Jump to content

Асланшоҳ Раҳматуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Асланшо Раҳматуллоев)
Асланшо Раҳматуллоев
Раҳматуллоев Асланшо Аскаршоевич
Таърихи таваллуд: 23 сентябр 1954(1954-09-23) (70 сол)
Зодгоҳ: Пушиён, ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпешаи театр ва синамо
Корнома: 1972 — то ҳол
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0707568

Асланшоҳ Раҳматуллоев (Раҳматуллоев Асланшо Аскаршоевич; 23 сентябри 1954, деҳаи Пушиёни ноҳияи Восеъ) — ҳунарпешаи театру синамо, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1998), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2005).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асланшоҳ Раҳматуллоев 23 сентябри соли 1954 дар хонаводаи Рухсорамоҳу Аскаршоҳ бадунё омадааст. Низорамоҳу Зуҳуршоҳ холаву амакаш буданд[1].

Соли 1975 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро ба охир расонда, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ актёрӣ кардааст, аз соли 1994 актёр ва коргардони Театри миниатюраи «Оина» мебошад. Дар «Гамлет», «Корвони бахт», «Ҳодисаҳои ғайриоддӣ», «Гилеми кабуд», «Шоҳ Лир», «Роҳзанон», «Мардон намегирянд», «Вақте шаҳр хобидааст», «Ғуруби Аҷам» барин спектаклҳои театр хуб ҳунарнамоӣ кардааст, вале истеъдодаш дар кино бештар намоён аст.

Нақшҳои иҷрокардааш дар филмҳои бадеии «Тӯфон дар водӣ», «Ҳафт домоди дуздидашуда», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Робита» (2 қисм), «Саргузашти Мукаи хурдакак», «Дар ағба напарронед», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар» (6 қисм, телевизионӣ), «Афсонаҳои нави Шаҳрзод» (2 қисм), «Кумир», «Марди мутааллиқи ду зан», «Қасосгири хурд», «Қош ба қош», «Вақте болои шаҳр борон меборид», «Гумшуда ёфт шуд», «Қӯшатир», «Модар бо мост», «Имтиҳон», «Кӯҳистонӣ», «Бехонаҳо дар касалхона», инчунин филмҳои истеҳсоли дигар давлатҳо «Ҳалима» («Туркманфилм»), «Соати комендантӣ», «Таъмиргар» (киностудияи ВГИК), «Бозгашт», «Тарафи чоруми секунҷа» («Мосфилм»), «Афсарон», «Тақвими интизорӣ», «Захираи тило» (телеканали НТВ) ва ғайра хотирмонанд.

  1. Мижгона Халилзода. Аз саҳнаи хурд то бузург. Адабиёт ва санъат. 17 марти 2023 санҷида шуд.
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.