Асоси иншоот
Асоси иншоот ё таҳдоб (русӣ: Фунда́мент, лот. fundamentum) — табақоти ҷинсҳои куҳӣ, ки бевосита бори иморатро мебардоранд; таги таҳкурсии бино ва иншоот.
Вобаста ба пайдоиш ҷинсҳои куҳии магмавӣ (гудохтаи зеризаминӣ), таҳшин ва метаморфи (дигаршуда) мешаванд. Ҷинсҳои магмавӣ сохти булӯрӣ (кристаллӣ) доранд ва ба гурӯҳи заминҳои сангӣ (сахра) нисбат дода мешаванд. Ҷинсҳои таҳшин метавонанд сангӣ ё ғайрисангӣ шаванд. Ҷинсҳои метаморфӣ ба гурӯҳи заминҳои сангӣ дохил мешаванд. Хокҳои таҳшин вобаста ба пайдоишашон ба заминҳои қитъавӣ ва таҳшинҳои баҳрӣ тасниф мешаванд. Хокҳо (заминҳо) — ҷинсҳои куҳие, ки объекти фаъолияти муҳандисию сохтмонии инсон мебошанд ва ба сифати асос (заминаи бино ва иншоот), муҳит ё маводди биносозӣ истифода бурда мешаванд. Хосиятҳои ба биносозӣ дахлдори хокҳоро омезиши маъданӣ ва гранулометрӣ, сохт, таркиб ва ҳолати хок дар ҷойгиршавии табиии онҳо муайян мекунад.
Ду гурӯҳи асоси иншоот (таҳдоб) маъмул аст: асосҳои сангӣ ва асосҳои хокӣ. Бори иншоот ба асоси иншоот ба воситаи таҳкурсӣ таъсир мекунад. Дар вақти сохтани бино ҳадди бардошти таҳдоб ва ҳадди тағйирёбии шакли асосро ба назар гирифтан лозим аст. Интихоби дурусти навъи асос ва таҳкурсӣ дар баробари он ки иншоотро нигоҳ медорад, аҳаммияти калони иқтисодӣ ҳам дорад. Аз ҳадди бардошти таҳдоб зиёд шудани вазни иморат боиси ноустуворӣ мегардад ва дар натиҷа дар таҳдоб сатҳҳои лағзиш пайдо мешаванд. Барои ин гуна сатҳҳо таносуби байни шиддати нормалӣ σ ва шиддати тангенсиалӣ τ, ки аз таъсири бори бино ва вазни хусусии хок (замин) пайдо мегарданд, бо формулаи Кулон-Мор: τ = σ tg + с (φ ва с мушаххасоти хок: кунҷи соиши дохилӣ ва қобилияти часпандагии хок мебошанд ва муқовимати онро ба шиддати тангенсиалӣ нишон медиҳанд) ифода мешавад. Тағйироти якҷояи таҳдобу бино ва қиматҳои ҳудудии онҳо чанд навъ аст: фурӯнишинии мутлақи таҳкурсӣ; фурӯнишинии муътадили худи бино; фурӯнишинии нобаробари таҳкурсиҳои ҳамсоя; моил шудани таҳкурсӣ ё тамоми бино; фурӯ хамидани ягон қисм; лағзиши уфуқии таҳкурсӣ ё тамоми бино.
Биноҳои манзилӣ ва саноатиро, маъмулан, дар асосҳои хокӣ месозанд. Қишрҳои сангдор чун таҳдоб дар иншооти нақлиётӣ (хусусан, пулсозӣ) ва ҳидротехникӣ истифода мешаванд. Дар шароити муҳандисӣ-геологии Тоҷикистон ба сифати таҳдоби бино аксар хокҳои суст (зардхок)-ро истифода бурдан лозим меояд. Бинои дар ин гуна асос сохташуда нобаробар мешинад. Бинобар ин, пеш аз сохтмон заминро хуб шибба мекунанд ё усулҳои гуногуни мустаҳкамкуниро ба кор мебаранд. Лоиҳакашии таҳдобҳо мувофиқи меъёрҳои амалкунандаи сохтмонӣ иҷро карда мешавад.
Ҳангоми лоиҳакашии таҳдобҳо ва таҳкурсиҳо, муқаррароти зеринро бояд ба эътибор гирифт: таъмин намудани мустаҳкамӣ ва риояи талаботи истифодабарии бинову иншоот (тағйирдиҳии шакли умумӣ ва нобаробариҳои он дар иморат набояд аз меъёрҳо зиёд бошад); истифодабарии пурраи хосиятҳои мустаҳкамӣ ва тағйири шакли хокҳо, инчунин мустаҳкамии моддаи таҳкурсӣ; ноил шудан ба арзишнокии мувофиқ, таъмини сарфаи мавод ва меҳнат. Интихоби таҳдобҳо ё сохти таҳкурсиҳо дар заминаи муқоисаи нишондиҳандаҳои техникию иқтисодие, ки бо ёрии лоиҳакашии гуногунтарзӣ дастрас шудаанд, иҷро карда мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асоси иншоот // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Далматов Б. И. Механика грунтов, основания и фундаменты. Л., 1988;
- Алексеев С. И. Основания и фундаменты. СПб, 2007. И. Тоҳиров.