Артериит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Артериит — илтиҳоби девораҳои шараён.

Артериит шадид ва музмин мешаванд. Артериити шадид ҳангоми бемориҳои сироятии вазнин (домана, ҳасба, уфунат, грипп ва ғ.) дучор мешавад. Дар натиҷаи артериит торҳои девораи шараён осеб меёбанд. Бисёр вақт ба иллати мазкур суддаҳои назди деворавӣ низ ҳамроҳ мегарданд. Хусусан артериити мадданок, ки боиси маҳв ва аз фасод об шудани девораҳои шараён мегарданд, хатарнок аст. Артериити музмин, одатан, ҳангоми бемориҳои сил, актиномикоз, сифилис, захми меъда ва ғайра ба мушоҳида мерасанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]