Аспи қазоқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аспи қазоқӣ
Аспи қазоқӣ

Аспи қазоқӣ — зоти саворӣ, боркаш ва гӯшту ширдеҳ.

Аспи маҳаллии қазоқист. Дар натиҷаи ҷуфт кардани зоти аспҳои маҳаллӣ бо аспҳои муғулӣ, осиёими­ёнагӣ ва аврупоӣ ба вуҷуд овардаанд. Аспи қазоқӣ гуногунранг ва хурдҷусса буда, сари газгӯшт, тахтапушти ҳамвор, синаи васеъ, пойҳои кӯтоҳи пурқувват ва суми мустаҳкам дорад. Баландиаш 131—138 см, даври синааш 156—164 см, банди пояш 16-18 см. Вазнаш 320—360 кг.

Аспи қазоқӣ 25 киллометрро дар 36 дақиқа тай кардааст. Байтали аспи қазоқӣ дар як шабонарӯз 8-9 литр шир медиҳад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]