Археспорий

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Археспорий (аз юн.-қад. ἀρχή — оғоз ва σπορά — хонавода) — як ё якчанд ҳуҷайраҳои субэпидермиро гӯянд, ки аз онҳо макро- ё микроспораҳо инкишоф меёбанд.

Ҳуҷайраҳои археспорий аз ҳуҷайраҳои дигар бо калонии ядро ва ғилзати ситоплазма фарқ мекунанд. Археспорий якумин ва дуюмин мешавад. Ҳангоми археспорийи якумин ҳуҷайраҳо дар вақти тақсимшавӣ ду қабат ҳосил мекунанд, ки қабати поёнӣ бофтаҳои археспорийи сонианд. Археспорийи сонӣ ё ҳуҷайраҳои модарӣ гард (дар гарддон) ё як ҳуҷайраи археспоравӣ — макроспора (дар тухммуғча) ҳосил мекунад, ки минбаъд аз он ҷанинхалта ташаккул меёбад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]