Jump to content

Архитектоника

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Архитектоника (аз юн.-қад. ἀρχιτεκτονική — сохтмони аслӣ) — ифодаи бадеии қонунияти сохтмон, ки ба системаи сохти бино, инчунин ҳайкалҳои мудаввар ва асарҳои калонҳаҷм хос аст.

Архитектоника умуман сохти объект (мас. бино, асари бадеӣ, қишри замин, қишри нимкураҳои калони мағзи сар) мебошад. Мафҳуми архитектоника пеш аз ҳама дар меъморӣ ба кор бурда мешавад. Архитектоника дар меъморӣ дар робитаи мутақобила ва таносуби ҷойгиршавии қисмҳои асосӣ ва дуюмдараҷа, сохти мавзуни шаклҳо, рангҳо ва ғ., ки намуди биноро назаррабо мегардонанд, зоҳир мешавад. Баъзан архитектоника воситаи асосии ифоданамоии мазмуни ҳиссиёти образнок дар осори санъати пластикӣ (муҷассамасозӣ, кандакорӣ, рақс) мебошад. Дар маънои васеътар архитектоника дар рассомӣ, мусиқӣ, адабиёт ва кинематография таъсири мутақобилаи қисмҳои композитсионии асар ва санъати бунёди системаи бадеиро ифода мекунад. Дар адабиёт мафҳуми архитектоника ба мафҳуми композитсия наздик аст. Дар бунёди асари бадеӣ мафҳуми архитектоника дар худ таносуби қисмҳои асар, ҷойгиршавӣ ва робитаи мутақобилаи қисматҳои онро, ки дар якҷоягӣ то андозае ягонагии бадеиро ташкил медиҳанд, муттаҳид месозад (ниг. Композитсия). Архитектоникаи китоб хусусиятҳои ба худ хос дорад. Зери мафҳуми архитектоникаи китоб ҳам сохти берунии асар ва ҳам тартиби дохилии он фаҳмида мешавад. архитектоникаи китобҳои бадеӣ, дарсӣ ва илмӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар асари бадеӣ мафҳуми архитектоника ғайр аз сохти берунӣ тартиби сужет: тақсими асар ба ҷузъҳо, навъи нақл (аз муаллиф ё аз номи ровии махсус), нақши муколама, ин ё он муттасилии ҳодисаҳо, дар нақл ворид намудани мазмуни гуногуни тасвир, мулоҳизаҳои муаллиф, руҷӯи лирикӣ, гурӯҳбандии шахсони амалкунанда ва ғ-ро дар бар мегирад. Равишҳои архитектоника яке аз унсурҳои асосии услубро (ба маънои васеъ) ташкил дода, якҷоя бо он ба вазъи иҷтимоӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, онхо вобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа бо пайдо гардидани синфу гурӯҳҳои нав дар саҳнаи таърих тағйир меёбанд. Дар геология архитектоника манзараи умумии сохти геологӣ, хусусиятҳои хобиши ҷисмҳои кӯҳӣ дар ин ё он маҳал мебошад.