Jump to content

Асосҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


АСОСҲÓ, маҷмӯи меъёрҳои умда ва усул (принсипҳо), ки тибқи онҳо ин ё он соҳаи муайян шакл мегирад ва равнақ меёбад. Асосҳои вобастаи тамоми навъҳои илм, соҳаҳои фарҳанг ва бархе аз иқтисодиёту саноат буда, дар иртибот ба хусусиятҳои худ шарҳу тафсир меёбанд. Тариқи мисол асосҳо дар қонунгузорӣ, асосҳои фалсафа, асосҳои мусиқӣ, асосҳои ҳандаса ва ғайра. Дар ҷилдҳои энсиклопедӣ ин мазмун дар бештари маворид дар дохили истилоҳи асосӣ (масалан, «асосҳои ҳандасӣ» дар мақолаи «ҳандаса» ва ғайра) дода мешавад.