Асмоуллоҳи-л-ҳусно

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Асмоуллоҳи-л-ҳусно (ар. اسـماء الله الحسني‎ ‒ номҳои зебои Худованд, номҳои накӯи Худованд) ‒ унвоне баргирифта аз Қуръони маҷид: «Ва барои Аллоҳ номҳои накӯ аст, пас Ӯро бо онҳо бихонед» (Аъроф, 7:180) ва: «Бигӯ: Аллоҳро бихонед ё Раҳмонро бихонед, ҳар кадомеро бихонед, пас барои Ӯст номҳои накӯ» (Исро, 17:110). Дар ҳадисе ба ривояти Абуҳурайра омадааст: «Худоро наваду нуҳ — як кам сад ном аст. Касе онҳоро ҳифз кунад, ба ҷаннат дарояд ва Аллоҳ витр аст ва витрро дӯст медорад» (Бухорӣ, 6410; Саҳеҳи Муслим, 6750 (2677)-5). Дар ин ҳадис ба ривояти Тирмизӣ (3507) наваду нуҳ номи Худо зикр шудааст, вале асҳоби ҷарҳу таъдил он қисмати ҳадисро заъиф гуфтаанд, илова бар ин, баъзе аз он номҳо дар Қуръон ба сиғаи феълӣ омадаанд, на ба сиғаи фоилӣ. Ба ҳар сурат уламо номҳои Худоро аз оёти Қуръон ба ин тартиб гирд овардаанд: Аллоҳ, ар-Раҳмон, ар-Раҳим, ал-Малик, ал-Қуддус, ас-Салом, ал-Муъмин, ал-Муҳаймин, ал-Азиз, ал-Ҷаббор, ал-Мутакаббир, ал-Холиқ, ал-Борӣ, ал-Мусаввир (Ҳашр, 59:22-24), ал-Ғаффор, ал-Қаҳҳор ал-Таввоб, ал-Ваҳҳоб, ал-Халлоқ, ал-Раззоқ, ал-Фаттоҳ, ал-Алим, ал-Ҳалим, ал-Азим, ал-Восеъ, ал-Ҳаким, ал-Ҳай, ал-Қайюм, ас-Самиъ, ал-Басир, ал-Латифу, ал-Хабир, ал-Алӣ, ал-Кабир, ал-Муҳит, ал-Қадир, ал-Мавло, ан-Насир, ал-Карим, ар-Рақиб, ал-Қариб, ал-Муҷиб, ал-Вакил, ал-Ҳасиб, ал-Ҳафиз, ал-Муқит, ал-Вадуд, ал-Маҷид, ал-Ворис, аш-Шаҳид, ал-Валӣ, ал-Ҳамид, ал-Ҳаққу-л-мубин, ал-Қавӣ, ал-Матин, ал-Ғанӣ, ал-Молик, аш-Шадид, ал-Қодир, ал-Муқтадир, ал-Қоҳир, ал-Кофӣ, аш-Шокир, ал-Мустаон, ал-Фотир, ал-Бадеъ, ал-Ғофир, ал-Аввалу-л-охир, аз-Зоҳиру-л-ботин, ал-Кафил, ал-Ғолиб, ал-Ҳакам, ал-Олим, ар-Рафеъ, ал-Ҳофиз, ал-Мунтақим, ал-Қоим, ал-Муҳйӣ, ал-Ҷомеъ, ал-Малик, ал-Мутаъолӣ, ан-Нур, ал-Ҳодӣ, ал-Ғафур, аш-Шакур, ал-Афув, ар-Рауф, ал-Акрам, ал-Аъло, ал-Барр, ал-Ҳафӣ, ар-Рабб, ал-Илоҳ, ал-Воҳид, ал-Аҳад, ас-Самад, ал-лазӣ лам ялид ва лам юулад ва лам якун-лаҳу куфуван аҳад (Фатҳу-л-борӣ. — Ҷ. 14. — С. 473). Назари ҷумҳури уламо ин аст, ки адади номҳои Худо дар ҳадис барои ҳасри онҳо дар 99 исм нест, балки аз он ҷиҳат аст, ки онҳо машҳуртарин ва шоеътарин номҳои Худои таъоло ҳастанд ва барои ба ҷаннат даромадани касе, ки онҳоро ҳифз кунад ва дар онҳо бо тааммул биандешад, кофӣ ҳастанд, вагарна барои Худо номҳои дигаре бештар аз он адад вуҷуд дорад (Фатҳу-л-борӣ. — Ҷ. 14. — С. 475; ал-Минҳоҷ, шарҳи Саҳеҳи Муслим. — С. 1585). Аллоҳ таъоло сифот ва номҳои накӯеро барои Худ собит дониста ва амр кардааст, ки Ӯро бо онҳо бихонем ва бо ҳифзи онҳо ба сӯяш тақарруб ҷӯем: «Ва барои Аллоҳ номҳои накӯ аст, пас Ӯро бо онҳо бихонед» (Аъроф, 7:180), паёмбар онҳоро дар наваду нуҳ (99) ном баршумурдааст: «Ҳамоно барои Аллоҳ наваду нуҳ — як кам сад ном аст, касе онҳоро баршуморад, ба ҷаннат дарояд» (Сунани Тирмизӣ, 3507). Назди ҷумҳур номҳо ва сифоти Худованд тавқифӣ ҳастанд, яъне онҳо бо тавқиф (огоҳонидан)-е аз сӯи Худо ва расулаш собит шудаанд ва дар Китоб ва Суннат омадаанд. Пас Ӯ таъоло номида ва васф карда намешавад, магар ба он ном ва сифате, ки Ӯ Худро ё расулаш Ӯро ба он номида ва васф кардааст. Бинобар ин, бояд дар номҳои Аллоҳ назди он чи дар нусуси шаръ омадааст, бозистем ва бо ҳамон номе бихонем, ки дар шаръ барои Ӯ омадааст ва Ӯро аз пеши худ ва ба ҳукми ақл бо номе нахонем, ки дар байни онҳо набошад, агарчи ба маънои номе бошад, ки дар шаръ омадааст. масалан, Аллоҳ таъолоро «олим» гӯянд, на «оқил», «ҷавод» гӯянд, на «сахӣ», «шофӣ» гӯянд, на «табиб» (Ашиъъату-л-ламаот. — Ҷ. 4. — С. 9). Қозӣ Абубакр ва имом Ғазолӣ миёни исм ва сифат фарқ гузошта, номҳои Худоро тавқифӣ ва сифотро ғайри тавқифӣ донистаанд, аввалиро мавқуф ба изни шаръ ва итлоқи сифатро ба шарте ба камол далолат кунад ва мӯҳими нақс набошад, бар Ӯ таъоло ҷоиз донистаанд (Фатҳу-л-борӣ. — Ҷ. 14. — С. 479). Мавсуф шудан ба сифоти Ҳақ ва мутахаллиқ гаштан ба ахлоқи Ӯ таъоло ба ин маъност, ки партаве аз сифоти Ҳақ ба ваҷҳе аз вуҷӯҳ ва муносиб ба ҳоли банда бар вай афтад, ба гунае ки ин номро дар ҳақиқат бар вай итлоқ тавон кард ва ин ба маънои мушоракат аз ҷамеъи вуҷӯҳ нест, масалан, раҳмат, қудрат ва иззат, ки сифоти Ҳақ таъолоанд, дар Ҳақи Ӯ ҳақиқати дигар доранд ва он чи дар банда пайдо мешавад, на мисли он аст. Тахаллуқ ба ахлоқ ва сифоти Ӯ низ ба маънои таҳаққуқи партаве аз сифоти Ҳақ таъоло дар банда аст, на ба маънои мушоракат дар он аз тамоми вуҷӯҳ. Бидон, ки тахаллуқ (ороста шудан ба сифат; ба худ гирифтани хулқе) ба дигар асмои Ҳақ таъоло вуҷуд дорад, на дар исми «Аллоҳ», ки он хос аст ба Худованд, аммо тааллуқ (дилбастагӣ ва эътиқод доштан) ҳам ба исми «Аллоҳ» ва ҳам ба дигар номҳом Худованд вуҷуд дорад ва ба ин маъно аст, ки ба маонии онҳо эътиқод ва ба сидқи ҳиммат ба сӯи онҳо рӯй оварад ва ҳаққи убудият (бандагӣ)-ро дар онҳо адо намояд (Ашиъъату-л-ламаот. — Ҷ. 4. — С. 9, бо каме ҷо ба ҷоии ибораҳо). Банда вақте бо номе аз асмои ҳуснои Худованд дуо ва ниёзхоҳӣ мекунад, бояд номеро муносиб бо муҳтавои дуо ва дар маҷрои таҳаққуқи он баргузинад. Мас., агар барои рафъи бало, ҳалли мушкил ва ё ҷалби манфаате дуо кунад, пас аз номҳое истифода кунад, ки маонии раҳмат, ато ва лутфу карами Худованд дар онҳо ифода ёфтаанд ва агар бар касе ё чизе дуо кунад, аз номҳое баҳра гирад, ки ба ғазаб, қаҳҳорият ва қудрати интиқоми Ӯ далолат мекунанд. АЛЛОҲ الله, исми зот, исми алам ва хосси Худо; назди ҷумҳури муфассирон ва аксари усулиён ва фақеҳон ғайри муштақ аз чизе аст, аслаш «илоҳ» аст, ки бо ҳазфу изофа ва тағйири шаклаш ба сурати «Аллоҳ» даромадааст. Муҳаққиқон мегӯянд: Ин ном ҷомеъи тамоми сифоти дигари илоҳӣ аст ва бо номҳои дигараш васф ва наът мешавад, мас., «Аллоҳи алиму ҳаким ва қодир …» гуфта мешавад, на баръакс ва ҳамчунин тасния ва ҷамъ надорад, бар хилофи «илоҳ», ки бо илоҳони тасния ва бо олиҳа ҷамъ мешавад. Аз ин ҷо исми Аллоҳ алами зот барои илоҳи маъбуди барҳақ аст ва бар ғайри Ӯ таъоло на ба тариқи ҳақиқат ва на ба маҷоз итлоқ намешавад, аммо номҳои дигари Худованд бар оҳод (яко-як)-и сифоти Ӯ далолат мекунанд, ба дигарон ба маҷоз итлоқ мешаванд ва банда ба онҳо ба ваҷҳе, ки зикр шуд, мавсуф ва мутахаллиқ шавад. Калимаи «Аллоҳ» ва «илоҳ» дар Қуръони карим бо сифоте ҳамроҳ оварда шудааст, ки ба таври мутлақ танҳо барои Худо ва хосси зити Ӯ ҳастанд ва касе чизе аз ин сифотро ба таври мутлақ барои ғайри «Аллоҳ» бидонад, он ширки эътиқодӣ ба шумор меравад. Барҷастатарини онҳо ба тартиби зеранд: 1. Бахшандаи меҳрубон (Раҳмони раҳим): «Ло илоҳа илло ҳува-р-Раҳмону-р-раҳим — Илоҳ (маъбуд)-е нест ҷуз Ӯ, ки бахшандаи меҳрубон аст» (Бақара, 2:163), 2. зиндаи поянда ва барподоранда: «Аллоҳу ло илоҳа илло ҳува-л-ҳаййу-л-қайюм — Аллоҳ, нест илоҳе ҷуз Ӯ, зиндаи поянда (ва) барподоранда аст» (Бақара, 2:255), 3. соҳиби иззат ва ҳикмат: «Ло илоҳа илло ҳува-л-ъазизу-л-ҳаким — Нест илоҳе ҷуз Ӯ, тавонову ҳаким аст» (Оли Имрон, 3:6), 4. ҷомеъ (гирдоваранда ва ҳашркунандаи халоиқ дар рӯзи қиёмат: «Аллоҳу ло илоҳа илло ҳува лаяҷмаъаннакум ило явми-л-қиёмати ло райба фиҳи — Аллоҳ, нест илоҳе ҷуз Ӯ, шуморо ҳатман ба рӯзи қиёмат гирд меоварад, ки дар он тардиде нест» (Нисо, 3:87), 5. офаранда ва нигаҳбон: «Золикумуллоҳу Раббукум, ло илоҳа илло ҳува холиқу кулли шайъин, фаъбудуҳу ва ҳува ъало кулли шайъин вакил — Ин аст Аллоҳ Парвардгори шумо, нест илоҳе ҷуз Ӯ, офаридгори ҳама чиз аст, пас Ӯро парастиш кунед ва Ӯ бар ҳар чизе нигаҳбон аст» (Анъом, 6:102), 6. зиндасозанда ва миронанда: «Ло илоҳа илло ҳува юҳйӣ ва юмит — Нест илоҳе ҷуз Ӯ, зинда месозад ва мемиронад» (Аъроф, 7:158), 7. шоистаи таваккул, зоте, ки бояд ба Ӯ таваккул шавад: «Ҳасбияллоҳу ло илоҳа илло ҳува, ъалайҳи таваккалту — Аллоҳ маро басанда аст, нест илоҳе ҷуз Ӯ, бар Вай таваккул кардам» (Тавба, 9:129), 8. бозгашт ба сӯи Ӯст: «Ҳува Раббӣ, ло илоҳа илло ҳу, ъалайҳи таваккалту ва илайҳи матоб — Ӯст парвардгори ман, нест илоҳе ҷуз Ӯ, бар Вай таваккул кардам ва ба сӯи Ӯст бозгаштам» (Раъд, 13:30), 9. дорои илми фарогир ва бениҳоят: «Иннамо илокумуллоҳу-л-лазӣ ло илоҳа илло ҳува, васиъа кулла шайъин илман — Ҷуз ин нест, ки илоҳ (маъбуд)-и шумо Аллоҳ аст, ки нест илоҳе ҷуз Ӯ, ҳама чизро бо илмаш фаро гирифтааст» (Тоҳо, 20:98), 10. Парвардгори Арши арҷманд ва бузург: «Фатаъолаллоҳу-л-малику-л-ҳаққу, ло илоҳа илло ҳува, Раббу-л-Арши-л-карим — Пас бартар аст Аллоҳ он подшоҳи барҳақ, нест илоҳе ҷуз Ӯ, Парвардгори Арши арҷманд аст» (Муъминун, 23:116), 11. шоистаи ситоиш ва ҳукм ба дасти Ӯст: «Ва ҳуваллоҳу, ло илоҳа илло ҳува, луҳу-л-ҳамду фи-л-уло ва-л-охирати ва лаҳу-л-ҳукм — Ва Ӯст Аллоҳ, нест илоҳе ҷуз Ӯ, ҳамд аз они Ӯст дар дунё ва охират ва барои Ӯст ҳукм …» (Қасас, 28:70), 12. фармонравоӣ: «Золикумуллоҳу Раббукум, лаҳу-л-мулку, ло илоҳа илло ҳува — Ин аст Аллоҳ Парвардгори шумо, Ӯрост фармонравоӣ (мулк), нест илоҳе ҷуз Ӯ …» (Зумар, 39:6), 13. шоистаи тақво кардан ва тарсидан аз Ӯст: «аннаҳу ло илоҳа илло ана, фаттақӯнӣ — Ин ки нест илоҳа ба ҷуз Ман, пас аз Ман тақво кунед» (Наҳл, 16:2), 14. бе шарику беҳамто аст: «Ва қули-л-ҳамду лиллоҳи-л-лазӣ лам яттахиз валадн ва лам якун лаҳу шарикун фи-л-мулк ва лам якун лаҳу валийюн мина-з-зулли ва каббирҳу такбиро — Ва бигӯ: Ҳамд Аллоҳеро, ки фарзанде нагирифт ва Ӯро шарике дар мулк (фармонравоӣ) нест ва барояш ёвар ва мададгоре аз (рӯи) забунӣ (хорӣ) нест ва Ӯро бузург дор бузург доштане» (Исро, 17:111), рӯзидиҳанда: «Ва кааййин мин доббатин ло таҳмилу ризқаҳаллоҳу ярзуқуҳо ва ийёкум — Ва чӣ қадар ҷунбандае аст, ки ризқи худро барнамедорад, Аллоҳ онро ва шуморо низ рӯзӣ медиҳад» (Анкабут, 60). Дар замони ҷоҳилият тасаввуроти ширколуд ва маонии омехта ба бутпарастӣ ва инҳирофие дар бораи Аллоҳ ба ақида ва андешаи мардум роҳ ёфта буд, ки дар фаҳми улуҳият музтариб гашта ва дар шакли ибодати бутҳо барои наздикӣ ҷустан ба Аллоҳ ё эътиқод ба ин ки фариштагон духтарони Аллоҳанд ё қавл ба ин ки миёни ҷинҳо ва Аллоҳ насабе вуҷуд дорад, таҷассум ёфта буд. Қуръон бо эълони тавҳиди холис ва сифоти поки Аллоҳ тамоми ин тасаввуроти ғалатро ботил сохт ва маонии дақиқ ва қатъие дар бораи тавҳиди Ӯ ба мардум арза дошт. Пас Аллоҳ воҳиди аҳад, фарди самад ва аз фарзанд, духтар ва шарику анбоз пок аст. Калимаи шомили номи «Аллоҳ» ба ин маъно таҳдоби тамоми асосҳои ислом ва ба ин сиға: «Ло илоҳа иллаллоҳ» калимаи тавҳид ба шумор меравад. Ин калима назаргоҳи омӯзишҳои ақоидӣ аст ва ба гуфтаи Ибни Аббос маънояш дар умум чунин аст: «Нафърасону зараррасон, иззатбахшу хорсоз ва атокунандаву боздорандае нест, магар Аллоҳ». Зоти Аллоҳ танҳо барои имону эътиқод мавзӯъ аст, на маҳалли идроки ақлӣ, зеро Аллоҳ ғайб аст ва ақли башарӣ аз зоту сифоти Ӯ, танҳо он чизеро медонад, ки Худо дар бораи Худ ба забони паёмбарон ва фиристодагонаш хабар додааст. Қуръон дарҳои маърифатро аз тариқи андешидани осор ва тааммул дар далоили пароканда дар коинот мекушояд, вале дарҳои ваҳмро дар идроки ақлӣ ё ҳиссии зоти илоҳӣ мебандад: «Ин аст Аллоҳ Парвардгори шумо, маъбуде ба ҷуз Ӯ нест, офаридгори ҳама чиз аст, пас Ӯро ибодат кунед ва Ӯ бар ҳар чизе нигаҳбон (вакил) аст. Чашмҳо Ӯро дарнамеёбанд ва Ӯ чашмҳоро дармеёбад ва Ӯ борикбину огоҳ (латифу хабир) аст» (Анъом, 6:102, 103). Ғаризаи худопарастӣ ва майл ба Аллоҳ фитрат ва эҳсосе муштарак дар байни тамоми мардум аст ва ин шуур дар андеашаи умматони пешину имрӯза ва ибтидоиву мутамаддин вуҷуд дорад. Қуръон бо ишора ба ин воқеият мефармояд: «Рӯи худро барои дин ҳақҷӯёна ва покона рост бидор — фитрати Аллоҳ, ки мардумро бар он офаридааст» (Рум, 30:30). Дар Қуръон ишороте ба ин маъно омада, ки ҷамодот ва ҳайвонот ҳам Аллоҳро мешиносанд ва дар бораи Ӯ маърифате муносиб ба шаъни худ доранд: «Осмонҳои ҳафтгона ва Замин ва касе дар онҳост, тасбеҳи Ӯро мегӯянд ва ҳеҷ чизе нест, магар бо ҳамди Ӯ тасбеҳ мегӯяд, валекин тасбеҳи онҳоро намефаҳмед» (Исро, 17:44) ва ё: «Эй кӯҳҳо бо ӯ ҳамнаво шавед ва эй парандагон» (Сабаъ, 34:10). Ва шояд ояти «зар» ва «аҳди аласт» (Аъроф, 7:172) ҷавоби саҳеҳ ва мантиқӣ барои суоли: Чаро шуур дар бораи Аллоҳ фитрати муштарак дар байни тамоми мардум аст, бошад. Раҳмони Раҳим الــرحــمــن الــرحــيــم, бахшандаи меҳрубон бо раҳмати бепоёни Худ, меҳрубони бораҳмат. Ҳар ду сиғаи муболиға ё раҳмон сиғаи муболаға ва раҳим сифати ушаббаҳа ва баргирифта аз «раҳмат» барои ифодаи ниҳояти бахшандагӣ ва навозишҳои бепоёни Ҳақ таъоло ҳастанд. Раҳмон дар ин маъно расотар ва раҳмат, неъматҳо ва ифозаи хайри Ҳақ таъолоро дар дунёву охират барои мавҷудот дар бар мегирад. Раҳим раҳмат ва навозишҳои Худованд бар муъминонро ифода мекунад ва дар маъно аз Раҳмон хостар аст. Назди бисёре аз уламо «Раҳмон» ба мисли «Аллоҳ» исми алам ва номи хосси Худо аст ва дар ҳар ҷое аз Қуръон номи «Аллоҳ» омадааст, метавон ба ҷои он «Раҳмон»-ро ба кор бурд ва аксаш — истифодаи номи «Аллоҳ» ба ҷои «Раҳмон» низ ҷоиз ва саҳеҳ аст, дар ҳоле ки чунин корбурде дар бораи дигар номҳои Худо саҳеҳ нест, зеро онҳо исмҳои сифот ҳастанд. Дар Қуръон низ омада: «Бигӯ: Аллоҳро бихонед ё Раҳмонро бихонед. Ҳар кадомро, ки бихонед, пас барои Ӯст номҳои неку …» (Исро, 17:110). Ҳамчунин дар сиёқи оёте, ки дар баёни азоби илоҳӣ омадаанд, исми «Раҳмон» ба кор рафтааст, дар ҳоле ки корбурди исми «раҳим» дар он ҷо саҳеҳ намебошад. Аз ин ҷиҳат назди ин уламо «Раҳмон» (бе изофаи «Абд» ба он) ном кардани касе ҷоиз нест, дар сурате ки калимаи «раҳим»-ро метавон ҳам ба сурати ном ва ҳам ба шакли сифат барои одамон истифода кард. Малик الــمَـلِــك, подшоҳи ду саро; соҳиби мулки ҳастӣ, ки ҳама дар тасарруф ва зери ҳукми Ӯст; ҳоким. Ваҷҳи тахаллуқи банда ба ин ном он аст, ки бар ҷавореҳ ва неруҳои худ тасарруф ва онҳоро дар тоати Ҳақ ва пойбандӣ ба аҳкоми шаръ мусаххар гардонад. Қуддӯс الـقُــدُّوس, поку муназзаҳ; зоте, ки аз симоти нуқсон ва лавозими ҳудусу имкон пок аст. «Ӯст Аллоҳе, ки нест илоҳе ҷуз Ӯ, фармонравои бисёр пок аст» (Ҳашр, 23). Салом الـســلام, саломатбахш ва эминдоранда; саргаҳи саломатӣ ваоромиш; пок аз ҳар айбе; зоте, ки муъминонро аз куфр дар дунё ва аз азоби охират бо ҳидояти онҳо ба сӯи ҳақ эмин ва солим медорад ва аз ҳар айбе пок аст. Асли салом ба маънои саломат аст, ки дар ин сурат ба маънои саломати зот, сифот ва афъоли Ҳақ таъоло аз айбу нуқсон ва аз ширк аст. Дар дуо омадааст: «Аллоҳумма, анта-с-Салому ва минка-с-салом — Худоё, туӣ салом (эминдоранда) ва аз Ту аст салом (амну эминӣ ва саломатӣ)». Имом Ғазолӣ гӯяд: Ҳар бандае, ки аз ғиллу ғаш, ҳиқду ҳасад ва аз иродаи шар саломат монад, дили вай аз маосӣ ва тани вай аз вожгунагӣ ва сифоту ахлоқи паст саломат бошад ва аз бандагони Ҳақ ӯст салом ва мушриф (наздик) ба даргоҳи Салом (Ҳақ) таъоло. Муъмин الــمُـؤْمِـن, амондиҳанда ва эминдоранда; зоте, ки бо эҷоди асбоби зиндагӣ ва шароити амну амонӣ, ба мисли аъзои ҷисм, ҳавос, ғизоҳо, давоҳо, хонаҳо ва ғ. мардумро аз ҳар офате дар дунё эмин медорад ва бо гуфтани калимаи тавҳид аз азоби охират амон медиҳад. Аз ҷумлаи ин амон додани Худо барои муъминон аст, ки онҳоро ба сӯи имон ва ислом ҳидоят ва аз куфру маъсият эмин доштааст, яъне ба онҳо тавфиқи имон додааст. Худованд дар айни ҳоле ки муъмин (омондиҳанда) аст, бимдиҳанда низ ҳаст, он ҷо ки мефармояд: «Ва аз Ман битарсед» (Бақара, 2:40) ва ин ду бо ҳам мунофоте надоранд, чуноне ки Худованд «муиз — иззатбахш», «қобиз — қабзкунанда, тангсозанда» ва «нофеъ — нафърасон, фоидадиҳанда» аст ва ин сифот бо «музил — хорсозанда», «босит — густаранда, кушоянда» ва «зор — зараррасон, зиёндиҳанда» будани Ӯ мунофоте надоранд. Муҳаймин الــمُـهَـيْـمِـن, нигаҳдоранда, ҳифзкунанда; зоте, ки нигаҳдоранда, ҳофиз ва дар айни ҳол муроқиби аҳволи бандагон аст. Тахаллуқи банда ба ин ном он аст, ки аҳвол ва асрори худро муроқабат намояд, нафси худро назорат (контрол) кунад ва аҳкоми шаръ ва роҳи растагориро барои худ ҳифз кунад. Азиз الـعَــزِيــز, тавоно, ғолиб, қодири мутлақ; бемонанд; соҳиби иззат; иззатбахш. Худованд тавоно ва бар ҳар чизе ғолиб аст ва иззат — тавоноиро ба касе хоҳад, мебахшад (Оли Имрон, 3:26). Банда иззатро бояд аз Худо бихоҳад ва онро ҷуз дар тоати Ӯ наҷӯяд. Дар дуо омадааст: «Ва хор намегардад касе, ки ӯро ба дӯстӣ гирифтӣ ва корсози ҳоли ӯ гаштӣ ва иззат намеёбад касе, ки бо ӯ душманӣ кардӣ. Бисёр бобаракат ва бартар ҳастӣ, эй Парвардгори мо» (Сунани Абудовуд, 1425; Сунани Тирмизӣ, 464). Ваҷҳи тахаллуқи банда ба он ин аст, ки бар нафс ва ҳавои худ ғолиб ояд, иззату обрӯро аз Худо талаб кунад, обрӯи худро бо тамаъ ва суол бар дари аҳли дунё нарезад ва бар ғайри Ӯ изҳори эҳтиёҷ накунад. Азизиву хорӣ Ту бахшиву бас, Азизи Ту хорӣ набинад зи кас. Ҷаббор الــجَــبَّــار, ҷубронкунанда, ба ислоҳ оранда; водоранда; муқтадир ва мақҳурсозанда; зоте, ки ҷубронкунандаи шикастаҳо ва ба ислоҳорандаи корҳои хароб ва парешониҳои рӯзгор аст, фақру нокомиҳоро ҷуброн мекунад ва мардум мақҳури ирода ва тақдири Ӯ ҳастанд. Он муболиға дар «ҷабр — ҷуброн кардан» аст ва ҷабр ба маънои бастан ва ислоҳ кардани устухонҳои шикаста низ бошад ва шикастабандро «ҷобир» ва «муҷбир» гӯянд. Ваҷҳи тахаллуқи банда ба он ин аст, ки костиҳои нафси худро бо касби камол ва истикмоли фазоил ҷуброн намояд ва бо мулозамати тақво ва мувозабати тоат бар нафси худ мусаллат гардад. Мутакаббир الــمُـتَـكَـبِّــر, соҳиби кибриё ва бузургӣ; сазовори бузургӣ; зоте, ки дорои камоли бузургӣ ва лоиқи кибриё аст. Ваҷҳи тахаллуқи банда ба ин ном он аст, ки дилро ғарқи кибриёи Ӯ гардонад, роҳи тавозуъро дар пеш гирад ва дар бандагии Ӯ гардан нарм созад. Холиқи бории мусаввир الــخـالـق الــبـاريء الـمُـصَـوِّر, офаранда, пайдокунанда ва суратбахш; зоте, ки мавҷудотро бо андозаҳои муайян офарида (Холиқ), аз адам ва ба сурати нав (бепешина) ба вуҷуд оварда (Борӣ) ва ба онҳо шаклу сурат бахшидааст (Мусаввир). Ин се ном дар Қуръон дар канор ва пайи ҳам зикр шудаанд ва дар умум ба ин маъноанд: Худо ҳар чизро бо андоза ва ҳисоби дақиқ, бе намунаи қаблӣ ва ба шаклу сурате, ки Худ мехост, биофарид. Холиқ офарандаи бо андаза ва ҳисоби дақиқ, борӣ офарандаи мавҷудот бе намуна ва тарҳи қаблӣ, мусаввир офарандаи халоиқ ба шаклу сурати хоссе, ки Худ мехост. Бо ин вуҷуд «Борӣ» ба сурате алоҳида низ оварда ва шарҳ дода мешавад. Борӣ الباريء, созанда, офаранда бе намунаи қаблӣ ва ба андешаи баъзе муфассирон офаранда ва офаридгор. Вожаи Б. дар Қуръони карим се бор (ду бор дар сураи Бақара ояти (2:54) ва як бор дар сураи Ҳашр ояти (59:24) ва дар суннати набавӣ дар ҳадиси асмоуллоҳ омадааст. Он монанди «бадеъ» ва «мубдеъ» ба маънои офарндаи мавҷудот ба таври ғайри масбуқ ба модда ва тарҳи аввалия. Ихтилофи назари муфассирон дар маънои он аз ирҷои калима ба яке аз ду решаи масдари баро بَرَي (ноқиси йоӣ) ва бараа بَرَءَ (маҳмуз-л-лом) маншаъ гирифтааст, ки аввалӣ дар Қуръон ба маънои офаридан ва аз адам (нестӣ) ба вуҷуд овардан ва дуввумӣ ба маънои сохтан ба кор рафтааст. Баъзе муфассирон дар маънои онҳо чандон фарқе нагузошта, ҳар ду калимаро ба маънои муштараки офаридан донистаанд. Калимаи барийя البَرِيَّة (Баййина, 98:6,7) аз назари баъзе муфассирон асли йоӣ дониста шуда, ба маънои офарида ва махлуқ ва калимаи набраа (نَبْرَأَها) дар ояти 22 сураи Ҳадид маҳмузу-л-лом ва ба маънои сохтан — ба вуҷуд овардан ва шакли ҳастӣ бахшидан аст, ки дар ин сурат ба маънои фотир аст, на ба маънои холиқ. Калимаҳои ҳамрешае бо он: бароат (بَرَاءَة) (Тавба, 9:1) ва барӣ (بَريء) ба маънои безор, пок ва барӣ будан низ дар Қуръон (Анъом, 6:19, 78; Анфол, 8:48, Тавба, 9:3; Юнус,10:41; Ҳуд, 11:35, 54; Шуъаро, 26:216; Ҳашр, 59:16) ба кор рафтааст, ки ба маънои номи Б.-и Худо дахле надоранд. Б. ба маънои аввал — офаранда тобиши дигаре аз калимаи холиқ (офаридгор) — номи дигари Худованд буда, дар ояти 24 сураи Ҳашр: Ӯст Худои офаридгор, бавуҷудоранда (ва) суратбахш ва ба маънои дуюм: Ӯст Худои офаридгор, созанда (ва) суратбахш тафсир мешавад. Ғаффор الـــغَـــفَّــارُ, мағфираткунанда, бисёр омурзанда ва пӯшанда)саттор)-и гуноҳ; зоте, ки гуноҳи бандагони муъминро дар дунё мепӯшонад ва дар охират авф мекунад ва мебахшад. Он аз решаи ғуфрон, сиғаи муболаға ва дар шиддати муболаға ва такрори маъно аз сиғаи ғафур бештар аст. «Ман бегумон ғаффор — омурзандаам барои касе, ки тавба намояд, имон оварад ва амали солеҳ анҷом диҳад, он гоҳ ҳидоят ёбад» (Тоҳо, 20:82). Ғ. дар 5 мавзеъ аз Қуръон ва дар ҳадиси ривоятшуда аз Абуҳурайра дар бораи асмоуллоҳ пас аз исми ал-Мусаввир ва дар радаи 15 (Сунани Тирмизӣ, 3507) зикр шудааст. Ғаффор низ ба ҳамин маъност, вале Ғ. дар ифодаи ғаффорияти Худованд аз он расотар аст. Бар пояи омӯзаҳои қуръонӣ дуо бо исми Ғ. ва Ғафури Худованд ва рӯй овардан ба ғаффорияти Ӯ омили рушди иқтисодӣ ва заминсози пешрафтҳои дунявӣ ва ухравии банда гардида, дар зиндагии ӯ таҳаввули куллие эҷод мекунад: «Аз Парвардгоратон мағфират талабед, ки Ӯ ғаффор — нек омурзанда аст, боронро бар шумо шодоб мефиристад ва шуморо бо молҳо ва фарзандон мадад менамояд ва бароятон наҳрҳо ва боғҳое мегардонад» (Нуҳ, 71:10-12). Ғофир низ ба ҳамин маъност. Қаҳҳор الــقَـهَّــار, ғолиб, мақҳурсозанда, шикананда, ҳалоксозанда; қодир, мусаллат ва фармонраво; бисёр тавоно; зоте, ки камари мутакаббиронро мешиканад ва саранҷом онҳоро хору мақҳур месозад: «Ӯст Аллоҳи ягонаи қаҳҳор» (Зумар, 39:4); бар бандагонаш ғолиб ва фармонраво аст. Қоҳир низ ба ҳамин маъно аст: «Ва Ӯст ғолиб ва мутасаллит бар болои бандагонаш» (Анъом, 6:18). Ваҳҳоб الــوَهَّــاب, бахшанда, атокунанда, доимулато; зоте, ки бахшиши Ӯ бепоён ва файзи Ӯ қатънашаванда аст. Решаи ин исм «ҳиба» ба маънои бахшандаи беиваз, атокунандаи беғараз аст ва ҳоҷатбарори бесуол аст ва бо «ҷуд» ҳаммаъност ва ин набошад, магар барои зоти Ҳақ таъоло: «Ва барои мо аз назди Худ раҳмате ато кун. Ҳамоно Туӣ бисёр бахшанда» (Оли Имрон, 3:8). Он барои Худованд бо Қуръон (Оли Имрон, 3:8; Сод, 38:9) ва дар ҳадиси асмоуллоҳ дар Сунани Тирмизӣ (3507) дар радифи 17 собит шудааст. Бахшандагӣ ва ҳоҷатбарории Худованд тибқи корбурдҳо ва иштиқоқоти гуногуни вожаи В. дар Қуръон беандоза ва фарогири тамоми неъматҳо, хубиҳо ва ниёзҳо мебошад, ба монанди атои фарзанд, бозкардани хазинаҳои раҳмат, кушодани дари ризқ, офият бахшидан ва ғ., ки дар оятҳои гуногун ба Худо нисбат дода шудаанд. Ваҷҳи тахаллуқи банда ба ин ном ин аст, ки дар ҷуду бахшиш бикӯшад ва атои ӯ ҳеҷ гоҳ маҳдуд ва мақтуъ нагардад, гарчи андак ҳам бошад. Раззоқ الــرَزَّاق, рӯзидиҳанда, ризқбахш; зоте, ки ба тамоми махлуқот муносиб ба ҳоли эшон ва бо ҳикмати азалияш рӯзӣ диҳад ва кафили ризқи ҳама Ӯ бошад: «Ҳеҷ ҷунбандае дар (рӯи) Замин нест, магар ин ки ризқи он бар Худост» (Ҳуд, 11:6). Ризқдиҳандагӣ аз сифоти хосси Худованд аст, зеро офаранда, бахшанда ва сабаби аслии рӯзии махлуқот танҳо Ӯст. Илова бар ин Ҳақ таъоло корсози ҳоли бандагони муттақӣ аст ва онҳоро аз ҷое рӯзӣ медиҳад, ки дар ҳисобашон нагунҷад (Талоқ, 65:3). Ризқ ду навъ аст: Маҳсус ва маъқул. Ризқи маҳсус барои баданҳо ва ризқи маъқул барои ҷонҳо ва замоир бошад. Ваҷҳи тахаллуқи банда ба ин ном он аст, ки ризқи худро аз Худо бидонад, дар талаби он ҷаҳд намояд, дасти худро василаи ризқи бадан ва забони худро хазонадори ризқи дил гардонад, пас аз он бар Худо таваккул кунад. Розиқ низ ба ҳамин маъност: «Пас моро рӯзӣ бидеҳ ва Ту беҳтарин рӯзидиҳандагонӣ» (Моида, 5:114) ва: «Ва Ӯ беҳтарин рӯзидиҳандагон аст» (Сабаъ, 34:39). Фаттоҳ الــفَــتَّـاح, кушоянда, кушоишдиҳанда, бозкунанда; ҳукмкунанда; нусратдиҳанда; зоте, ки дарҳои раҳмати Худро барои аснофи мавҷудот боз карда, дар корҳо кушоиш диҳад ва дар миёни халоиқ ҳукм кунад, дар дунё ба воситаи асбоб ва дар охират бевосита ва беҳиҷоб; бар дилҳои муъминон нури имон ва дарҳои маърифат ва бар осиён дарҳои тавба ва мағфиратро кушояд; дармондагонро ёрӣ ва ғамзадогонро парасторӣ кунад. Пас фаттоҳ исме ҷомеъ аст. Ҳама дарҳо ба гил бар худ фурӯ банд, Дари Ӯ гир доим дил дар Ӯ банд. Ваҷҳи тахаллуқи банда ба ин ном он аст, ки дари худро бар рӯи толибони молу илм кушода дорад, дармондагонро ёрӣ диҳад ва агар дар тавонаш бошад, ба мушкилоти мардум расидагӣ ва дар миёни онҳо бо адл ҳукм кунад. Алим الــعَـلِـيـم, муболаға ё сифати мушаббаҳа ба маънои олим; бисёр донанда ва огоҳ; доно; зоте, ки ба ошкору ниҳон, нуҳуфтаҳои ботин ва ҳавоҷис (хаёлот ва парешониҳо)-и нафси инсон огоҳ бошад ва илми Ӯ зоҳиру ботин ва кунҳи ҳақоиқро фаро гирад: «Ҳамоно, Туӣ донову ҳаким» (Бақара, 2:37). Баҳраи банда аз ин ном он аст, ки илмҳои диниро то андозае таҳсил ва ҳақоиқ ва маориферо, ки василаи тақвияти имон, такомули ҷавҳари шахсият, тазкияи нафс ва салоҳи ҳоли ӯ ҳастанд, ба даст оварад ва ин фармудаи Худованд ва дуои паёмбар (с)-ро: «Парвардгорам, бар илми ман биафзой» (Тоҳо, 20:114) ҳамеша шиори худ қарор диҳад. Қобизу босит الــقـابِـضُ الــبـاسِـط, гиранда ва раҳокунанда, тангсозанда ва фарохсозанда, қабзкунанда ва густаранда; зоте, ки ризқро бар ҳар ки бихоҳад, танг ва кушода месозад, рӯҳҳоро ҳангоми марг қабз ва ба вақти баъс баст мекунад (ба баданҳо бармегардонад) ё ба вақти хоб қабз ва ҳангоми бедоршавӣ раҳо (баст) мекунад, дилҳоро бо ғаму андуҳ ва маломат танг ва бо овардани шодӣ ва сурур кушода ва мабсут месозад; абрҳоро дар осмон пароканда (мабсут) ва пас аз муддате қабз мекунад ва ба ҷои дигар интиқол медиҳад. Пас баҳраи банда аз ин ду ном он аст, ки дар вақти тангӣ, сахтӣ ва мусибат босабру умедвор ва ба ҳангоми баст — кушодадастӣ, фарохии ҳол ва неъмат шукргузор бошад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки бо зердастон бо қабзу баст рафтор кунад, то тарбият ба камол расад: Вақте малолат ва хастагии бисёр бар онҳо расад, онро бо баст — кушодарӯӣ ва хушрафторӣ аз онҳо дур созад ва агар бисёр ҷуръат ва бебокӣ карданд, онҳоро бо қабз — сахтгирӣ ва роҳнамоӣ ром ва ором созад. Ва гуфтаанд, ки агар нафс бар тоату бандагӣ оромиш дорад, аз ҳад таҷовуз накунад, то пажмурда ва монда нагардад, ки тоати бо инбисот ва нашот ба иҷобат наздиктар аст. Дар фарҳанги истилоҳоти шаръӣ ин ду ном аз аздод ҳастанд ва дар ҳаққи Худованд якҷо (القابض الباسط) барои ифодаи қабзу баст, кашишу кушоиш ва бахшишу маҳрумият дар ҳама чизи моддӣ ва маънавӣ ба кор мераванд. Корбасти ин маъно аз сӯи Қуръони карим дар сифоти Худованд тамоми паҳнои зиндагонии инсон ва сар то сари офариниш: қабзу басти зиндагӣ, тангиву фарохии ризқ, кушодагиву зиқи (тангиҒ-и сина, кушодагӣ ва тангии мулк, густардани абр дар осмон, паҳн ва баҳам печидани соя ва ғ.-ро дар бар мегирад. «Ва Худо қабзу баст (тангиву кушоиш) мебахшад ва ба сӯи Ӯ баргардонида мешавед» (Бақара, 2:245), «Худо ризқро барои касе бихоҳад, баст медиҳад ва (барои касе бихоҳад) танг месозад» (Раъд, 13:26), «… пас (Худо) абрҳоро чигунае бихоҳад, дар осмон паҳн месозад» (Рум, 30:48), «Оё надидӣ, ки Парвардгорат чигуна сояро густаронида ва агар мехост онро сокин мегардонд. Он гоҳ офтобро далеле бар он гардонидем, сипас онро ба сӯи Худ бо нармӣ қабз (ҷамъ) намудем» (Фурқон, 25:45, 46). Вожаи қабзу баст дар Қуръони карим бо муштаққоти феълӣ зикр шуда ва дар суннати набавӣ дар ҳадиси асмоуллоҳ- Сунани Тирмизӣ (3507), Сунани Ибни Моҷа (3861), Мустадраки Ҳоким (41, 42) ва Фатҳулборӣ (14/468, 469) ба шакли исми фоил омадааст. Дар фарҳанги номгузории исломӣ вожаи абд — банда (عبد) бо изофа ба сӯи яке аз номҳои Худованд аз ибтидои зуҳури дини мубини ислом маъмул гаштааст ва номҳое, ба монанди Абдулбосит, Абдулботин, Абдуссамад, Абдуллоҳ ва ғ. аз номҳои табаррук ва маъруф ба шумор мераванд. Хофизу рофеъ الـخـافِـضُ الـرَّافِـع, поиноранда ва бардоранда, фурӯоранда ва болобаранда; хосозанда ва иззатбахшанда; зоте, ки пастиву баландӣ ҳама ба дасти Ӯст, касеро бихоҳад, пасту хор месозад ва касеро хоҳад, баланд мебардорад, миллатеро рифъату некномӣ ва дигареро шикасту нокомӣ медиҳад, якеро бо имон ба Худ наздик ва дигареро бо куфру маосӣ аз раҳмати Худ дур месозад. Якеро некном ва хушовоза ва дигареро бадном ва бемоя мегардонад. Ин ду ном аз аздод ҳастанд ва дар ҳаққи Худованд якҷо ба кор мераванд. Рафеъ исми фоил ба маънои болобаранда ва манзилатбахш аст: «Болобарандаи дараҷот (ва) соҳиби Арш аст» (Ғофир, 40:15). Баҳраи банда аз ин ду ном он аст, ки дар роҳи некномӣ бикӯшад ва аз костиву пастӣ дурӣ гузинад, нусрати дин ва ҳамраҳӣ бо аҳли онро бар худ лозим гирад ва дар костани шаъни дин ва аҳли он бо душманон ва муғризон ҳамдам нагардад. Муъиззу музил الـمُـعِــزُّ الــمُـذِلُّ, иззатбахшу хорсоз, обрӯдиҳандаву хорсозанда; зоте, ки эъзозу излол ба дасти Ӯст, касеро хоҳад, азизу обрӯманд ва касеро хоҳад, хору залил мегардонад; муъминонро дар дунё бо тавфиқи ҳидоят ва тоат иззат мебахшад, шарафи бандагӣ ва хидмат дар роҳи Худро барояшон каромат мефармояд ва дар охират бо рифъати дараҷот ва наъими биҳиштӣ ва бо дидори зоти Худ эъзоз ва икром менамояд; кофиронро бо хизлон ва интихоби роҳи куфр дар дунёву охират хору залил мегардонад. Баҳраи банда аз ин ду ном он аст, ки бузургонеро, ки Худо ба хотири илму маърифат, пойбандӣ ба аҳкоми шариат ва истиқомат дар роҳи дин азиз гардонида, азизу мукаррам дорад. Самиъу басир الـسَـمِـيـعُ الــبَـصِـيـر, шунавову бино; зоте, ки бечигуна мешунавад ва мебинад, дар шунидану дидан ба ҷавореҳу ҳавос ва асбобу васоил муҳтоҷ нест, ин ду сифати Ӯ ҳастанд. Тааллуқи банда ба ин ду ном он аст, ки сухане нагӯяд ва амале анҷом надиҳад, ба ҷуз он чи Ӯ таъоло аз он розӣ бошад ва бикӯшад, то ҳақоиқи шаръро бибинад, омӯзаҳои онро бишунавад ва аз онҳо пайравӣ кунад. Ҳаками адл الـحَـكَـمُ الـعَـدْل, ҳоким ала-л-итлоқ ва додгар, ҳукмкунандаи одил; зоте, ки бо аҳкоми ташреъии Худ дар байни халоиқ ҳукм ва адл кунад ва мардумро ба пайравӣ аз онҳо ва татбиқи адолат ба василаи онҳо даъват мекунад; коинотро бо адлу ҳикмат офарида ва умури онро бо аҳкоми таквинии Худ тадбир мекунад. Тааллуқи банда ба ин ду ном он аст, ки афъоли Ӯ таъолоро бо адлу ҳикмат ва ҳақ донад ва ба чизе аз он эътироз накунад; агар раъияте дошта бошад, дар миёни онҳо бо адл рафтор кунад. Латиф الـلَـطِـيـف, болутф, нарм, меҳрубон; нозукбин, огоҳ аз дақоиқи умур; зоте, ки ҳама ҳастӣ таҷаллии алтофи бепоёни Ӯст ва раҳмати Ӯ ҳама чизро фаро гирифтааст (Аъроф, 7:156); аз камоли лутфи Ӯ таъолост, ки паёмбари акрам (с), Қуръон ва таълимоти динро барои ҳидояти башар фурӯ фиристод, ба муъминон тавфиқи имон дод ва дилҳояшонро ба сӯи тоати Худ моил гардонд. Лутфи Худованд ҳам маҳсусу моддӣ ва ҳам маъқулу маънавӣ аст; аз дақоиқи умур огоҳ ва бар Ӯ чизе пӯшида намемонад: «Дидаҳо Ӯро дарнамеёбанд ва Ӯ дидаҳоро дармеёбад ва Ҳамоно Ӯст дақиқбин (латиф)-у огоҳ» (Анъом, 6:103) ва: «Писарам, агар (амали одамӣ) ба вазни донае аз хардал бошад, пас дар миёни санге ё дар осмонҳо ё дар Замин бошад, Худо онро биёварад. Ҳамоно Худо борикбину огоҳ аст» (Луқмон, 31:16). Хабир الـخَـبِـيـر, огоҳ, бохабар, бисёр доно; донои кул; зоте, ки аз ҳар чи дар осмонҳо ва Замин мегузарад ва ҳар чи ба вуҷуд меояд, огоҳ аст ва аз ҳар ошкору ниҳоне хабар дорад. Хабир гоҳе ба маънои мухбир — хабардиҳанда низ омадааст ва дар ин сурат ба ин маъност, ки Худо аз гузаштаву оянда ва ахбори ғайбие дар китоби Худ хабар додааст: «Ва Ӯст ғолиб (қоҳир) бар фарози бандагонаш ва Ӯст фарзонаи доно» (Анъом, 6:108). Баҳраи банда аз ин ном он аст, ки Худоро бар ошкору ниҳони худ огоҳ бидонад ва муроқиби ҳоли худ бошад; дар умури дин, пойбандӣ ба таълимтоти он ва даъвати мардум ба сӯи арзишҳои он дақиқ ва нозукбин бошад. Дар Қуръон ин ду ном: Латифу хабир якҷо зикр шудааанд (Мулк, 67:14). Ҳалим الـحَـلِـيـم, бурдбор, шикебо; хештандор; муҳлатдиҳанда: «Ва бидонед, ки ҳамоно Худо омурзандаву муҳлатдиҳанда аст» (Бақара, 2:235); зоте, ки бо ҳар коре ба хашм наояд ва дар уқубати банда истеъҷол (шитоб) накунад; бо вуҷуди қудрат, агар банда тавба кунад, ӯро авф фармояд. Худованд худро дар баробари ин ҳилму хештандорӣ ба соҳибинтиқом низ васф кардааст, пас банда бояд аз ҷиҳати ҳилмаш ба авфи Вай умедвор ва ба сабаби интиқомаш аз Ӯ бимнок бошад. Баҳраи банда аз ин ном он аст, ки ҳамеша тамкину виқор дошта, ба ҳар амри нописанд ва кори нохушоянде аз ҷо наравад, аз гуноҳи раъияташ даргузарад ва дар уқубати онҳо шитоб накунад, магар дар иҷрои ҳудуди шаръ. Азим الـعَـظِـيـم, бузург, боазамат; соҳиби бузургӣ; зоте, ки бузургии мутлақ аз они Ӯст ва ақлҳо кунҳи азамати Ӯро дарк накунанд. Тааллуқи банда ба ин ном он аст, ки ҳиммат баланд дорад ва барои матоъи ин дунё пеши ҳар нокасе сар фуруд наорад; мулки ду ҷаҳонро дар баробари азамати Худо ночиз шуморад ва дар таҳсили камолот, сифоти нек ва он чи барояш арзиш ва бузургӣ меорад, бикӯшад. Ин ду ном: Ҳалиму азим дар дуои паёмбар (с) якҷо зикр шудаанд ва дар умум ба ин маъноянд, ки Худо дар баробари он ҳама бузургӣ боз бурдбор ва шикебо аст. Ғафур الــغَـفُـورُ, сахт пӯшанда, маҳвкунанда ва ниҳоят омурзанда. Ғафур аз решаи ғуфрон, сиғаи муболаға ва дар ҳаққи Худо ба маънои ниҳоят омурзанда ва маҳвкунандаи гуноҳони банда аст. «Худо бешак, афвкунанда (ва) ниҳоят омурзанда аст» (Ҳаҷ, 22:60). Ғ. дар 91 мавзеъ аз Қуръони карим ва бо номҳои раҳим, ҳалим, афувв, шакур, азиз ва вудуд ҳамрадиф зикр шуда, дар ҳадиси ривоятшуда аз Абуҳурайра дар бораи асмоуллоҳ пас аз номи «Азим» ва дар радаи 35 (Сунани Тирмизӣ, 3607) омадааст. Шакур الـشَـكُـور, сипосгузор, шукргузор, қадршинос; саногӯи мунъим бар неъмат; зоте, ки қадри аъмоли неки бандагонро бидонад, амал (Оли Имрон, 3:195) ва аҷри онҳоро зоеъ насозад (Аъроф, 7:170; Юсуф, 12:56; Каҳф, 18:30) ва бар онҳо савоби фаровоне ато кунад. Баҳраи банда аз ин ном он аст, ки бар шукри Худо биафзояд, то Худо дари неъмат бар вай кушояд ва дар тоати Ӯ ихлос намояд ва низ агар касе ба вай эҳсоне карда, шукри онро бо мукофоте ё бо дуои хайре ба ҷой оварад. Ин ном: «Шакур» дар Қуръон бо номи «ғафур» (Фотир, 35:30, 34; Шӯро, 42:23) ва «ҳалим» (Тағобун, 64:17) якҷо зикр шудаанд. Алии кабир الـعَـلِـيُّ الـكَـبِـيـر, бартару бузург, баландмартабаву бузург; соҳиби мартабаи бартар ва кибриё; зоте, ки улувви мартаба ва кибриё ба таври мутлақ аз они Ӯст ва аз ҳамаи мавҷудот бартар ва бузургтар аст. Ҳафиз الــحَـفِـيـظ, нигаҳбон, нагаҳдоранда, ҳифзкунанда; ҳимоякунанда; таъминкунандаи асбоб ва шароити бақо; зоте, ки тамоми мавҷудоти оламро ҳифз кунад ва асбоби бақо ва заминаҳои давомро барои онҳо таъмин намояд. Абвоби ҳифзи Худованд барои мавҷудот бисёр ва беҳисоб аст. Ҳифз ба маънои дар ёд доштан ва аз худ кардан (муқобили нисён) ҳам омадааст ва итлоқи ин маъно низ бар Худованд саҳеҳ аст, зеро ҳама чиз дар илми азалии Ӯ маҳфуз аст ва завол бар он роҳ наёбад. Ҳофиз низ ба ҳамин маонист: «Ва Аллоҳ беҳтарин нигаҳбон ва Ӯ меҳрубонтарин раҳмкунандагон аст» (Юсуф, 12:64). Ваҷҳи тахаллуқи банда ба ин ном он аст, ки аҳкоми шариатро дар ҳаёти худ ҳифз ва худро аз маосӣ нигаҳ дорад. Муқит الـمُـقِــيـت, қутдиҳанда, офаранда ва расонандаи ақвот (рӯзиҳо) ба муҳтоҷон; он ба маънои тавоно, нигоҳдоранда, гувоҳ ва ҳозиру огоҳ низ ояд: «Ва Худованд бар ҳар чизе муқит (огоҳ ва тавоно) аст» (Нисо, 3:84). Баҳраи банда аз ин ном он аст, ки ба муҳтоҷон таом диҳад, аз аҳволи нафси худ огоҳ бошад ва дар салоҳи кори худ кӯшад. Ҳасиб الـحَـسِـيـب, кофӣ ва басанда; кифоякунанда; кифоя будан, басанда будан; зоте, ки бандаро аз шарри ҳар соҳибшарре кифоя ва барои дармондагиҳояш корсозӣ кунад: «Ва касе бар Худо таваккул кунад, пас Ӯ вайро басанда аст» (Талоқ, 65:3) ва дар дуои муъминон омадааст: «Аллоҳ моро бас аст ва хуб корсозе аст» (Оли Имрон, 3:173). Ва гӯянд, ҳасиб ба маънои бозхосткунанда ва ҳисобгиранда низ омадааст ва дар ин сурат ба ин маъност, ки Ӯ таъоло ба ҳисоби халоиқ дар рӯзи қиёмат расидагӣ мекунад. Баҳраи банда аз ин ном он аст, ки ниёзи муҳтоҷонро бароварда созад ва нафси худро муҳосаба кунад пеш аз он ки аз вай ҳисоб гирифта шавад. Ҷалил الـجَـلِـيـل, бузург ва бошаън, соҳиби ҷалолат; зоте, ки соҳиби сифоти ҷалол ва камол аст. Баҳраи банда аз ин ном он аст, ки ботин ва ахлоқи худро таҳзиб ва нек гардонад ва ба авсофи камол ва фазоили аъмол ороста гардад. Карим الـكَـرِيـم, бузург, азиз; бокаромат, соҳибҷуд; мунъим; зоте, ки бузургияш карон ва лутфу карамаш поён надорад «Эй инсон, туро чӣ чизе аз Парвардгори карим ва мунъимат фирефтааст» (Инфитор, 82:5). Гӯянд, карим он аст, ки вақте қодир шавад, авф кунад, вақте ваъда диҳад, вафо кунад, вақте ато кунад, беш аз умед диҳад ва касе ба вай паноҳ оварад, ӯро зоеъ нагардонад. Гӯянд, аъробие аз расули Худо (с) пурсид: Эй расули Худо, ҳисоби мо рӯзи қиёмат кӣ кунад? Он ҳазрат (с) фармуд: Худои таъоло худ ҳисоб гирад. Аъробиро хуш омад ва табассум кард. Пурсиданд: Чаро табассум кардӣ? Гуфт: Карим вақте айб бинад, бипӯшад ва чун қодир шавад, авф кунад. Рақиб الـرقِـيـب, нигаҳбон, ҳофиз ва нозири аъмол (муваккал бар онҳо); зоте, ки мавҷудотро бо муроқабат ҳифз кунад ва аз онҳо лаҳзае ғоиб нагардад: «Ҳамоно Худо бар шумо нигаҳбон ва нозир аст» (Нисо, 4:1). Баҳраи банда аз ин ном он аст, ки худро муроқабат ва аз майлҳо ва макрҳои нафс нигаҳ дорад, дар назаргоҳи муҳаббати Ҳақ боадаб бошад, аз кашишҳои нафс ва васвасаҳои шайтон ғофил набошад. Муҷиб الـمُـجِـيـب, иҷобаткунанда, ҷавобдиҳанда; пазиранда; зоте, ки дуоҳоро иҷобат ва ба суолҳо ато намояд: «Ҳамоно Парвардгорам наздик (ва) иҷобаткунанда аст» (Ҳуд, 11:61) ва: «Ё он касе, ки дармондаро иҷобат мекунад, вақте Ӯро бихонад ва (аз вай) бадиро бартараф месозад» (Намл, 27:62). Восеъ الـواسع, кушодафазл, фарохраҳмат; фарогир, пургунҷоиш; зоте, ки раҳмат ва илмаш ҳамаро фаро гирифта, эҳсон ва неъматаш ҳамаро пӯшидааст. Ва гӯянд, ки он ба маънои тавоно, тавонгар ва дастрас низ омадааст, ки вусъ ба маънои қудрат ва тавоноӣ аст. Баҳраи банда аз он ин аст, ки синаи кушода (сааи садр), дасти боз ва ба ҳоли дармондагон дастрасӣ дошта бошад. Корбурдҳои гуногуни вожаи В. дар Қуръон ин маъноро мерасонанд, ки Худованд восеъу-л-илм (Бақара, 2:115), восеъу-р-раҳмат (Аъроф, 7:156), восеъу-л-мағфират (Қамар, 53:32), восеъу-л-ҳикмат (Нисо, 4:130), восеъу-л-фазлу рӯзӣ (Оли Имрон, 3:73; Моида, 5:54; Нур, 24:32), восеъу-л-мулк (Бақара, 2:255) ва ғ. аст ва ҳама чиз бо нисбатҳои мутафовит машмули ин сифоти Ӯянд ва ҳеч чизе аз қаламрави онҳо берун нест. Номи В. барои Худованд бо Қуръон: «Ҳамоно Аллоҳ восеъу бас доно аст» (Бақара, 2:115) ва дар ҳадиси асмоуллоҳ дар Сунани Тирмизӣ дар радифи 46 собит шудааст. Ҳаким الـحَـكِـيـم, фарзона; боҳикмат, соҳиби ҳикмат; соҳиби камоли илм, ҳусни амал ва итқони он: «Ҳамоно Худованд тавонои фарзона аст» (Бақара, 2:220); баъзе гӯянд, ҳаким муболағаи ҳоким аст; зоте, ки ҳар чи офарида ва карда, ба муқтазои ҳикмат ва аз камоли илм кардааст. Ҳикмат ба маънои камоли илм, ҳусни амал ва итқони он аст, пас дар он тобише аз маънои алим бошад. Баҳраи банда аз ин ном он аст, ки дар такмили донишҳои назарӣ ва таҳсини корҳои амалӣ талош варзад, аз нозукиҳои улум ва синоот он чиро ба тазкияи нафс ва такомули шахсияти вай тааллуқ дорад, нек донад ва аз беҳудагӣ (лағв) ва сафоҳат дурӣ ҷӯяд. Вадуд الـوَدُودُ, меҳрубон, пурнавозиш, дӯстдор: «Ҳамоно Парвардгорам меҳрубони пурнавозиш аст» (Ҳуд, 11:90); соҳиби муҳаббат; шоистаи ҳамду муҳаббат; зоте, ки бандагони муъмин ва аҳли тоаташро дӯст медорад ва онҳо Ӯро дӯст медоранд: «Ба зудӣ Худо қавмеро меоврад, ки онҳоро дӯст медорад ва онҳо Ӯро дӯст медоранд» (Моида, 5:54). Дар оятҳои зиёде сифоти бандагоне, ки Худо онҳоро дӯст медорад, бо назари раҳмат ба онҳо менигарад ва дар дунё ва охират мавриди навозишҳои бепоёни Худ қарор медиҳад, зикр шудаанд, аз ҷумла: Худо аҳли эҳсон (муҳсинон) (Бақара, 2:195), тавбакунон ва покиҷӯён (Бақара, 2:222), бандагони муттақӣ (Оли Имрон, 3:76), собирон (Оли Имрон, 3:146), мутаваккилон (Оли Имрон, 3:156), аҳли адл — муқситон (Моида, 5:42) ва пайравикунандагон аз суннати расули акрам (с) (Оли Имрон, 3:31)-ро дӯст медорад ва баръакс, таҷовузкорон — аз ҳадгузарандагон (Бақара, 2:190), фасод ва фасодкорон (Бақара, 2:205; Моида, 5:64), ҳар носипоси гунаҳгор (Бақара, 2:276), кофирон (Оли Имрон, 3:32), золимон (Оли Имрон, 3:57), ҳар мутакаббири фахрфурӯш (Нисо, 4:36), ҳар хиёнатпешаи гунаҳгор (Нисо, 4:107), ҷаҳркунанда — баландгӯяндаи суханони бад (Нисо, 4:148), исрофкорон (Анъом, 6:141; Аъроф, 7:31) ва одамони сархуш (Қасас, 28:76)-ро дӯст намедорад ва рӯзи қиёмат ба онҳо бо назари раҳмат наменигарад. В. ё сиғаи муболиға аз исми фоил ва дар нисбати Худованд ба маънои бисёр бомуҳаббат ва пурнавозиш аст, ки бо он навозишҳои худоӣ ба бандагонаш муносибат мекунад. Он дар ҳаққи Худованд аз шафқату муҳаббати бандагон нисбат ба якдигар фарқ мекунад, он дар Худованд сифати бечигуна ва дар инсон ҳолати инфиоли нафсонӣ ва таассури равонӣ аст ва ё аз исми мафъул гирифта шуда, ба маънои мавдуд — маҳбуб, дӯстдошта ва мустаҳиққи ҳамду ситоиш аз сӯи бандагони муъмини Худ аст. Нишонаи сиҳҳат ва сидқи муҳаббати банда барои Ҳақ таъоло пайравӣ аз расули акрам (с) ва суннати он ҳазрат (с) аст, ки он муҳаббати Худоро барои банда ҷалб ва заминаҳои мағфират ва нузули баракоти Ӯро бар вай фароҳам меоварад (Оли Имрон, 3:31). Исми В. барои Худованд бо Қуръон (Ҳуд, 11:90; Буруҷ, 85:14) ва дар ҳадиси асмоуллоҳ дар Сунани Тирмизӣ дар радифи 48 собит шудааст. Баҳраи банда аз ин ном он аст, ки аҳли дин ва бандагони солеҳи Худоро дӯст дорад, ҳар хайру пешрафтеро, ки барои худ мехоҳад, барои дигар мусулмонон низ дӯст дорад ва бихоҳад, бипайвандад бо ҳар ки аз ӯ бурида ва рамида, ато кунад касеро, ки ӯро маҳрум гардонида ва авф кунад аз ҳар ки бар вай озоре расонидаааст ва ин аввали муҳаббат аст. Маҷид الـمـجيد, бузург, боазамат, бахшанда, бузурграфтор; соҳиби маҷду азамат, арҷманд; бофазлу карам; он муболиғаи «моҷид» ва ба маънои зоте аст, ки соҳиби сифоти бузург, афъоли наку ва атои фаровон аст: «Ҳамоно Ӯ ситудаи бузург аст» (Ҳуд, 11:73). Дар Қуръон вожаи Маҷид (Ҳуд, 11:73; Буруҷ, 85:15) зикр шуда ва исми М. дар ҳадиси асмоуллоҳ дар Сунани Тирмизӣ дар радифи 66 собит шудааст. Моҷид المـَاجِدُ, низ ба ҳамин маъност, вале маҷид дар ифода расотар аст. Боъис الــبـاعِـث, барангезанда, зиндасозанда; фиристанда; бедоркунанда. Вожаи Б. аз решаи баъс (بعث) ба маънои барангехтан, равона намудан — фиристодан, эҳё кардан ва бедор сохтан баргирифта шуда, муштаққоти гуногуни он дар Қуръони карим ба ҳамон маънои васеъи луғавиаш 70 бор ба кор рафтааст, ки беъсат (барангехтан)-и паёмбарон, зинда гардонидани баъд аз миронидан (баъси баъда-л-мавт), эҳёи табиат пас аз давраи карахтӣ, гумоштан ба коре ва ғ.-ро дар бар мегирад. Тамоми ин маонӣ дар зимни номи Б.-и Худованд шомил ҳастанд, вале аслан як маъно — барангехтани мурдагон аз қабрҳояшон дар рӯзи қиёмат дар корбурдҳои истилоҳӣ бар маонии дигари он ғолиб ва тақрибан ба он ихтисос ёфтааст ва аҳёнан ба маънои беъсати паёмбарон низ ба кор рафтааст. «Ва қиёмат омаданист, ҳеҷ шакке дар он нест ва Худо бармеангезад онҳоеро, ки дар қабрҳоянд» (Ҳаҷ, 22:7), «Ва мурдагонро Худо бармеангезад» (Анъом, 6:36), «Рӯзе, ки Худо ҳамаи онҳоро бармеангезад» (Муҷодала, 58:6), «Онҳое, ки кофир шудаанд, пиндоштанд, ки ҳаргиз барангехта намешаванд. Бигӯ: Оре, ба Парвардгорам, ки барангехта мешавед ва ба он чи амал кардаед, хабар дода мешавед ва ин бар Худо осон аст» (Тағобун, 64:7). Б. вақте ба маънои барангезанда (зиндасозанда) ба кор равад, бо номҳои Муҳйӣ, Муъид ва Ҷомеъи Худованд мутародиф мебошад. Ин калима дар Қуръони карим бо муштаққоти феълӣ омадааст ва дар суннати набавӣ дар ҳадиси асмоуллоҳ дар Сунани Тирмизӣ (3507), Сунани Ибни Моҷа (3861), Мустадраки Ҳоким (41, 42) ва Фатҳулборӣ (14/468, 469) ба шакли исми фоил зикр шудааст. Расули Худо (с) дар бораи чигуна барангехта шудани мурдагон дар рӯзи қиёмат мефармояд: «… Пас аз он Худованд аз осмон обе фуруд меорад, ки бар асари он мурдагон ба мисли рӯиши гиёҳон аз замин мерӯянд. Тамоми бадани одам мепӯсад, ба ҷуз устухонпорае, ки он аҷбу-з-занаб (яке аз ҳалқаҳои охири думғозааш) аст, (он боқӣ мемонад ва) рӯзи қиёмат офариниш (дубора) аз он ба вуҷуд оварда мешавад». Баҳраи банда аз ин ном он аст, ки аз файзи тоати Худо имонашро гармӣ ва нашот, бо паёмҳои Қуръон ва иршодоти паёмбари акрам (с) дилашро зинда ва аз борони маърифати ҳақ ҳаёташро шодоб созад. Шаҳид الـشَـهِـيـد, ҳозир, гувоҳ; огоҳ бар ғайбу шаҳодат ва зоҳиру ботин; зоте, ки бар ваҳдонияти Худ гувоҳ (Оли Имрон, 3:18), бар ҳар чизе дар дунё гувоҳ ва аз он огоҳ (Моида, 5:117) ва рӯзи қиёмат бар аъмоли бандагон шоҳид (гувоҳ) аст; ва гуфтаанд, ки шаҳид ба маънои баёнкунанда (мубаййин) низ омадааст ва Ӯ таъоло бо калом ва ваҳйи Худ аҳкоми шариатро барои мардум баён кардааст. Ҳақ الــحَــقّ, собит ва буд, муқобили маъдум ва нобуд; зоте, ки Ӯст ҳасти мутлақ ва ҳастии дигар ҳама аз тариқи имкон аст ва низ Ӯст боқӣ ва дигар ҳама нобудшаванда (ҳолик)-анд. Пас он Зоте, ки боқист, сазовори ҳамду парастиш аст ва банда бояд аз шариати паёмбар (с)-и Ӯ пайравӣ кунад, то аз он нуре ва ҳузуре бар дилаш ворид шавад. Вакил الــوَكِــيـلُ, нигаҳбон, ҳомӣ ва сарпараст; корсоз, муроқиб, гувоҳ; кафили рӯзӣ, мудаббири манофеи бандагон; намояндаи ваколатдор. Нигаҳбонӣ, расонидани рӯзӣ, чорасозии ҳоли бандагон ва тадбири умури махлуқот ҳама бар Ӯ аст ва аз сӯи Вай муқаддар мегарданд, Ӯ муъминонро басанда ва тадбиркунандаи корҳои онҳост. «Аллоҳ моро бас аст ва хуб корсоз ва нигаҳбоне аст» (Оли Имрон, 3:173) ва: «Гуфт: Аллоҳ ба он чи мегӯем, гувоҳ аст» (Юсуф, 12:66). Исми В. бо Қуръон (Нисо, 4:81; Оли Имрон, 3:173) ва дар ҳадиси асмоуллоҳ дар Сунани Тирмизӣ дар радифи 53 собит шудааст. Қавию матин الــقَـوِيُّ الْـمَـتِـيـن, тавонову устувор, соҳиби қувват ва матонат; зоте, ки тавоно бо қувваи комила ва устувор аст; ва баъзеҳо гӯянд, ки фаъил ба маънои мафъул ва он ду ба маънои холиқи қувват ва матонат аст, яъне Ӯст офаридгори қуввату матонат ва нусратдиҳандаи баъзе бандагон. Баҳраи банда аз ин ном он аст, ки бояд дар роҳи касби улуми дин, пойбандӣ ба аҳкоми шаръ ва дар яқинҳои имонияш қавӣ ва боматонат (устувор) бошад. Валӣ الـــوَلِـيُّ, сарпараст, ёвар; муҳиб; носир; зоте, ки сарпараст ва мададгори ҳамаи муъминон аст, онҳоро аз торикиҳои куфр ба сӯи нури имон берун меоварад (Бақара, 2:257), умури бандагони солеҳ ва аҳли тақворо бо лутфи хоссе корсозӣ ва пеш мебарад, онҳоро дӯст медорад ва нусрат медиҳад (Аъроф, 7:196). Тибқи маънои исми В. Худованд сарпараст, нигаҳбон ва мададгори бандагони муъмин ва аҳли тоаташ аст, онҳоро дар дунё бо тавфиқ ва ҳидояташ ёрӣ ва сарпарастӣ мекунад, ботинашонро бо нашоти тоат зинда медорад ва дар охират ваъдадори савоб ва кафили растагории онҳост. Банда бояд Худованд ва бандагони солеҳи Ӯро дӯст дорад, бо онҳо ҳамраҳӣ ва онҳоро ёрӣ диҳад Исми В. бо Қуръон (Бақара, 2:257; Аъроф, 7:196; Юсуф, 12:101; Фуссилат, 41:31) ва дар ҳадиси асмоуллоҳ дар Сунани Тирмизӣ дар радифи 56 собит шудааст. Калимаи «валӣ», «волӣ» ва «мавло» ҳарсе аз як реша ва дар ҳаққи Худованд ба маънои наздик, корсоз, носир, ёвар, мададгор ва нигаҳбон ҳастанд: «… пас бидонед, ки ҳамоно Худо мавлои шумост, неку мавло ва хуб ёварест» (Анфол, 8:40). Ҳамид الـحَـمِـيـد, (фаъил ба маънои мафъул) ситуда, ситоишшуда; сазовори ҳамаи ситоишҳо ва саноҳои хайр: «Пас ҳамоно Аллоҳ тавонгари ситуда аст» (Иброҳим, 14:8); зоте, ки тамоми ҳамду ситоишҳо хос ва сазовори Ӯст, Худро дар китобаш ситуда ва ҳар чизе, ки офарида, ҳама санои Ӯ мегӯянд: «Ва ҳеҷ чизе нест, магар Ӯро ҳамроҳ бо ҳамдаш тасбеҳ мегӯяд» (Исро, 17:44) ва: «Барои Ӯ тасбеҳ мегӯяд он чи дар осмонҳо ва дар Замин аст» (Ҳашр, 59:24); (фаъил ба маънои исми фоил) ситоишгар, ситоянда, саногӯи Худо. Тибқи таълимоти Суннат банда бояд ҳамду санои Худои таъолоро ба ҳадди тавонаш ба ҷой оварад ва бо ин вуҷуд, ба тақсир — кӯтоҳии худ дар ҳамди Худо эътироф кунад. Паёмбар (с) мефармояд: «(Худоё) санои бар Туро баршумурда наметавонам, Ту он гунаӣ ки бар Худ сано гуфтаӣ» (Саҳеҳи Муслим, (486). Баҳраи банда аз ин ном он аст, ки бо пайравӣ аз аҳкоми шариат ва муносибати нек бо бандагони солеҳ худро назди Худову халқ ситуда ва дӯстдошта гардонад ва агар дар мавриде рафтор ва ризои мардум бар хилофи фармудаи Худо бошад, ризои Ӯро баргузинад ва Худо худ кафил ва чорасози корҳои ӯст. Муҳсӣ الـمُـحْـصِـي, баршуморанда, шуморанда, ҳисобкунанда; донанда бар сабили истеқсо, иҳотакарда; зоте, ки тамоми мавҷудоти оламро бо илми Худ фаро гирифта ва шумор ё ҷузъиёти онҳо барояш маълум аст: «Ҳамоно Аллоҳ ҳама чизро бо илмаш фаро гирифтааст» (Талоқ, 65:12) ва: «Ва баршумурдааст ҳама чизро бо адад» (Ҷин, 72:28). Ғофил машав, ки умре з-ин тозатар наёбӣ, Додаш бидеҳ, ки чун шуд, умре дигар наёбӣ. Мубдиъу муъид الـمُـبْـدِيءُ الْـمُـعِـيـد, ибтидокунанда ва баргардонанда, навофаранда ва иъодакунанда, оғозкунанда ва бозгардонанда; зоте, ки халқро дар ибтидо ба сурати нав (бе нусхаи қаблӣ) ва аз адам биофарид ва рӯзи қиёмат онҳоро дубора ба ҳаёт бозмегардонад: «Ҳамон гуна ки офариниши нахустро оғоз кардем, онро бозмегардонем, ваъдаест бар мо …» (Анбиё, 21:104), «Бигӯ: Зинда мегардонад онҳоро он (зот)-е, ки бори аввал онҳоро ба вуҷууд овард» (Ёсин, 36:76). Муҳйиву мумит الـمُـحْـيِـي الْـمُـمِـيـت, зиндасозанда ва миронанда, ҳаётбахш ва маргдиҳанда; зоте, ки маргу зиндагӣ ва эҳёву имота ба дасти Ӯст, мавҷудотеро бо сараён додани иксири ҳаёт дар онҳо зинда мегардонад ва ба онҳо ҳаёт мебахшад ва қисматеро бо чашондани таъми марг мемиронад. Банда бояд неъмати ҳаёт ва даврони офиятро ғанимат шуморад ва ҳарчи бештар дар касби он чи дар дунёву охират ба нафъи ӯст, талош кунад. Ҳай)й(الــحَـيُّ, зиндаи ҳамешаҷовид, зиндае, ки ҳаргиз намирад; зоте, ки ҳаёт сифати зоти Ӯст ва маргу нобудӣ бар Вай роҳ наёбад «Ва бар зинда (ҳайй)-е, ки намирад, таваккул кун» (Фурқон, 25:58). Банда бояд бо ном ва ёди Ҳаййе зинда бошад, ки ҳаргиз намирад, то номи некаш зинда монад. Бузургон гуфтаанд: Касе на чунин аст, ёдаш аз байн рафта ва худ мурдааст, гарчи ҳанӯз дар қайди ҳаёт ва дар миёни зиндагон бошад. Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ, Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо. (Ҳофиз). Ин ном дар Қуръон ҳамроҳ бо номи «қайюм» зикр шудааст. Он ба маънои ҳаётбахш (муҳйӣ) низ ба кор рафтааст. Қайюм الـقَـيُّـوم, барподоранда, қоим ба зоти худ, зиндакунанда ё ҳаётбахш; зоте, ки падидорандаи олами ҳастӣ, барподарандаи низом ва тадбиркунандаи умури коинот аст, Ӯ ба зоти Худ қоим ва дигар мавҷудот аз Ӯ ҳастӣ ёфтаанд : «Аллоҳ, нест илоҳе ҷуз Ӯ, зиндаи ҷовид (ва) барподоранда (-и коинот) аст» (Бақара, 2:255). Ва гуфтаанд, ки қайюм муболиғаи «қаййим» ва ба маънои ба салоҳ оранда ва тадбиркунандаи умури бандагон, ҳидоятгари онҳо ба роҳи салоҳ ва саодат ва барорандаи ҳоҷоти онҳо аст. Дар дуо омадааст: «Эй Ҳай ва эй қайюм, аз раҳматат мадад мехоҳам» (Сунани Тирмизӣ, 3524). Баҳраи банда аз ин ном ба қадри истиғнои ӯ аз ғайри Худо, дастгиирии мардум ва ислоҳи корҳо ва мушкилоти бандагон аст. Воҷид الــواجـد, ёбанда, поянда ва боқӣ; пояндаи ҳамешазинда, пайдокунанда, олим ба ҳама чиз, бениёз ва соҳиби мулки ҳастӣ. Исми В. танҳо дар ҳадиси асмоуллоҳ дар Сунани Тирмизӣ (3507) дар радифи 65-ум омадааст ва дар таъбироти қуръонӣ дар чанд маврид (Тоҳо, 20:115; Зуҳо, 93:7, 8) иштиқоқоти феълии он корбурд шудааст, аз ҷумла дар оятҳои 6-8 сураи Зуҳо ба маънои ёфтан ва пайдо кардан омадааст. Тибқи маънои номи В. ҳеҷ чизе дар осмонҳо ва замин аз қаламрави илми Худованд берун ва пӯшида нест, бо илму кудраташ дар ҳама ҷо ҳузур дорад, хазоини ҳама чиз дар назди Ӯянд ва Ӯ аз ҳар чизе бениёз аст. Банда бояд дар таҳсили он камолоте, ки ӯро ба мақсуд мерасонанд, саъй кунад, то бо фазли Худо аз ғайри Ӯ бениёз гардад. Моҷид الـمـاجـد, бузург, соҳиби маҷду каромат ва дорои камоли мутлақ. Ин ном дар исми «маҷид» гузашт. Воҳид الـواحِـد, якто, якка ва ягона; зоти ягона, ки дар зот, асмову сифот ва афъолаш шарик ва ҳамтое надорад, қабл аз Ӯ чизе набуда, ҳукми адад бар Вай ҷорӣ набошад ва касрат напазирад. Манзур аз номи В. барои Худованд ягонаи ҳақиқӣ аст, ки барояш дуввуме вуҷуд надорад, дар сурате ки мавҷудоти дигар воҳиде аз оҳоди навъи худ ҳастанд. Номи В. ҳам бо Қуръон (Бақара, 2:163) ва ҳам бо ҳадиси асмоуллоҳ дар Сунани Тирмизӣ (3507) дар радифи 67-ум собит шудааст. «Бигӯ: Аллоҳ офаридгори ҳама чиз ва Ӯ воҳиди қаҳҳор аст» (Раъд, 13:16), «Ва маъбуди шумо илоҳе ягона (воҳид) аст, нест маъбуде, ба ҷуз Ӯ, ки раҳмони раҳим аст» (Бақара, 2:163).

Ҳастии Ту сурату пайванд не, Ту ба касу кас ба Ту монанд не.

Он чи тағайюр напазирад, Туӣ, В-он ки намурдасту намирад, Туӣ! (Низомӣ. Махзану-л-асрор) Баҳраи банда аз ин ном он аст, ки дар касби фазлу камол саъй кунад, то агар битавонад ягонаи замон гардад ва дар анҷоми тооту амалҳои худро ваҷҳи Худо ва маъбуди ягонаро талаб кунад, то ба қурби Ӯ даст ёбад. Ин ном дар ривояти Абуҳурайра дар Сунани Тирмизӣ ва Даъавоти Байҳақӣ наомадааст, вале дар «Ҷомеъу-л-усул»-и Ибни Асир ва «Саҳеҳи Ибни Ҳиббон» (808) якҷо бо «аҳад» ба сурати «воҳиди аҳад» омадааст. Самад الـصـمـد, бениёз, пок, ҳоҷатбарор; зоте, ки аз ҳама чиз ва аз оламиён (Оли Имрон, 3:97), аз шарику анбоз ва аз зану фарзанд бениёз аст (Юнус, 10:98), дар талаби ҳоҷот ва баровардани ниёзҳо ба даргоҳи Ӯ қасд мешавад, аз Ӯ ниёз хоста мешавад ва ҳар айбе пок аст. Баҳраи банда аз ин ном он аст, ки дар салоҳи кори ниёзмандон ва баровардани ҳоҷоти дармондагон саъй кунад, аз разоили ахлоқ ва майл ба шаҳавот худро нигаҳ дорад ва худро ҳамеша ба Худои бениёз муҳтоҷ ва вобаста бидонад. Қодиру муқтадир الـقـادر الـمـقـتـدر, тавоно ва қудратманд бо қудрати мутлақа; зоте, ки бар ҳар коре тавоност ва ҳеҷ чиз дар осмонҳо ва Замин аз тасарруф ва қудрати Ӯ берун нест. Ҳамин олами офариниш ва тадбири умури он нишонаи қудрат ва намунаи ҳикмати Ӯст. Муқаддиму муаххир الـمُـقَــدِّم الْـمُـؤَخِّـر, тақдимдорандаву таъхирсозанда, пешоранда ва пасоранда; зоте, ки пеш афкандан ва муқаддам доштан ё пас афкандан ва ба таъхир гузоштан дар тамоми кори олам бо Ӯст. Мас., Одам (а) дар ин олам пеш аз ҳама ба вуҷуд овард ва дар охират ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бар ҳама муқаддам медорад, уммати ислом пас дигар умматон омада, вале дар охират аз ҳама пеш аст. Паёмбар (с) фармуда: «Гарчи ба онҳо (дар ин дунё) пеш аз мо китоб дода шуда ва ба мо баъд аз онҳо китоб дода шудааст, вале мо охиронҳои дар рӯзи қиёмат собиқон ҳастем» Саҳеҳи Бухорӣ, 876; Сунани Насоӣ, 1367). Дунёро пеш аз охират ба вуҷуд оварда, собиқонро аз ҳама пеш ва аз муқаррабони дагоҳаш гардонидааст (Воқиъа, 56:11), дар ҳоле ки дигарон пас аз онҳо ҳастанд. Аввалу охир الأوَّلُ الآخِـر, аввал ва охир; зоте, пеш аз ҳама вуҷуд дошт ва касе ҳамроҳи Ӯ набуд ва пас аз ҳама боқӣ аст ва касе бо Ӯ намемонад. Дар ҳадис омадааст: «Аввале, ки пеш аз Ӯ чизе нест ва охире, ки пас аз Ӯ чизе нест …» (Сунани Абудовуд, 5053; Сунани Тирмизӣ, (3400). Зоҳиру ботин الـظـاهـر الـبـاطـن, ошкору ниҳон, намоёну пӯшида, намудору ноаён, пайдову ниҳон; ғолиб, ошкор, фавқи ҳама ва бартар аз ҳама. З. б. дар ояти 3-юми сураи Ҳадид дар радифи се исми дигари Худованд ва дар ҳадиси асмоуллоҳ дар Сунани Тирмизӣ (3507) дар радаи 75 зикр шудааст. Хаттобӣ дар маънои зоҳир фармуда: Ӯ таъоло бо ҳуҷҷатҳо, бурҳонҳо ва шавоҳиди далолаткунанда бар субути рубубият ва сиҳҳати ваҳдонияташ зоҳир аст, низ бо қудраташ фавқи ҳама чиз аст ва ба маънои бартар ва ғолиб низ ояд. Дар ҳадисе аз расули Худо (с) дар тафсири ояти 3-юми сураи Ҳадид омадааст: «…Туӣ зоҳир, ки болотар ё фавқи Ту чизе нест ва Туӣ ботин, киз поёнтар аз Ту чизе нест» (Саҳеҳи Муслим, 6827 (2713)-61; Муснади имом Аҳмад, 8947 (8960). Мурод аз исми З. духули тамоми мумкинот дар доираи илму қудрат, ихтиёр ва дар иҳота ва тасарруфи Ӯст. Ибни Арабӣ пас аз нақли хулосаи сухани уламо дар бораи исми З. панҷ қавлро дар маънои он зикр кардааст: Далоил ва нишонаҳои худовандии Ӯ зоҳиранд, Ӯ барои бандагонаш зоҳир аст, ба қудрати Худ зоҳир аст, Ӯ зоҳир — олӣ ва бартар аст, Ӯст он зоте, ки падидаҳоро зуҳур бахшидааст. Уламо аз исми З. фавқияти Худовандро собит кардаанд, вале бисёре аз онҳо онро ба маънои улув дар мартаба донистаанд, на улувви маконӣ. Худованд дар Қуръони карим танҳо як бор (Ҳадид, 57:3) бо номи ботин ёд шудааст. Баъзе номҳои Худованд дар истилоҳи шаръ ҳамроҳ бо номи дигаре зид ва ё муқобилмаъно (антоним)-и худ ба кор мераванд ва маънои онҳо дар якҷоягӣ зоҳир мешавад, ба монанди калимаи ботин, ки ҳамроҳи зоҳир ба шакли аз-Зоҳиру-л-Ботин (الظاهر الباطن) ба кор меравад ва ба маънои аёни ноаён ва ошкори ниҳон аст, яъне он зоте, ки аз шиддати зуҳур пӯшида ва ноаён аст. Дар фарҳанги истилоҳоти шаръ Худо бо нишонаҳои қудрат ва осори сунъи хеш барои ақлҳо ошкор ва пайдост, вале қунҳи зоти Вай аз ҳавзаи дарки башар фаротар ва аз дидаҳо пӯшидааст ва барои ифодаи ин маъно исми мураккаби аз-Зоҳиру-л-ботинро ба Ӯ таъоло итлоқ кардааст. Расули Худо (с) дар ҳадиси фавқ ботинро ба ин маъно тафсир кардааст: Ва Туӣ зоҳир, ки болотар аз Ту чизе нест ва Туӣ ботин, ки поёнтар аз Ту чизе нест. Баъзе уламо зоҳир ва ботинро ба маънои донои ошкору ниҳон ва огоҳ бар ҳама чиз донистаанд. Бухорӣ аз Яҳё ривоят мекунад: Зоҳир бар ҳама чиз бо илмаш ва ботин бар ҳама чиз бо илмаш (Саҳеҳи Бухорӣ, боби қавлиллоҳи таъоло: Олиму-л-ғайби, фало юзҳиру ало ғайбиҳи аҳадо, пас аз ҳадиси 7378). Вожаи Б. ба ҳамин шакл — исми фоил дар ояти 3 сураи Ҳадид ворид шудааст ва дар суннати набавӣ ҳам дар ҳадиси асмоуллоҳ Сунани Тирмизӣ (3507), Сунани ибни Моҷа (3861), Мустадраки Ҳоким (41, 42) ва Фатҳулборӣ (14/468, 469) зикри он омадааст. Осори созандаи номи зоҳиру ботини Худованд дар ҳаёти муъмин ба сурати виҷдони имонии огоҳ, эҳсоси ҳузур ва муроқабати Ҳақ таъоло бар тамоми ҳолатҳои ӯ ва лузуми сидқу амонат дар ошкору ниҳонаш мутаҷаллӣ мегардад. Волӣ الـــوالــِي, соҳиб ва сарпараст, тасарруфкунанда ва тадбиркунандаи ягона дар ашё ва мавҷудоти олам. Бар асоси корбурдҳои қуръонӣ номи В. ва дигар иштиқоқоти он ин маъноро ифода мекунанд, ки сарпараст, ёвар ва уҳдадори ҳақиқии умури махлуқот касе ҷуз Худо нест ва гоҳе ба таври маҷозӣ бандаи мутасаддии кореро низ волӣ меноманд. Номи В. бо Қуръон (Раъд, 13:11) ва дар ҳадиси асмоуллоҳ дар Сунани Тирмизӣ (3507) дар радифи 78 собит шудааст. Мутаъолӣ الـمُـتَـعَـالِـي, баландмартаба ва бартар; бузург; он ба маънои «алӣ», вале дар маъно расотар аз он аст. «Донандаи ғайб ва шаҳодат, бузургу бартар» (Раъд,13:9). Бар(р) الــبَــرُّ, некуикунанда, эҳсонкунанда; нек: «Ба ростӣ, мо Ӯро пеш аз ин мехондем. Ба ҳақ Ӯст неку меҳрубон» (Тур, 52:28); зоте, ки эҳсон, некуӣ ва навозишҳои Ӯ ҳамаро фаро гирифта, неъматҳояш берун аз шумор ҳастанд: «Ва агар неъматҳои Аллоҳро баршуморед, онҳоро шуморида натавонед» (Иброҳим, 14:34). Таввоб الــتـوَّاب, тавбапазир, қабулкунандаи тавба; фароҳамсозандаи шароити тавба, ба мисли тавфиқ додан ва шомили раҳмат сохтан; зоте, ки тавбаи бандаро вақте аз маъсият бозистад, қабул мекунад; сабабҳо ва заминаҳои рӯй овардан ба тавбаро барои вай ба вуҷуд меоварад: «Он гоҳ (Худо) бар онҳо (бо фазлу раҳматаш) баргашт намуд, то тавба кунанд. Ҳамоно Аллоҳ Ӯст тавбапазиру меҳрубон» (Тавба, 9:118). Банда бояд ҳеҷ гоҳ аз раҳмати Худованд ноумед нагардад, балки ҳамеша аз Ӯ талаби қабули тавба кунад ва Худо дӯст медорад, ки банда тавба кунад ва ба раҳмати Ӯ баргардад: «Ва Худо мехоҳад, ки (бо раҳмати Худ) бар шумо бозгардад ва тавбаатонро бипазирад» (Нисо, 4:27), вале бояд дар он таъхир накунад: «Ҷуз ин нест, ки (пазириши) тавба бар Худо танҳо барои касоне аст, ки (кори) бадро ба нодонӣ анҷом медиҳанд, он гоҳ ба зудӣ (ва ҳарчи тезтар аз он) тавба мекунанд, пас онҳоянд, ки Худо (бо раҳмати Худ) бар онҳо бозмегардад ва тавбаашонро мепазирад …» (Нисо, 4:17). Дар дуо омадааст: «Парвардгоро, бароям мағфират кун ва тавбаамро бар ман бипазир. Ҳамоно Туӣ тавбапазиру меҳрубон» (Сунани Абудовуд, 1518; Сунани Тирмизӣ, 3434). Мунтақим الــمُـنْـتَـقِـم, интиқомгиранда, сазодиҳанда; зоте, ки бандаро пас аз инзор ва имҳол ба сазои куфр ва амалҳои бадаш дар дунё мерасонад ва аз онҳо бозхосташон мекунад, ин аст маънои интиқоми Худованд: «Худо тавонову соҳибинтиқом аст» (Оли Имрон, 3:4); Худованд дар ин дунё асосан аз муҷримон ва кофирон барои нусрати паёмбарон ва бандагони баргузидааш интиқом гирифта ва аз онҳоро бо фуруд овардани анвоъи азоб аз байн бурдааст. Дар бораи Фиръавн ва қавмаш мефармояд: «Пас аз онҳо интиқом гирифтем ва онҳоро ба сабаби он ки оёти Моро такзиб карданд ва аз онҳо ғофил буданд, дар баҳр ғарқ кардем» (Аъроф, 7:136), боз мефармояд: «Пас вақте Моро ба хашм оварданд, аз онҳо интиқом гирифтем ва ҳамаро якҷо ғарқ сохтем» (Зухруф, 43:55), дар бораи дигар қавмҳои такзибкунанда мефармояд: «Пас аз онҳо интиқом гирифтем, пас бубин, ки оқибати такзибкунандагон чигуна шуд» (Зухруф, 43:25). Худованд дар се маврид (Саҷда, 32:22; Зухруф, 43:41; Духон, 44:11) вожаи «мунтақим»-ро бо сиғаи ҷамъ: «Мо интиқомгирандаем» овардааст. Афув(в) الــعَـفُــوُّ, афвкунанда, бахшанда, даргузаранда; зоте, ки гуноҳони кабираи бандагонро вақте тавба кунанд, афв мекунад ва аз онҳо дармегузарад ва чун аз гуноҳони кабира тавба ва иҷтиноб намоянд, Худо аз гуноҳони сағираашон дармегузарад ва онҳоро маҳв месозад. Баҳраи банда аз ин ном он аст, ки худро ба хислати афв ороста ва гузашт аз кӯтоҳиҳои мардумро пеша кунад, ки Худо фурӯбарандагони хашм ва афвкунандагон аз мардумро ситудааст: «Ва фурӯбарандагони хашм ва афвкунандагон аз мардум» (Оли Имрон, 3:134). Рауф الـرَؤُوف, меҳрубон, бораъфат; зоте, ки бо навозишҳои бепоёни Худ бар бандагонаш раҳмат ва онҳоро мавриди эҳсони Худ қарор додааст, ба мисли фиристодани паёмбарон ва нозил сохтани таълимоти шаръ, ки бандагони муъминро ба василаи онҳо аз азоби ухравӣ нигаҳ дошта ва бо қабули тавбаи гунаҳкорон онҳоро шомили раҳмати Худ сохтааст. Моликулмулк مـالـِكُ الْــمُـلْـك, соҳиби мулк, тасарруфкунанда дар олами ҳастӣ ва тадбиркунандаи умури коинот; зоте, ки офаранда ва тадбиркунандаи мулки ҳастӣ аст ва ҳама дар тасарруфи Ӯст. Зулҷалоли валикром ذوالجلال والاكرام, соҳиби ҷалолу икром, боазамат ва соҳибикром; бузургу икромкунанда; зоте, ки соҳиби ҷалол ва икромкунандаи бандагонаш аст: «Бобаракат аст номи Парвардгори бузургу арҷмандат» (Раҳмон, 55:78). З. дар Қуръон ду бор дар сураи ар-Раҳмон ва дар ҳадиси асмоуллоҳ (Сунани Тирмизӣ, 3507), дар радифи 86 зикр шудааст. Муфассирон З. ба маънои соҳиби азамат, бузургӣ ва эҳсон, соҳиби ғинои мутлақ, шоистаи итоат, мустаҳиққи ҳамду ситоиш ва дорои фазли омм гуфтаанд. Ба гуфтаи Ғазолӣ, З. зоте аст, ки ҷалол — бузургӣ ва камол хосси Ӯст ва каромат танҳо аз Ӯ содир мешавад. Шореҳон калимаи икромро дар ибораи З. ба ду маъно гуфтаанд: 1. Худо сазовори он аст, ки бузург дошта шавад, азамат ва кибриёи Ӯ шинохта шавад ва мавриди инкор ва куфр қарор нагирад, 2. Худо аҳли вилоят ва дӯстони худро икром менамояд, онҳоро бо дараҷоти олӣ ва тавфиқи тоат дар дунё икром ва дар охират амалҳояшонро мепазирад ва дараҷоташонро дар ҷаннат баланд мебардорад. Паёмбари акрам (с) дар дуоҳо ва муноҷотҳояш Худоро бо ин номаш бисёр ёд мекард, ҳатто дар дуое баъд аз намозҳои фарзӣ пас аз се бор истиғфор (гуфтани астағфируллоҳ) Худоро бо: «Ё Залҷалоли валикром» ёд кардааст. Дар ҳадиси дигаре таъкид фармуда: «Дуо бо ё Залҷалоли валикромро бар худ лозим гиред!» (Муснади имом Аҳмад, 17596). Ва дар фазилати он омадааст, ки паёмбар (с) аз канори марде гузашт, ки Худоро бо ин номаш мехонд, фармуд: «Бароят истиҷобат шуд, пас (ҳарчи мехоҳӣ, аз Ӯ) суол кун!» (Сунани Тирмизӣ, 3527). Корбурдҳои зиёди паёмбар (с) ибораи З.-ро сабаб гардида, ки он дар дуоҳо ва муноҷотҳои мусулмонон ҷойгоҳ ва аҳаммияти хоссе пайдо кунад. Муқсит الـمُـقْـسِط, боадолат ва додгар; адолатпеша; зоте, ки ба бандагонаш бо адл бархурд мекунад ва камоли ин маъно дар рӯзи қиёмат зоҳир мешавад, вақте Худованд дар миёни золим ва мазлум адолатро барпо месозад. Ҷомеъ الـجـامِـع, гирдоваранда, ҷамъсозанда; ҳашркунанда; он дар ҳаққи Худо маонии фарогире дорад, аз ҷумла: зоте, ки ақвом ва тоифаҳои қавмӣ ва ҳатто мавҷудоти дорои ҳаёти иҷтимоиро дар минтақаҳо ва нуқтаҳои маскунияшон ҷамъ ва барояшон заминаҳои зиндагиро дар он ҷойҳо фароҳам овардааст ва рӯзи қиёмат халоиқро пас аз зинда гардонидан дар Маҳшар гирд меоварад; дилҳо ва хотири бандагони муъминро бо зикри Худ ором ва ҷамъ месозад, камолот ва фазоилро дар шахсияти паёмбарон ва уламо гирд овардааст. Ғаниву муғнӣ الــغَـنِـيُّ الــمُـغْـنِـي, бениёзу бениёзсозанда, комилу корсоз; дорову ҳоҷатбарор; бениёз ва дорои мутлақ; зоте, ки аз тамоми махлуқот, аз ширку анбоз ва зану фарзанд бениёз аст ва авлиёву дӯстони Худро бо тадбири умри зиндагияшон аз халқ бениёз мезсозад. Он аз решаи «ғино» иштиқоқ ва дар ҳаққи Худо ба маънои кофӣ, тавоно, мустақил ба зоти Худ, бениёз аз ҳар касе ва чизе аст; эҳсонкунанда, бахшанда ҳоҷатбарор, бениёзсозанда ва меҳрубон аст. «Аллоҳ бениёз ва шумо фақир ва ниёзмандед» (Муҳаммад, 47:38). Вожаи «ғанӣ» дар Қуръон ва Суннат бо ҳамин ин сиға ва дар ҳадиси ривоятшуда аз Абуҳурайра дар бораи асмоуллоҳ пас аз исми Ҷомеъ ва дар радаи 89 (Сунани Тирмизӣ, 3507) зикр шудааст, вале калимаи «муғнӣ» дар Қуръон бо иштиқоқоти феълияш омадааст: «Ва ин ки Ӯ бениёз гардонд ва сарват бахшид» (Наҷм, 53:48). Бандагон бо исми Ғ. барои рафъи ниёзҳои моддӣ ва маънавӣ, баракат дар касб ва кушоиши ризқ, саодат дар зиндагӣ, эҷоди осонӣ, дафъи бало ва ғ. дуо ва аз Худо мадад меҷӯянд. Монеъ الـمـانِـع, манъкунанда; ҳифзкунанда; боздоранда; тибқи ҳадис ба маънои зоте, ки «атояшро манъкунандае ва манъкадаашро атокунандае нест» (Саҳеҳи Бухорӣ, 844, 6330; Саҳеҳи Муслим, (593); онро ба маънои нигаҳдоранда ва ҳифзкунанда низ маънидод каррдаанд. Зорру нофеъ الـضـارُّ الــنـافـِع, холиқи хайру шар ва нафъу зарар; зоте, ки нафъу зарар ба дасти Ӯ ва неку бад аз ҷониби Ӯст. Нур الـنُـور, нур, рӯшансозанда; раҳнамо, ҳидоятгар; зоте, ки нур — рӯшансозандаи осмонҳо ва Замин (Нур, 24:35), офарандаи ҷирмҳои нурбахш ва нуронӣ дар осмонҳо ва нозилкунандаи нур — таълимоти нуронӣ ва ҳидоятгар аст, ки ба василаи он бандагони муъминро аз торикиҳо ба сӯи нур берун меорад (Бақара, 2:257; Моида, 5:16). Дар дуо омадааст: «Худоё, дар дил, забон ва шунавоиву биноиям нуре бигардон, аз болову поин, росту чап, пешу пас ва дар нафсам нуре бигардон ва нурамро бузург бигардон, … маро нур бигардон ва ба ман нуре ато кун … ва бар нурам биафзой …» (Саҳеҳи Муслим, (763). Ҳодӣ الـهـادِي, ҳидоятгар, роҳнамо, ба манзил расонанда; зоте, ки ҳидояташ ҳамаи офаринишро фаро гирифта ва ба навъе маҳдуд нест: «Парвардгори мо зоте аст, ки ба ҳама чиз офариниш (и хос)-ашро дода, пас аз он ҳидоят кард» (Тоҳо, 20:50). Бандаи муъмин бо хондани «Моро ба роҳи рост ҳидоят кун, роҳи касоне, ки бар онҳо инъом кардаӣ» (Фотиҳа, 1:5, 6), истимрори ҳидоят ва саботу давом дар онро аз Худо мехоҳад. Бадеъ الـبَدِيـع, бемислу монанд; мубдеъ, падидоранда, аз нав офаранда; мутқин дар сунъаш «Падидорандаи осмонҳо ва Замин аст» (Бақара, 2:117); зоте, ки осмонҳо ва Замин ва дигар мавфҷудотро бо назму итқон ва зебоии бемонанде офаридааст: «Он ки ҳар чизеро неку офарид, ҳар чизеро, ки офарид ва офариниши инсонро аз гил оғоз кард» (Саҷда, 32:7) ва: «Ва шумо сурат бахшид, пас неку сохт суратҳоятонро» (Ғофир, 40:64). Боқӣ الــبـاقـي, ҷовид, абадӣ, поянда; доимулвуҷуд ва фанонопазир; зоте, ки зиндаи ҷовид, ҳаййу қаййум ва боқии абадӣ аст. Дар Қуръони карим иштиқоқоти ин вожа барои исботи сифати бақо барои Худо ба кор рафтаанд. «Ҳар касе бар рӯи он (Замин) аст, фонӣ аст ва (танҳо) зоти Парвардгори ту, ки соҳиби ҷалол ва икром аст, боқӣ мемонад» (ар-Раҳмон, 55:26, 27) ва: «Ва Худо беҳтар ва пояндатар (боқӣ) аст» (Тоҳо, 20:73). Ғаззолӣ дар тафсири ин вожа мегӯяд: Ӯ мавҷуди воҷибулвуҷуд ба зоти худ аст, лекин вақте дар зеҳн ба оянда изофа шавад, Б. ва чун ба гузашта изофа шавад, қадим (аввал) номида шавад. Бо ин вуҷуд аз назари мутакаллимон ва фалосифаи исломӣ мавриди баррасиҳои густардае қарор гирифта, ки басотати луғавии онро то андозае печида сохтааст. Вожаи Б. дар Қуръони карим бо муштаққоти феълӣ омадааст ва дар суннати набавӣ дар ҳадиси асмоуллоҳ — Сунани Тирмизӣ (3507), Сунани Ибни Моҷа (3861), Мустадраки Ҳоким (41, 42) ва Фатҳулборӣ (14/468, 469) ба шакли исми фоил зикр шудааст. Банда фитратан ба абадият ва ҳаёти мондагор гароиш дорад ва мақоми ҷовидонагӣ ва ҳаёти абадиро бо таҷаллии осори номи Б.-и Худованд дар зиндагияш, бо пайравӣ аз таълимоти шариати Ӯ ва бо анҷом додани корҳои мондагоре, ки дар таъбири қуръонӣ ба онҳо боқиёти солиҳот- пасандозҳои нек гуфта мешавад, ба даст меоварад ва ба саодати абадӣ дар биҳишт даст меёбад. Ворис الــوارث, меросгир, соҳиб, бадастгиранда ва пояндаи боқӣ пас аз фанои мавҷудот. Бар асоси корбурдҳое, ки исми В. дар Қуръон дорад (Марям, 19:40; Ҳиҷр, 15:23), пас аз поёни ҳаёти дунё мулки осмонҳо ва замин ба Худованд тааллуқ дорад, молик ва қабулкунандаи олами ҳастӣ пас аз марги мавҷудоти зинда Вай аст ва фарҷоми ҳама чиз ба сӯи Ӯст. Исми В. дар Қуръон ду бор бо сиғаи ҷамъ ворисун ва ворисин (меросбгирон) (Ҳиҷр, 15:23; Анбиё, 21:89) ва дар чандин маврид бо иштиқоқоти феълияш корбурд шудааст ва дар ҳадиси асмоуллоҳ дар Сунани Тирмизӣ (3507) дар радифи 97-ум омадааст. Рашид الـرشِـيـد, бар роҳи рост, дуруст; муршид ба сӯи ростӣ ва саодат; зоте, ки роҳи пешниҳодкарда ва аҳкоми фиристодааш рост ва барҳаққанд ва бандагонашро ба василаи онҳо ба сӯи растагорӣ ҳидоят мекунад. Сабур الـصَـبُـور, шикебо, бурдбор; хештандор; он наздик ба маънои «ҳалим» аст; зоте, ки дар ахз — баргирифтан ва иқоб кардани гунаҳгорон дар ин дунё шитоб накунад, вале дар охират сареъулҳисоб (Бақара, 2:202; Оли Имрон, 3:19 ва ғ.) ва шадидулъиқоб (Бақара, 2:196; Оли Имрон, 3:11 ва ғ.) аст. Худованд паёмбар (с)-ро дар расонидани аҳкоми Парвардгор ба сабру таҳаммул фаро хонда ва дар ин дуо: «Парвардгорамон, бар мо сабрро фурӯ рез ва қадамҳоямонро собит нигаҳ дор …» (Бақара, 2:250) ва амсоли он бандагони муъминро ба сабру пойдорӣ тавсия кардааст. Витр الــوِتْــر, тоқ, фард, яктои беҷуфт ва воҳиди бемонанд. Расули Худо мефармояд: «Худоро наваду нуҳ — як кам сад ном аст. Касе онҳоро ҳифз намекунад, магар ба ҷаннат медарояд ва Ӯ витр аст ва витрро дӯст медорад» (Бухорӣ, 6410; Саҳеҳи Муслим, 6750 (2677)-5). Аксари муҳаддисон ибораи «Витрро дӯст медорад»-ро бар умум ҳамл кардаанд, то фарогири ҳама чизи тоқ бошад. Қуртубӣ пас аз зикри ин ақвол мегӯяд: Барои ман ваҷҳи дигаре зоҳир гашта, ки мурод аз витр дар ҳадис тавҳид аст ва маънояш ин аст, ки Аллоҳ дар зот, сифот ва афъолаш воҳид — ягона аст ва тавҳидро дӯст медорад (Фатҳу-л-борӣ. — Ҷ. 14. — С. 487). Дар миёни асмоуллоҳ бар асоси зикри Фатҳулборӣ номҳое аз Қуръон баргирифта шудаанд, ки дар ҳадиси асмоуллоҳ дар Сунани Тирмизӣ наомадаанд, ба мисли: Халлоқ (холиқ), муҳит (фарогир, иҳотакарда; муроқиб ва нозир: «Ва Аллоҳ иҳотакунанда ва муроқиби кофирон аст» (Бақара, 2:19), мавло (сарпараст, ёридиҳанда; корсоз), насир (нусратдиҳанда, носир), қариб (наздик), шадид (қавӣ, тавоно, сахтгир; сахтъиқоб: «Омурзандаи гуноҳ ва пазирандаи тавба, сахтъиқоб (ва) соҳиббахшиш …» (Ғофир, 40:3), қадир (қодир, тавоно; соҳиби қудрат), қоҳир (қаҳҳор), кофӣ (кифоякунанда, басанда; нигаҳдоранда, ҳифзкунанда: «Оё Худо бандаи Худро басанда ва ҳифзкунанда нест?» (Зумар, 39:36), шокир (шакур), мустаон (касе, ки аз ӯ кумак хоста мешавад, ёридиҳанда, мададгор, дастгир: «Ва Худо мустаон аст бар он чи шумо васф (баён) мекунед» (Юсуф, 12:18), фотир (шикофанда; офаранда, падидоранда: «Бигӯ: Худоё, офарандаи осмонҳо ва Замин (ва) донандаи ниҳону ошкор …» (Зумар, 39:46), ғолиб (тавоно, бартар), рафеъ (баландмартаба, бартар, бузург), қоим (қайюм, пойдор), акрам (карим, бокаромат), аъло (бартар, алӣ), ҳафӣ (мустаҳиқ, сазовор; меҳрубон: «Ба зудӣ барои ту аз Парвардгорам талаби омурзиш мекунам. Ҳамоно Ӯ ба ман бисёр меҳрубон аст» (Марям, 19:47), раб(б) (парвардгор; парваришдиҳанда, мураббӣ; раб(б) аз номҳои накуи Худованд аст ва ба кор бурдани он ба таври мутлақ ҷуз барои Худованд, ки кафили маслаҳати мавҷудот аст, ҷоиз нест), илоҳ (маъбуд, зоти шоистаи парастиш) ва аҳад (ягона: «Бигӯ: Ӯ Аллоҳ ягона аст» (Ихлос, 112:1; бояд донист, ки калимаи «аҳад» аз ҷиҳати баёни мафҳуми ягонагӣ аз «воҳид» расотар ва комилтар аст), ки ба сабаби равшан будан ва дар иштиқоқоти дигари он зикр шудани маънояшон, ба шарҳи онҳо напардохтем. Номҳои Худованд дар мақола бар асоси ҳадиси асмоуллоҳ дар Сунани Тирмизӣ зикр шудаанд, ки дар он тартиби алифбоӣ риоя нашудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • مريم بنت عبد العالي، معاني اسماء الله الحسني بين اهل السنة والمخالفين. — الرياض، 1430 هـ؛ سيد احمد محسب مرسي، معجم اسماء الله. — بيروت، 1993؛ عبد الرحمان بن اسحاق الزجاجي، اشتقاق اسماء الله. — بيروت، 1986؛ شمس االدين محمد بن احمد القرطبي، الاسني في شرح اسماء الله الحسني وصفاته. — القاهرة، 2006؛ ابواسحاق ابراهيم بن السري الزجاج، تفسير اسماء الله الحسني. — بيروت، 1986؛ الموسوعة الاسلامية العامة. القاهرة، 2001؛ دهلوی، عبد الحق بن سیف الدین. اشعة اللمعات، ترجمه وشرح مشکاة. ج. 4. — زاهدان، 1389 ش.؛ حمید مهدوی. فرهنگ مبین: شرح وبررسی واژگان قرآن. — تهران، 1393 ش. Донишномаи ҷаҳони ислом. Ҷ. (1), Т., 2000; Маҳмуд Сулаймон Сомӣ. ан-Нуру-л-асмо фӣ шарҳи асмои-л-ҳусно (тарҷимаи форсӣ, Муҷтабо Дурузӣ). Т., 1387 ш.; Роғиби Исфаҳонӣ. Муфрадоту алфози-л-Қуръон. Қум, 1383 ш.; Мисбоҳи мунир, гузидаи тафсири Ибни Касир. Риёз, 2002; Саҳеҳи Бухорӣ. Бейрут, 2007; Саҳеҳи Муслим. Бейрут, 2005; Муснади имом Аҳмад. Қоҳира, 1995; Муҳаммад Фуод Абдулбоқӣ. ал-Муъҷаму-л-муфаҳрас ли алфози-л-Қуръони-л-карим. Қум, 2005; Доктор Аҳмад Мухтор Умар. Асмоуллоҳи-л-ҳусно. Қоҳира, 1997; Абулфазл Аҳмад ибни Алӣ ибни Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ҳаҷари Асқалонӣ. Фатҳу-л-борӣ шарҳу Саҳеҳи Бухорӣ. Ҷ. 14. Риёз, 1993; Сунани Тирмизӣ. Бейрут, 2004; Сунани Ибни Моҷа. Бейрут, 2004; Ҳокими Нишопурӣ, Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ. Мустадраки Ҳоким. Ҷ. 3. Бейрут, 2006.|муаллиф=А. Боқизода