Jump to content

Артрит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Артрит
Руки больных артритом
Руки больных артритом
МКБ-10 M0000.-M2525.
МКБ-9 710710-719719
DiseasesDB 15237
MedlinePlus 001243
eMedicine topic list
MeSH D001168

Артрит (аз лот. arthrītis — банд, буғум, мафсил) — газаки банду буғум, бемориест, ки аз илтиҳоби банду буғум cap мешавад.

Артрит оқибати сил, сӯзок, брутселлёз, тиф, исҳоли хунин, ангина ва ғ., ҳамчунин зарбу лати бандҳо ва манбаи сирояти музмини микробҳо (ҳангоми газаки бодомак, дарди гӯши миёна, иллати узвҳои нафас, иллати дандонҳо ва ғ.) аст. Сирояти тӯлонии микробҳои касалиангез дар пайдоиши бемориҳои музмини бандҳо мавқеи муҳим дошта, боиси инкишофи аллергия мегардад. Заҳролудии тӯлонӣ, хунук хӯрдан, суст шудани қобилияти муҳофизатии организм низ ба пайдоиши артрит мусоидат мекунанд.

Дард, варам ва тағйири шакл кардани банд, сурх шудани пӯсти рӯйи банд, беҳолӣ, вараҷа, пасту баланд шудани ҳарорат аломатҳои асосии артрит мебошанд. Ҳангоми кӯҳна гаштани беморӣ бандҳо бадшаклу камҳаракат мешаванд. Дар сурати сари вақт ва дуруст табобат кардан, ки он истифодаи доруҳои пурсамар, варзиши шифоӣ ва масҳро фаро мегирад, бемор шифо меёбад. Ба варзиши шифоӣ ва масҳ фавран баъди нест шудани зуҳури шадиди беморӣ шурӯъ бояд кард. Дар аввал машқҳои одиро иҷро карда, тадриҷан онҳоро мураккаб мегардонанд. Ба бемороне, ки гирифтори артрити музминанду фаъолияти бандҳояшон халал ёфтааст, варзиши шифоии (ҳаракати) муттасил зарур мебошад. Маҳлул ва марҳамҳое, ки ба бандҳо мемоланд, чун воситаи мусаккин истифода мешаванд. Барои масҳ фақат доруҳои таъйинкардаи духтурро истифода бояд бурд.

Пешгирии артрит: сари вақт табобат кардани бемориҳои сироятӣ, мунтазам тоза кардани ҷавфи даҳон, худдорӣ аз оббозӣ дар оби хунук ва ғ. Обутоби организм, тарбияи ҷисмонӣ, беҳтар кардани шароити зиндагию меҳнат низ барои пешгирии артрит аҳамияти калон доранд.