Jump to content

Донишномаи Душанбе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Донишномаи Душанбе

Муаллиф: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик
Жанр: донишнома
Забони асл: тоҷикӣ
ISBN: 978-99947-33-89-7

Душанбедонишномаи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Нашри донишнома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишномаи пойтахт, ки ба муносибати ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии истиқлоли давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор ба забони тоҷикӣ ба табъ расид, ки ба ин васила аҳли мамлакат бо таърихи шаҳри Душанбе, саҳми сокинони он дар бунёди давлати муосири миллӣ, ҷомеаи асили шаҳрвандӣ ва рушду равнақи ҳаёти моддию маънавии кишвар, бо неруҳои тавлидӣ ва табиати нотакрори ин маъвои дилорои ватани худ ошно мегарданд. Донишномаи Душанбе барҳақ таҷассумгари тарақиёти мустақилонаи пойтахти давлати навини Тоҷикистон аст.

Донишномаи Душанбе сарчашмаи илму адаб, таърих, муаррифномаи иншооту кӯчаҳову маҳалҳо, қабл аз ҳама зиндагиномаи ашхоси бузург ва бунёдкори шаҳри Душанбе мебошад.