Jump to content

Асалбек Назриев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Асалбек Назриев
Таърихи таваллуд: 3 декабр 1948(1948-12-03) (75 сол)
Зодгоҳ:
Касб: ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо
IMDb: ID 0623441

Асалбек Назриев (зод. 3 декабр 1948, Барушон[d]) — ҳунарпешаи театру синамо, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2007)[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Факултаи санъати Институти давлатии педагогии шаҳри Душанберо соли 1972 хатм намуда, муддате дар ҳамин ҷо дарс додааст. Аз соли 1973 инҷониб актёри Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ мебошад. Дар зиёда аз ҳафтод спектакли театр образҳои драмавӣ, фоҷиавӣ ва мазҳакавӣ офаридааст. Заҳмату ҷустуҷӯ, омӯзиши паёпай ҳама дарҳои ҳунарро сӯяш кушоданд ва тавфиқ ёфт.

Дар саҳна баробари нақшофарӣ гӯиё зиндагӣ мекунад. Ҳама спектаклҳо бо ишти¬рокаш комёб шудаанд. «Интихоби домод», «Эдип», «Корвони бахт», «Исмоили Сомонӣ», «Авлиё ва осӣ» аз зумраи онҳоанд.

Дар филмҳои тоҷикии «Субҳи нахустини ҷавонӣ», «Имрӯз ва ҳама рӯз», «Ишқи нахустин» ва ғайраҳо ҳам доди ҳунарро додааст. Инчунин дар бисёр саҳнаю намоишномаҳои телевизионӣ фаъолона иштирок намудааст.

  1. Назриев Асалбек // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 468. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.