Норайр Арутюнян
Норайр Арутюнян | |
|---|---|
| арманӣ. Նորայր Սահակի Հարությունյան | |
| Таърихи таваллуд | 3 январ 1936[1] |
| Зодгоҳ: | |
| Таърихи даргузашт | 23 феврал 2007 (71 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Мамлакат: | |
| Жанр | art of sculpture[d] |
Арутюнян Норайр Саакович (3 январи 1936, Ереван, Арманистон — 23 феврали 2007, Душанбе) — ҳайкалтарош (пайкарасоз), Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1997).
Зинндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишкадаи бадеӣ-театрии ш. Ереван (1965). Солҳои 1965 — 69 ҳунарпешаи дастаи рақсу суруди Филармонияи давлатии Арманистон, 1969 — 70 пайкарасози Фонди бадеии Тоҷикистон, 1971 — 79 ороишгари з-ди сангрезаи ш. Душанбе, 1979 — 81 пайкарасози Вазорати фарҳанги ҶТ, 1981 — 87 муаллими Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, аз с. 1987 то поёни умр ҳайкалтароши Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифз, тармим ва истифодаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Вазорати фарҳанги ҶТ ва ҳамзамон Фонди бадеии Тоҷикистон буд. А. дар офаридани портретҳои муҷассамавӣ маҳорати баланд дошт, симои маънавии қаҳрамононашро ҳамаҷониба мекушод. Нимпайкараҳои акад. Е. Павловский дар ш. Душанбе, шоири маъруф М. Турсунзода дар ш. Турсунзода, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ К. Исмоилов дар ш. Ваҳдат, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ И. Шарифов дар ноҳ. Данғара, акад. Б. Ғафуров дар ш. Душанбе, Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ Н. Қаробоев ва С. Турдиев дар ш. Душанбе, лавҳаҳои ёдгории арбобони давлатӣ Н. Махсум ва Ҷ. Расулов дар ш. Душанбе аз зумраи онҳоанд. Дар тарбияи пайкарасозони ҷавон саҳми калон гузоштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ русская Википедия (рус.) — 2001.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арутюнян Норайр Саакович // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Зодагони 3 январ
- Зодагони соли 1936
- Зодагони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Даргузаштагони 23 феврал
- Даргузаштагони соли 2007
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи рассомон
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи рассомон дар Викианбор
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Рассомон аз рӯи алифбо
- Арбобони ҳунари Тоҷикистон