Низорамоҳ Зарифова
Низорамоҳ Зарифова | |
|---|---|
| Таваллуд |
6 ноябри 1923 |
| Даргузашт |
30 ноябри 2024 (101 сол) |
| Ҳизб | |
| Ҷоизаҳо | |
Низорамоҳ Зарифова (Зарифова Низорамоҳ Одинаевна; 6 ноябри 1923, Пушёни Поён, Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро — 30 ноябри 2024, Душанбе) — ходими давлатӣ ва сиёсии шӯравӣ. Арбоби шоистаи фарҳанги ҶШС Тоҷикистон (1960).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Низорамоҳ Зарифова 6 ноябри соли 1923 дар деҳаи Шехвесии ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст[1]. Падараш Одина Махсум (1896—1928) дар деҳаи Мазори Ҳазрати Султон ба дунё омадааст. Ӯ шахси донишманд ва коргар буд. Модараш Шарифамоҳ зодаи деҳаи Шехвесӣ, ҳамчун бонуи ҳунарманд байни мардум маҳбубият дошт. Хонаводаи онҳо барвақт аз Ховалинг ба деҳаи Пушёни Поён кӯчиданд. Дар 6-солагии ӯ падараш дунё гузашт. Низорамоҳу бардодараш Абдулазизи 10-сола ва хоҳараш Рухсорамоҳи 6-моҳа дар тарбияи модараш Шарифамоҳ монданд. Баъдтар модараш ба Зариф ном сокини ҳамин деҳа хонадор шуда, аз онҳо Тоҷинисову Зебунисо ва Меҳринисо ба дунё омаданд. Дар тарбияи ин ӯ саҳми падарандараш Зариф бузург буд ва номи хонаводагиашро ҳам аз ӯ гирифт.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мудири шуъбаи кумитаи комсомол ва мудири шуъбаи кадрҳои комиҷроияи шаҳри Кӯлоб (1941—1945), мудири шуъбаи мактабҳои Комитети комсомолии вилояти Кӯлоб (1945—1947), мудири шуъбаи занони Кумитаи ҳизбии вилояти Кӯлоб (1947—1952), мудири шуъбаи занон (1955–1956) ва котиби КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (1956–1966), ҷонишини раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1966–1978), узви КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (1955–1986), узви Пленум ва Раёсати Кумитаи занони ИҶШС, узви Шӯрои Федератсияи байналмилалии занон, узви Раёсати Шӯрои ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои занони Тоҷикистон ва раиси Шӯрои ҷумҳуриявии донишгоҳҳои мардумӣ (аз соли 1968). Аз соли 1946 узви ҲКИШ буд.
Низорамоҳ Зарифова депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 5-6) ва депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 4,6,8,9) буд.
Унвону ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба ду ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони Фахрӣ», 3 медал ва ифтихорномаҳои Раёсатҳои Шӯрои Олии ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон қадр шудааст.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Низорамоҳ Зарифова 30 ноябри 2024 дар синни 101-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Амир Сайиди Мункӣ. Фидоӣ. bonuvon.tj. Бонувони Тоҷикистон (15 сентябри 2022). 17 марти 2023 санҷида шуд.
- ↑ Низорамоҳ Зарипова дар 101-солагӣ даргузашт(тоҷ.), Радиои Озодӣ. Проверено 2 Декабри 2024.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарифова Низорамоҳ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Зарифова Низорамоҳ // Энсиклопедияи бонувони шинохтаи тоҷик — Д., 2021. — С. 333. — 520 с. — ISBN 978-999-75-68-20-5
- Зодагони 6 ноябр
- Зодагони соли 1923
- Даргузаштагони 30 ноябр
- Даргузаштагони соли 2024
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Аъзои Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ