Арча

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Арча рустании ҳамешасабз буда, ба синфи сӯзанбаргон дохил мешавад. Хелҳои он, асосан, дарахт ё бутташакл буда, баъзан хобраванда мешаванд. Шаклҳои дарахтии он 10-12 м ва ҳатто то 20-30 м ба боло қад мекашанд. Баргҳои аксари рустаниҳои ҷавони арча дар солҳои аввали сабзишашон сӯзанмонанд буда, баъд шакли пулакчаро мегиранд. Дар баъзе намудҳои арча баргҳо ба таври доимӣ сӯзаншакл (патакарча) боқӣ мемонад. Баргҳои сӯзанмонанд шакли нештар ё хорро доранд. Баргҳои пулакчашакл, одатан, хурд буда, болои ҳам ё гирдогирд ҷойгир шудаанд. Арча дар миқёси ҷаҳон бештар дар мамлакатҳои соҳили Баҳри Миёназамин, Осиёи Наздик ва Марказӣ, инчунин дар минтақаҳои хушки ҷануби Америкаи Шимолӣ мерӯяд. Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон 4 намуди арча (хорбурс ё арчаи туркистонӣ, маҳинбурс ё арчаи зарафшонӣ, сарварча ё саурарча, патакарча ё арчаи сибирӣ) нашъунамо мекунанд. Онҳо дар ҳамаи ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон дар баландии 1000-1200 то 3400-3700 м аз сатҳи баҳр паҳн гардидаанд. Арча дарахти дарозумр аст. Ҳатто дар синну соли 800-1000—солагӣ дар он навдаҳои ҷавон пайдо шуда, метавонанд чалғӯзаи бисёр ва тухми аълосифат ҳосил кунанд.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

Китоби дарсии «Ботаника» барои синфи 6-уми мактаби таҳсилоти умумӣ (муаллифон: С. Султонов, М. Нигмонов) — Душанбе, 2011