Jump to content

Арғамчин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Арғамчин — банди ғафс, ки аз нахи пахта, пашм, нахҳои сунъӣ ва симҳои металлӣ, аз ҷумла пӯлодӣ бофта мешавад.

Ғафсиаш то 110 мм мешавад. Арғамчини физиззиро аз се ва зиёда симҳо, арғамчинҳои нофилиззиро аз нахҳои табиию сунъӣ мебофанд. Барои ҳимоя аз намӣ арғамчинро дар зифт ё омехтаи махсус меҷаббонанд. Ҳоло бинобар арзону пурқувват будан, бештар арғамчинҳои сунъӣ истеҳсолу истифода мешаванд.