Архармериноси қазоқӣ
Зоҳир
Архармериноси қазоқӣ (қаз.: Қазақтың арқар-мериносы) — зоти гӯсфанди маҳинпашми гӯшту пашмдеҳ.
Солҳои 1934 — 50 бо роҳи дурагакунии байнинамудӣ (мериноси навкавказӣ, ғурми помирӣ ва ғ.) дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба вуҷуд оварда шудааст. Архармериноси қазоқӣ ҷуссаи калон дорад; ба шароити чарогоҳҳои баландкӯҳӣ тобовар аст. Вазни зиндаи қӯчқораш 90 — 150 кг, мешаш 55 — 65 кг мешавад. Аз ҳар сар қӯчқор 7 — 8 кг ва аз меш 3,2 — 3,5 кг пашм метарошанд. Аз 100 сар меш 110—120 сар барра мегиранд. Вазни барраҳои навзод 4,0 — 4,2 кг, чормоҳа 30 — 32 кг ва якунимсола то 50 кг аст. Гӯсфандони архармериноси қазоқӣ бештар дар вилоятҳои Алмаато, Павлодар ва Қазоқистони Шарқӣ парвариш меёбанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Архармериноси қазоқӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.