Jump to content

Арпеҷио

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Арпеҷио, арпеҷо (итол. arpeggio, аз arpeggiare — навохтан дар арфа) — пайиҳам садодиҳии овозҳои аккорд; ҷудо-ҷудо навохтани овозҳои аккорд, ки бештар аз пардаи поён сар мешавад.

Ҳангоми навохтани созҳои клавишдор (тугмачадор), одатан, мавҷҳои овозӣ пеш аз аккорди дигар то охир риоя мегарданд. Ҳангоми навохтани созҳои торӣ Арпеҷио мувофиқи имкониятҳои хоси онҳо танҳо дар 2 овози боло ё як овози баландтарин риоя мешавад. Суръати арпеҷионавозиро хусусиятҳои пйеса муайян мекунад. Ҳоло аккордҳои (бисёровоза) арпеҷиоро аз қаторовози поёнӣ навохта ба боло мераванд. Пештар онро аз боло ба поён менавохтанд. Арпеҷиоро бештар ҳангоми навохтани арфа ва фортепиано истифода мебаранд. Арпеҷио ҳангоми иҷрои силсилаи аккордҳои ҷудогона дар намуди хати мавҷдори амудӣ истифода мегардад. .