Анқара

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Шаҳр
Анқара
Ankara
Ankara City Collage.png
Нишон
Нишон
Давлат
Туркия
Унвон
пойтахт
Координатаҳо
Роҳбар
Аҳолӣ
5 270 575[1] нафар (2015)
Вақти минтақавӣ
Коди телефон
(0)312
Нишонаҳои почта
06000–06999
Сайти расмӣ
Анқара (Замин)
Анқара

Анқара (туркӣ: Ankara) — шаҳр, пойтахти Ҷумҳурии Туркия. Маркази маъмурии вилояти Анқара.

Ҷуғрофия[вироиш]

Дар шимолу ғарб суфакӯҳи Анатолия ҷойгир аст. Аз рӯи шумораи аҳолӣ (3,3 млн нафар, 2005) ва аҳамияти иқтисодӣ дар мамлакат баъди Истамбул шаҳри дуюм аст.

Иқлим[вироиш]

Иқлимаш континентӣ, ҳарорати миёнаи январ – 0,7°, июл +23,2°С. Боришоти солона 340 мм.

Иқлими Анқара (меъёри 1975—2010)
Нишондод Янв. Фев. Март Апр. Май Июн Июл Авг. Сен. Окт. Нояб. Дек. Сол
Максимуми мутлақ, °C 16.6 19.9 26.4 30.6 33.0 37.0 40.8 40.4 36.0 32.2 24.4 19.8 40.8
Максимуми миёна, °C 4.3 6.7 11.9 17.2 22.2 26.6 30.2 30.2 26.0 19.6 12.3 6.1
Ҳарорати миёна, °C 0.3 2.1 6.2 11.3 16.0 20.5 23.5 23.2 18.7 13.9 6.7 2.2 12.1
Минимуми миёна, °C −3.1 −2 1.1 5.7 9.7 13.1 16.1 16.1 11.9 7.5 2.3 −0.9
Минимуми мутлақ, °C −21.2 −21.5 −19.2 −6.7 −1.6 5.0 6.8 7.2 2.5 −3.4 −8.8 −17.2 −21.5
Сарчашма: Dmi.gov.tr - Ankara

Аҳолӣ[вироиш]

Аҳолӣ 5 270 575 нафар (2015)[1].

Аҳолии Анқара[2]
2015 5 270 575
2014 5 150 072
2013 5 045 083
2012 4 965 384
2011 4 890 893
2010 4 431 719
2009 4 306 105
2008 4 194 939
2007 3 763 591
2000 3 203 362
1997 2 917 602
1990 2 559 511
1985 2 228 398
1980 1 800 587
1975 1 606 040
1970 1 236 152
1965 905 660
1960 650 067
1955 451 241
1950 288 536
1945 226 712
1940 157 242
1935 122 720
1927 74 553
Сол ва Аҳолӣ
(2008)[3]
0—4 331 158
Мардон Занон
5—9 345 329


10—14 357 559


15—19 354 576


20—24 419 914


25—29 431 961


30—34 398 132


35—39 373 252


40—44 342 467


45—49 310 850


50—54 257 265


55—59 195 040


60—64 140 901


65—69 104 618


70—74 74 064


75—79 62 950


80+ 48 894


Иқтисод[вироиш]

Роҳҳои оҳан ва нақлиёти автомобилгарди Анқара Аврупоро бо Осиё мепайванданд. Дорои метрополитен аст. Анқара заводҳои авиатсионӣ (истеҳсоли самолёти Ф-16), тракторсозӣ, сементбарорӣ ва корхонаҳои саноати сабук, коркарди чӯб, хӯрокворӣ, чармгарӣ, истеҳсоли пашмина (пашми ангорӣ), маҳсулоти ҳунармандӣ дорад. Аэропорташ байналхалқист. Қубурҳои интиқоли нефту газ аз Россия ва давлатҳои Осиё ба тавассути Анқара ба Аврупо мегузаранд.

Маориф ва фарҳанг[вироиш]

Дар Анқара мактабҳои олӣ (Донишгоҳи Шарқи Миёна, ки дар он Китобхонаи миллии Туркия ҷойгир аст), Академияи санъати тасвирӣ, консерватория, театрҳо, аз ҷумла Театри калони давлатӣ, Оркестри симфонии президентӣ, Мавзолеи нахустин Президенти Туркия Камол Отатурк ва ғайра воқеанд.

Таърих[вироиш]

Анқара, расми қарни XVIII.

Анқара яке аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Хурд аст. Қалъаи он ҳанӯз аз давраи хеттҳо (1200 то милод) вазифаи паноҳгоҳро иҷро менамуд. Анқара дар асри 7 то милод бо номи Анкире аз тарафи фригиягиҳо дар сари роҳи корвонгард бунёд гардида маркази тиҷорат маҳсуб мешуд. Дар замони Империяи Рим (бо номи Анкира) пойтахти музофоти Галатия буд. Минбаъд шаҳр аз даст ба даст – яъне ба византиягиҳо, арабҳо, салибдорон, туркони салҷуқӣ (асри 11) гузашт. Анқара дар асри 14 маркази маъмурии Туркияи Усмонӣ буд. Замони ҳукмр. Империяи Усмонӣ дар яке аз муҳорибаҳои назди Анқара (1402) лашкари Темур Султон Боязидро шикаст дод. Пас аз ислоҳоти соли 1864-и Туркия Анқара маркази вилояти Анадолу (ҳозира Анталия ё Анатолия) гардид. 23 апрели 1920 дар Анқара нахустин Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия баргузор шуд, ки он ба ҳукумати миллӣ асос гузошт (дар ин бино осорхона ташкил шудааст). Аз 29 октябри 1923 пойтахти Ҷумҳурии Туркия мебошад.

Ёдгориҳои меъморию таърихӣ[вироиш]

Аз ёдгориҳои меъморию таърихӣ маъбади Август (асри 10 милод), харобаҳои биноҳои давраи Рими Қадим, Қалъаи Анқара (дар он мақбараи Алоуддин мавҷуд аст, ки рамзи шаҳр ба ҳисоб меравад), Масҷиди Хоҷатеппа (1987, бузургтарин дар мамлакат) ҷолиби диққатанд.

Бародаршаҳрҳо[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 YerelNet - Портали мақомоти маҳаллӣ
  2. Turksat.gov.tr — City and village population, annual growth rate of popupation, surface area and density by districts
  3. TÜİK, İl yaş grubu ve cinsiyete göre nüfus — 2008, Ankara
  4. Города-побратимы. Внешние связи Официальный сайт Исполнительного органа местной государственной власти в городе Душанбе(тоҷ.)(рус.)(англ.)
  5. 5.00 5.01 5.02 5.03 5.04 5.05 5.06 5.07 5.08 5.09 5.10 5.11 5.12 5.13 5.14 5.15 5.16 5.17 5.18 5.19 5.20 5.21 5.22 5.23 5.24 5.25 5.26 5.27 5.28 5.29 5.30 5.31 5.32 5.33 Sister Cities Of Ankara Greater Municipality of Ankara(тур.)(англ.)
  6. Twin towns and Sister cities of Minsk [via WaybackMachine.com] (Russian). The department of protocol and international relations of Minsk City Executive Committee. Санҷидашуда 21 июли 2013. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 май 2013.
  7. Oraşe înfrăţite (Twin cities of Minsk) [via WaybackMachine.com] (Romanian). Primăria Municipiului Chişinău. Санҷидашуда 21 июли 2013. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 сентябри 2012.
  8. Frequently Asked Questions — Office of Protocol and International Affairs | os
  9. daenet d.o.o. Sarajevo Official Web Site: Sister cities. Sarajevo.ba. Санҷидашуда 6 май 2009. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 апрели 2009.
  10. Tbilisi Sister Cities. Tbilisi City Hall. Tbilisi Municipal Portal. Санҷидашуда 5 августи 2013. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 июли 2013.
  11. Twinning Cities: International Relations (PDF). Municipality of Tirana. www.tirana.gov.al. Санҷидашуда 23 июни 2009. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2011.
  12. Signing Sister City Protocol between Zagreb and Ankara. Ankara Metropolitan Municipality (27 October 2008).

Пайвандҳои беруна[вироиш]




Пойтахтҳои Аврупо
Амстердам | Андорра-ла-Веля | Афина | Белград | Белфаст | Берлин | Берн | Братислава | Брюссел | Будапешт | Бухарест | Вадутс | Валлетта | Варшава | Вотикон | Вена | Вилнюс | Дублин | Загреб | Киев | Кишинёв | Копенҳаген | Лиссабон | Лондон | Любляна | Люксембург | Мадрид | Маскав | Минск | Монако | Осло | Порис | Подгоритса | Порис | Прага | Рейкявик | Рига | Рим | Сан-Марино | София | Скопе | Таллин | Тирана | Сараево | Стокҳолм | Ҳелсинкӣ
Шаблон:Шаҳрҳои Туркия

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.

Пойтахтҳои Осиё
Абу Даби | Аммон | Анкара | Ашқобод | Бағдод | Боку | Бандар-Сери-Бегаван | Бангкок | Бейрут | Бишкек | Вентян | Дака | Димишқ | Деҳлӣ | Доҳа | Душанбе | Ҷакарта | Ереван | Исламабад | Катманду | Кобул | Мале | Манама | Манила | Масқат | Никосия | Остона | Пекин | Пномпен | Путраҷайя | Пхенян | Пинмана | Санъо | Сеул | Сингапур | Тайпей | Тошканд | Тбилисӣ | Тхимпху | Теҳрон | Токио | Улан-Батор | Уршалим | Ханой | Шри-Ҷаяварденепура-Котте | Ал-Кувейт | Ар-Риёз