675) ташаккул дод. Арнолд Гейлинкс дар баъзе масъалаҳо пешгузаштаи ғоявии Спиноза ба шумор меравад.

  1. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. Internet Philosophy Ontology project (ингл.)
  3. BeWeB
  4. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  5. http://www.dbnl.org/auteurs/auteur.php?id=geul001 (нидерл.) — 1999.
  6. Swartz A. Open Library (ингл.) — 2007.
  7. 7.0 7.1 Гейлинкс Арнольд // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  8. 8.0 8.1 8.2 https://hoogleraren.universiteitleiden.nl/s/hoogleraren/item/389 (нидерл.)
  9. 9.0 9.1 9.2 Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
  • История философии. Т. 1. М., 1957;
  • Философский энциклопедический словарь. М., 1989;
  • Lattre A. de. L’ occasionalizme d’ A. Geulinсx. Р., 1967.