Арҷана
Зоҳир
«Арҷана» — тарона, оҳанги қадимии мардуми форс-тоҷик, ки онро дар давраи Сосониён Борбад таълиф намудааст.
«Арҷана» аз силсилаи дуюми «Хусравониёт»-и ӯ буда, ба муносибати ҷашни Наврӯз эҷод шудааст. Дар рисолаҳои мусиқӣ ва осори саромадони адабиёти форс-тоҷик «А.» чун наво ва таронаҳои қадимӣ тавсиф гардидааст.
«Арҷана» шуъбаи мусиқӣ дар садаҳои 12 — 13. Дар таълифоти мусиқии минбаъда (садаои 14 — 17) «Арҷана» ёд нашудааст. Дар мусиқии классикии тоҷик вуҷуд надорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арҷана / А. Раҷабов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.