Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Аслӣ Тандоған

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аслӣ Тандоған
тур. Aslı Tandoğan
Таърихи таваллуд: 2 апрел 1979(1979-04-02) (47 сол)
Зодгоҳ: Анқара, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 2002-то ҳол
Самт: синамо, телевизион, театр
IMDb: ID 1703536

Аслӣ Тандоған (тур. Aslı Tandoğan, тав. 2 апрели соли 1979; Анқара, Туркия) — ҳунарпешаи синамо, телевизион ва театри турк.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аслӣ 2 апрели соли 1979 дар Анқара таваллуд шудааст. Ҳунарпеша факултаи театрии донишгоҳи Ҳоҷитепаро хатм намуда, пас аз он дар таблиғот, ҳамчун модел кор кардааст.

Соли 2002, Аслӣ бори аввал дар экран пайдо шуд, ки дар силсилафилми "Гули ман" бозӣ кардааст. Соли 2005, Аслӣ нақши Диланро дар силсилафилми "Ишқ ва нафрат" бо Берен Саат ва Махсун Қирмизигул дар нақшҳои асосӣ ба даст овард. Соли 2007 вай якҷо бо Канъон Имирзалиуғлу дар филми "Шараф" бозӣ кардааст[1]. Шӯҳрати васеи Аслиро нақши Ламия дар силсилафилми "Dudaktan Kalbe" ба бор овардааст[2]. Пас аз он нақшҳо дар филмҳо: "Behzat Ç. Ankara Yanıyor", "Kendime İyi Bak", "Git Başımdan", "Melek ile Serhat" ва дар силсилафилмҳо: "Behzat Ç. Bir Ankara Polisiyesi", "Bir Zamanlar Osmanlı", "Лайлӣ ва Маҷнун","Zehirli Sarmaşık","И.Ш.Қ.". Моҳи сентябри соли 2016, Аслӣ ба ҳайати ҳунармандони мавсими 2-и "Muhteşem Yüzyıl Kösem" ҳамчун Гавҳархон Султон, духтари сеюми Аҳмад I ва Киёсем Султон ҳамроҳ шуд.

Ҳаёти шахсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

19 июни соли 2013 Аслӣ бо маблағгузор Ҷоҳид Тан оиладор шуд; 6 декабри соли 2014, ҳамсарон писардор (Атлас) шуданд. 2 ноябри соли 2018, Аслӣ фарзанди дуввуми худро ба дунё овард, ки духтар (Ария) буд.

Силсилафилмҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
НомгӯйНақшСол
Gülüm GülГул2002
ÇınaraltıГизем2003
Kurşun YarasıЛола2003
Büyük UmutlarСевинч2004
Aşka SürgünДилан Шаҳвар2005
Ah İstanbulДениз2006
29-30Айсел2006
DicleДиҷле2007
Dudaktan KalbeЛамия Йилмаз2007-2009
KapalıçarşıДиёр2009-2010
Behzat Ç.Илгин2011
Zehirli SarmaşıkЯқут2011
Bir Zamanlar Osmanlı: KıyamҶансеза2012
Leyla ile MecnunЭланор2013
A.Ş.K.Шабнам2013
Muhteşem Yüzyıl KösemГавҳархон Султон2016
Yuvamdaki Düşman Ёсамин 2018
Menajerimi Ara Худаш 2021
СолФилмНақш
2007KabadayıКараҷа
2013Behzat Ç. Ankara YanıyorИлгин
2014Kendime İyi BakБегум
2015Git BaşımdanСелин
2015Melek ile SerhatМелек
2019Söz VermiştinЛилян
2020Hayalet 3: Yaşam
  • Bütün Çılgınlar Sever Beni
  • Ferhat ile Şirin
  • Robot Pinokyo

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Феҳристи ҳунарпешазанҳои Туркия

  1. Young and veteran Turkish actors on the set of new film ‘Kabadayı’, Today's Zaman (23 June 2007). Проверено 4 сентябри 2010.
  2. Kapalıçarşı’nın Lamia’sı Aslı Tandoğan oldu, Star Gazete (28 August 2009). Проверено 4 сентябри 2010.