Артур Ҷон Арберрӣ
Таърихи таваллуд | 12 май 1905[1][2][3][…] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 2 октябр 1969[1][2][3][…] (64 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо |
Артур Ҷон Арберрӣ (англ. Arthur John Arberry; 12 май 1905[1][2][3][…], Portsmouth[d], Ҳампшир[4] — 2 октябр 1969[1][2][3][…], Кембриҷ[4]) — шарқшиноси инглис.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи шӯъбаи забонҳои шарқии Донишгоҳи Кембриҷ (1929). Дар донишгоҳҳои Қоҳира, Лондон, Кембриҷ кор кардааст. Узви академияҳои Миср, Эрон, Димишқ, ноиб-президенти Комитети тарҷумаи адабиётҳои классикии ЮНЕСКО буд. Барои омӯзиши забон ва нусхаҳои хаттӣ ба Туркия, Миср, Фаластин, Лубнон, Сурия сафар кард (1930). Мудири бахши забонҳои бостонии Донишгоҳи Қоҳира (1931 — 33). Ба Англия баргашта, мудири кафедраи забони форсии Донишгоҳи Лондон таъйин гардид (1939). А. муассиси Анҷумани шарқшиносони Британия мебошад (1948). Доир ба адабиёти классикии форс-тоҷик тақр. 40 асари тадқиқотӣ ва тарҷумавӣ дорад («Афсонае аз Боязиди Бастомӣ», «Осори манзуми Форобӣ» (1938), «Ароқӣ шоири мутасаввифи эронӣ» (1939), «Саҳми англисҳо дар омӯзиши Эрон» (1942), «Оғози таърихи суфия» (1943), «Ҳофиз ва тарҷумонҳои англисии ӯ» (1946), «Панҷоҳ ғазали Ҳофиз» (1947), «Рубоиёти Умари Хайём», «Рубоиёти Ҷалолуддини Румӣ» (1949), «Дастовардҳои Ибни Сино» (1950), «Абуалӣ ибни Сино ва фиқҳ (теология)» (1951), «Умари Хайём» (1952), «Адабиёти классикии форсӣ» (1958), «Романтикаи рубоиёт» (1959), «Тадқиқот оид ба шарқшиносӣ» (1960), «Ҷалолуддини Румӣ» (1962), «Таърихи мухтасари зиндагии Аҳмади Ҷом» (1963) ва ғ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 Deutsche Nationalbibliothek Record #137195680 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арберрӣ Артур Ҷон / Қ. Расулиён // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 12 май
- Зодагони соли 1905
- Зодагони Британияи Кабир
- Даргузаштагони 2 октябр
- Даргузаштагони соли 1969
- Даргузаштагони Англия
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Шарқшиносон аз рӯи алифбо