Jump to content

Археография

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Археография (аз юн.-қад. ἀρχαίος — бостон ва γράφω — менигорам) — соҳаи илми таърих, ки назарияву амалияи нашри манбаъҳои хаттӣ, ташкили нашр, аниқ ва ҷамъ кардани ёдгориҳои таърихӣ, муайян намудани услуб ва шаклҳои нашр, қоидаҳои нашри илмию интиқодии маъхазҳо ва ғайраро меомӯзад. Археография бо филология, манбаъшиносӣ, палеография, матншиносӣ, дипломатика, бойгонишиносӣ ва ғайра алоқаи зич дорад.

Таърихи археография куҳан аст. Дар давлатҳои Дунёи Қадим ҳангоми тартиб додан ва нусхабардории санадҳо усулҳои гуногуни тасдиқ намудани ҳақиқӣ будани ҳуҷҷатҳо, пешгирӣ намудани қалбакӣ будани онҳо, ишора намудани хусусияти матнҳо истифода мешуданд. Маҳорати аз нав барқарор кардани матнҳо ва ба онҳо зам намудани маълумоти иловагӣ меафзуд. Мас., дар колофонҳо ба баъзе қисмҳои «Достон дар бораи Гилгамеш» навишта шудааст: «Мувофиқи нусхаи аслии қадимӣ рӯйнавис ва муқоиса карда шудааст». Хатоиҳои ошкоргардида қайд ва ислоҳ карда мешуданд. Матнҳоро на танҳо нусхабардорӣ, балки адади нашрашонро муайян мекарданд. Усулҳое, ки ҳангоми тартиб додан ва рӯйнавис кардани ҳуҷҷатҳо, асарҳои адабӣ ва ғ. истифода мешуданд, намунаи фаъолияти археографӣ буданд. Бо инкишофи тадқиқоти илмии ёдгориҳои хаттӣ усулҳои нусхабардорӣ ва талабот нисбат ба онҳо хусусиятҳои хоси археографӣ пайдо карданд. Дар ташаккули археография ва матншиносӣ фаъолияти Зенодоти Эфессӣ, Аристофани Византиягӣ, Аристархи Самофракӣ аз Искандария (оид ба интиқоди матн, тафсир ва нашри асарҳои Гомер, Гесиод ва дигар муаллифони садаҳои 3 — 2 то м.) мақоми муайян доранд. Олимони Искандария силсилаи аломатҳои матншиносиро таҳия карданд. Ҳамин гуна корҳо дар Рими Қадим низ иҷро мешуданд. Ихтирои китобчопкунӣ дар миёнаи садаи 15 барои археография аҳамияти калон дошт. Дар Аврупои Ғарбӣ баъди зуҳури китобчопкунӣ бисёр манбаъҳои антиқӣ то давраҳои нав нашр шуданд. Археография дар Русиянимаи 1-уми садаи 18 пайдо шуд. В. Н. Татишев нашри аввали «Русская правда» («Ҳақиқати рус») ва «Судебник 1550» («Судномаи 1550»)-ро ба чоп тайёр карда, ба тавлиди археография-и рус асос гузошт. Дар инкишофи археография фаъолияти «Ҷамъияти таърих ва осори қадимаи Россия» дар назди Ун-ти Москва (таъсисаш 1804) ва дигар ташкилотҳо аҳамияти калон доштанд. Асрҳои 19 — 20 як силсила манбаъҳои хаттӣ, тасвирӣ, картографӣ, археологӣ ва ғ. оид ба таърихи Русиянашр шуданд. Баъзе ёдгориҳои алоҳида («Правда Русская» — «Ҳақиқати рус»), маҷмӯаҳои ифтихорномаҳо, «Куллиёти солноманависии рус» (аз с. 1841 нашр мешавад), маҷмӯаҳои мавзӯӣ («Ҳаракатҳои коргарӣ дар Русиядар садаи 19»), маҷмӯаи асарҳо, албомҳои нусхаҳои чопии асарҳои рассомӣ ва ғ. ба табъ расиданд. Онҳо нашрияҳои илмӣ, илмӣ — оммавӣ ва таълимӣ буданд. Дар қисми амалии археография ҷойи асосиро нашри сарчашмаҳои калонҳаҷм, ки бо меъёрҳои гуногун таҳия шудаанд, ташкил медиҳанд. Баъзан ин корҳо муддати хеле дароз давом мекунанд. Мас., «Ёдгориҳои таърихии Германия» аз с. 1824, «Мактубҳо ва коғазҳои император Пётри Бузург» аз с. 1887 нашр мешаванд.

Археография ва матншиносии форс-тоҷик ҳам таърихи қадим дорад. Дар инкишофи он хизмати Абдулҳай Абдураҳим Хилватӣ, Абдуллоҳи Сайрафӣ, Иброҳими Исфаҳонӣ, Мавлоно Абдулвосеъ, Ҷаъфари Бойсунқар ва дигарон калон аст. Бо кӯшиши гурӯҳи калони хаттотону матншиносони форс-тоҷики садаҳои 15 — 17 дар ш-ҳои Бухоро, Самарқанд, Ҳирот, Балх, Марв, Нишопур, Хуҷанд китобҳои гаронбаҳо тартиб дода шуданд. Азҳари Табрезӣ, Баҳруддини Котиб, Мирабдулбоқӣ, Ҳасани Заринқалам, Ҳусайни Ҳиравӣ аз ҷумлаи онҳоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои археографӣ дар Ин-ти забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ин-ти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ва дар бойгониҳо анҷом дода мешаванд.