Аспи қирғизӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аспи қирғизӣ ё лақайӣ

Аспи қирғизӣ — зоти аспи маҳаллии саворию боркаш. Аспи қадими қирғизӣ. Аспи қирғизӣ ба гармою сармои куҳистон мутобиқ аст. Ашҳаб, тӯруқ, баъзан зард мешавад. Аспи хурдҷусса буда, сари камгӯшт, гардани рост, танаи дароз, тахтапушти кӯтоҳ, синаи васеъ, пойҳои кӯтоҳ, суми мустаҳкам дорад. Баландиаш 136,0-140,3 см, даври синааш 141, 2-142,8 см, банди пояш 17,8-18,4 см, вазнаш то 350 кг. Асосан дар ноҳияҳои куҳсори Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон мепарваранд. Аспи қирғизӣ саворӣ, боркаш ва ширу гӯштдеҳ аст. Байталаш то 16 литр (дар 1 шабонарӯз) шир медиҳад. Зоти Аспи қирғизиро бо аспҳои асили донӣ, асили саворӣ ва аспҳои зоти навқирғизӣ беҳтар мекунанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]


Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]