Ар-Риёз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Ар-Риёз (арабӣ: الرياض ‎‎ [arrːiˈjɑːdˤ] — «боғ», «гулзор») — шаҳр, пойтахти Арабистони Саудӣ ва маркази маъмурии музофоти Арриёзӣ вилояти Наҷд. Аҳолиаш 7 125 180 нафар (2015).

Иқлим[вироиш]

Яке аз шаҳрҳои гармтарини олам (ҳарорати миёнаи январ +14,4, июл +36,6, баъзан то 50°С мерасад). Иқлимаш ниҳоят хушк, миқдори боришоти солона аз 100 мм беш нест.

Идоракунӣ[вироиш]

То соли 1960 Ар-Риёз ҳамагӣ 160 ҳазор сокин дошт. Ар-Риёз аз 15 ноҳияи маъмурии худидоракунии маҳаллӣ иборат буда, аз тарафи губернатори музофоти Ар-Риёз идора карда мешавад. Даромади зиёди нефт Ар-Риёзро ба шаҳри фавқулзамонавӣ ва сераҳолӣ табдил дод.

Таърих[вироиш]

Ар-Риёз дар гузашта номи мавзеи паҳновар ва сабзу хуррами маркази нимҷазираи Арабистон буда, баъдтар танҳо як қисми аҳолинишини он ба шаҳри Ар-Риёз табдил ёфт. Соли 1818 Ар-Риёз аз тарафи Империяи Усмонӣ торумор гашт. Соли 1823 асосгузори давлати Саудии Сонӣ – Туркӣ ибни Абдуллоҳ давлатро аз нав эҳё ва Ар-Риёзро ба сифати пойтахти нав интихоб намуд. Мухолифатҳои байни наберагони Туркӣ давлатро хароб карданд ва он соли 1891 ба дасти рақибашон Ар-Рашид гузашт. Соли 1902 Ар-Риёз ба дасти шоҳ Абдулазиз ибни Сауд расид ва ӯ ба бунёди Шоҳигарии Арабистони Саудии имрӯза пардохта, дар Ар-Риёз қароргоҳи худро бино кард. Пойтахти Арабистони Саудӣ аз соли 1932 ба таври замонавӣ бунёд мегардид ва тавсиа меёфт. Шаҳр ба ноҳияҳои маъмурӣ, дипломатӣ, истеҳсолӣ, маркази тиҷоратӣ (бо муассисаҳои вақтхушӣ, тарабхонаҳо), қисми аҳолинишин ва таърихӣ тақсим мешавад; боғоту гулгаштҳои дилнишин, маҷмааҳои варзишӣ ва истироҳатгоҳҳои замонавӣ дорад (ноҳияҳои Даҳран, Даммам, Ҷидда ва ғайра).

Иқтисодиёт[вироиш]

Ар-Риёз маркази сиёсӣ, маданӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратии мамлакат буда, дар он корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳи оҳан, 4 аэропорти байналхалқӣ мавҷуд аст. Роҳи оҳан Ар-Риёзро бо шаҳрҳои Ҷидда ва Макка мепайвандад. Аз сохтмонҳои анъанавӣ хеле кам намунаҳо боқӣ мондаанд: Мураббаъ – девори атрофи шаҳр, қасри Ал-Масмак ва ғайра. Биною манораҳои мӯҳташами Ар-Риёз – Маркази шоҳ (99 табақа, баландиаш 300 м, масоҳати асосаш 9423 м2), маркази тиҷорат, Бурҷ-ал-Файсалия, манораи Ал-Аноуд (145 м) ва ғайра ҳайратоваранд. Соли 2009 сохтмони метрополитен оғоз гардид. Ар-Риёз осорхонаи миллӣ, академияи ҳарбӣ, Донишгоҳи шоҳ Сауд, донишкадаи олии техникӣ, пойгоҳи электрикӣ, манораи телевизионӣ (170 м), 4300 масҷид дорад.

Ар-Риёз маркази молиявӣ ва соҳибкории Шарқи Наздик мебошад: бонкҳо ва ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ дар ин ҷо намояндагӣ ва марказҳои худро доранд. Коргоҳҳои бузурги саноати нефт, технологияҳои олӣ, ширкатҳои сохтмонии шӯҳрати ҷаҳонидошта низ фаъолият мекунанд. Матбуоти даврӣ ба се забон: англисӣ, арабӣ ва урду нашр мешавад.[1]


Бознигаред[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Густерин П. В. Города Арабского Востока. — М.: Восток—Запад, 2007. — 352 с. — (Энциклопедический справочник). — 2000 экз. — ISBN 978-5-478-00729-4.

Манбаъ[вироиш]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 1. А-АСОС – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2012, - с.561

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.


Пойтахтҳои Осиё
Абу Даби | Аммон | Анкара | Ашқобод | Бағдод | Боку | Бандар-Сери-Бегаван | Бангкок | Бейрут | Бишкек | Вентян | Дака | Димишқ | Деҳлӣ | Доҳа | Душанбе | Ҷакарта | Ереван | Исламабад | Катманду | Кобул | Мале | Манама | Манила | Масқат | Никосия | Остона | Пекин | Пномпен | Путраҷайя | Пхенян | Пинмана | Санъо | Сеул | Сингапур | Тайпей | Тошканд | Тбилисӣ | Тхимпху | Теҳрон | Токио | Улан-Батор | Уршалим | Ханой | Шри-Ҷаяварденепура-Котте | Ал-Кувейт | Ар-Риёз