Jump to content

Асосу-л-иқтибос

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


«АСÓСУ-Л-ИҚТИБÓС» ар. اساس الاقتباس асари Насируддини Тусӣ дар илми мантиқ, ки соли 1245 ба забони форсии дарӣ таълиф гардидааст. «Асосу-л-иқтибос» аз 9 мақола иборат буда, тамоми қисмҳои мантиқи анъанави (шаклӣ)-ро фаро мегирад. Мувофиқи он «илми мантиқ шинохтани маъниҳоест, ки аз он маъонӣ расидан ба анвои улуми муктасаб мумкин бошад». Бинобар ин муаллиф пеш аз ҳама ба таҳлили моҳияти мафҳум (лафз) пардохта (мақолаи якум), исбот мекунад, ки лафз аломатест барои ифодаи маънӣ. Вале ин ақидаи ӯ аз истилоҳгароӣ дур аст, зеро лафзҳо бо ёрии маънӣ ба ашёву ҳодисаҳо далолат карда, инъикоси айнӣ ё хаёлии онҳо мебошанд. Аз ин ҷиҳат таълимоти Тусӣ дар бораи мафҳум ва мақулоти ашара – категорияҳои даҳгона (мақолаи дуюм) ҷанбаи воқеъбинона дорад ва тамоюли моддигароёнаи мантиқи ӯро муайян мекунад. Дар назариёти Тусӣ доир ба қазия (ҳукм) ва қиёс – силлогизм (мақолаҳои сеюму чорум) усули ифодаи шаклии ҳодисаҳои мантиқӣ беш аз пеш такмил ёфта, тарзи ифодаи риёзии онҳо пешниҳод шудааст: «касонеро, ки бо риёзӣ илфе [ошноие] бувад, бо ин баён осонтар тасаввур кунанд». Дар «Асосу-л-иқтибос» масъалаҳои моҳияти бурҳон, навъҳои он, шароити муқаддимоти он, таносуби вай бо ҳад, расм, мисол, истиқроъ ва қиёс барин санъатҳои мантиқӣ (мақолаи панҷум) муфассал баён шудаанд. Тусӣ ҷадал – диалектика ва суфистиқо – софистикаро (мақолаи шашуму ҳафтум) низ аз санъатҳои мантиқӣ медонад. Вале, агар ҷадал санъати бо роҳи муколама ва мубоҳаса ба даст овардани ҳақиқат бошад, суфистиқо санъати қасдан ба кор бурдани ҳилаҳои мантиқиест, ки ҳақро ботил, ботилро ҳақ нишон медиҳад. Ҷадал санъати ҳақиқии мантиқӣ, суфистиқо санъати гумонӣ ва хаёлист. Донистани ҷадал барои кашфи ҳақиқат, донистани суфистиқо барои аз хатоҳои мантиқӣ барҳазар будан ва фош кардани ҳилаҳои мантиқии суфистоиён зарур аст. Тусӣ аз рӯи анъана хитоба ва шеърро (мақолаи ҳаштуму нуҳум) аз фаслҳои мантиқ медонад, вале онҳо аслан мавзӯъҳои мантиқӣ нестанд. Дар «Асосу-л-иқтибос» як даста масъалаҳои муҳимми назарияи дониш низ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд: моҳияти дониши ҳиссию ақлӣ, иқтибосию ғайрииқтибосӣ, ҳақиқат ва навъҳои он аз ҳамин қабиланд. Дар натиҷаи таҳлили ин масъалаҳо вай ба чунин хулосаи муҳимми диалектикӣ расидааст: «маърифати чизҳо амре нест, ки ҳусули он дафъати воҳида бошад, бал онро маротиб аст дар қуввату заъф ва вузӯҳу хафо ва хусусу умум ва камолу нуқсон». «Асосу-л-иқтибос» дар такомули забони форсии дарӣ, алалхусус истилоҳоти фалсафию мантиқӣ нақши муҳим бозидааст. «Асосу-л-иқтибос»-ро Рукнуддин Муҳаммад ибни Алии Астарободӣ (асри 14) ба арабӣ тарҷума кардааст. Бо унвони «Асосу-л-иқтибос» ду асари дигар (яке аз Ихтиёруддин ибни Саидғиёсуддини Ҳусайнӣ, ки маҷмӯаест мунтахаб аз Қуръони карим, ҳадис ва назму насри арабӣ ва соли 1907 дар Қоҳира ба табъ расидааст, дигарӣ аз Мирзо Зоҳид ва Ҳайдари Қазвинӣ дар аҳволи шоҳ Аббоси Сонии Сафавӣ) низ мавҷуд аст, ки набояд онҳоро бо «Асосу-л-иқтибос»-и Тусӣ яке донист.

  1. Диноршоев М. Философия Насируддина Туси. Душанбе, 1968