Арса

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Арсаи варзиш — ҷойи махсус ҷиҳозонида барои гузарондани мусобиқаҳои варзишӣ.

Арсаи варзиш аз майдон барои бозиҳои варзишӣ ва намоишҳои оммавӣ (майдони футбол бо минтақаҳо барои волейбол, ҷаҳидан ва ғ., ки бо роҳи пойга иҳота шудааст, майдончаи варзиш, майдончаи гулӯлапартоӣ, роҳи асппойга, нишастгоҳ барои тамошобинон аз якчанд тарафи арса) иборат аст. Арсаи варзиш, одатан, ҷузъи таркибии варзишгоҳ мебошад. Метавонад дар ҳавои кушод ё дохили бино (клуби варзишӣ, қасри варзиш) ҷой гирад. Майдони арсаи варзиши барои як намуди варзиш пешбинишударо рӯпуш карда, дар он ҷиҳози доимӣ насб менамоянд. Дар майдонҳои таъйиноташон серсоҳа бисёр вақт фаршҳо ва ҷиҳози бардошташаванда истифода мешаванд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]