Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Арсенопирит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лизероперид
Прожилки лизероперида в породе
ФормулаFeAsS
ПримесьКобальт, никель
Физические свойства
ЦветБелый, светло-серый
Цвет чертыЧёрный
БлескМеталлический
ПрозрачностьНепрозрачный
Твёрдость5—6
Плотность5,9—6,2 г/см³
СингонияМоноклинная

Арсенопирит, колчедани марги муш — минерал, таркиби химиявиаш FeAsS (Fe — 34,3 %, As — 46,0 %, S — 19,7 %).

Системаи кристаллбандиаш моноклинӣ (аз рӯи маълумоти охирин — трикилинӣ). Кристаллҳояш призмамонанд ё дарози сӯзаншакл; агрегатҳояш зич, донадор. Ранги арсенопирит сафеди нуқратоб; ҷилояш металлӣ. Сахтиаш аз рӯи ҷадвали Моос 5,5 — 6, зичиаш 5900 — 6200 кг/м3, зудшикан. Арсенопирит асосан дар конҳои гидротермалӣ ҳамроҳи сулфидҳои сурб, руҳ, висмут бо минералҳои касситерит, волфрамит, тиллои холис ва ғайра вомехӯрад. Арсенопирит барои ҳосил кардани маргимуш минерали асосӣ мебошад. Кони арсенопирит дар қаторкӯҳҳои Қурама ва Ҳисори Тоҷикистон мавҷуд аст.