Артрогрипоз
Зоҳир
МКБ-10 | Q74.3 |
---|---|
МКБ-9 | 728.3, 754.89 |
OMIM | 108110 |
DiseasesDB | 31688 |
eMedicine | ped/142 |
MeSH | D001176 |
Артрогрипоз (аз юн. arthron — банд ва grypos — хамида, каҷ) — бемории модарзодии бандҳои дасту по.
Дар натиҷаи атрофияи мушакҳо ва ба бофтаи чарбӣ иваз шудани торҳои мушак ба амал меояд. Ҳангоми артрогрипоз дастҳо ба бадан ҷафс шуда меистанд; панҷаи даст ва ангуштон мисли чанголи мурғон аст. Пойҳо каҷ ва аз ҳам дур мебошанд. Кафи пойҳо шакли муқаррарии худро гум мекунад. Бо мақсади табобати артрогрипоз аз усулҳои ҷарроҳӣ, раддодӣ (ортопедӣ), бандинагузорӣ, варзиши шифоӣ ва ғ. истифода мекунанд. Табобат ҳар қадар бармаҳал оғоз шавад, натиҷааш ҳамон қадар хубтар аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Артрогрипоз // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.