Jump to content

Археоптерикс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Археоптерикс
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Archaeopteryx Meyer, 1861
Мутародифот
см.
Типовой вид
Archaeopteryx lithographica Meyer, 1861

Ниёпаранда (форсӣ: نیاپرنده[1]), деринамурғ (форсӣ: دیرینه‌مرغ[2]), археопте́рикс[3][4][5] (лот. Archaeopteryx, аз юн. ἀρχαῖος — бостон, πτέρυξ — бол) — парандаи қадимтарини мунқариз аз зерсинфи калтакалосдумҳо.

Андозааш ба қадри андозаи зоғи ало буд. Шакли бадан, сохти пой ва болу пар аз паранда будани археоптерикс шаҳодат медиҳад, вале сохти косахонаи сар, вуҷуд доштани дандонҳо, думи дароз (аз 20 мӯҳра иборат буд), чанголи пойҳои пеш, мавҷудияти қабурғаҳои шикам онро ба хазандаҳо наздик мекунад. Археоптерикс дар таҳаввулоти мӯҳрадорон аъзои муҳимтарин аст, зеро он аз хазандаҳо ба вуҷуд омадани парандаҳоро исбот мекунад. Боқимондаи археоптерикс соли 1860 дар варақсангҳои литографии давраи Юраи боло (дар Бавария) дарёфт шудааст (ҳамагӣ се скелет ва нақши болу пари археоптерикс); яке аз ин скелетҳо археорнис (Archaeornus siemensi) номида шуд, аммо минбаъд археоптерикс будани он низ исбот гардид

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. ابراهیم‌نژاد، محمد (ترجمه)؛ نوشته روبرت توماس اُر (۱۳۷۸). زیست‌شناسی مهره‌داران. مرکز نشر دانشگاهی، تهران. ص. ۸۲۳. شابک ۹۶۴-۰۱-۰۹۴۳-۶.
  2. حبیبی، طلعت؛ راعی، محمدمهدی (۱۳۷۳). جانورشناسی عمومی مهره‌داران. مؤسسه انتشارات و چاپ دانشگاه تهران. ص. ۶۵۱. شابک ۹۶۴-۰۳-۳۴۴۴-۸.
  3. Курочкин Е. Н. Базальная диверсификация пернатых // Эволюция биосферы и биоразнообразия : к 70-летию А. Ю. Розанова. — М. : Товарищество научных изданий КМК, 2006. — С. 221. — 600 с. — ISBN 5-87317-299-4.
  4. Развитие жизни на Земле = The Definitive Visual History of Life on Earth / А. Пахневич. — М.: Астрель, Дорлинг Киндерсли, 2010. — 512 с. — ISBN 978-5-17-070942-7.
  5. Барсболд Р. Хищные динозавры мела Монголии = Carnivorous dinosaurs from the cretaceous of Mongoli / отв. ред. Л. П. Татаринов. — М. : Наука, 1983. — Вып. 19. — С. 73. — 120 с. — (Труды Совместной советско-монгольской палеонтологической экспедиции).

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]