Асрҳои байнияхбандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


Тағйирёбии ҳарорат дар 5 миллион соли охир
Тағйирёбии ҳарорат дар 5 миллион соли охир

АСРҲÓИ БАЙНИЯХБАНДӢ, интерглятсиал, фосилаи вақтии давраи яхбандӣ, ки асрҳоро аз ҳам ҷудо мекунад. Асрҳои байнияхбандӣ аз давраи яхбандӣ бо иқлими гарм, кам шудани масоҳат ё нобудшавии қабати ях дар арзҳои миё­на фарқ мекунад. Давраи геологии ҳозир (антропогенӣ) бо таносуби 8:2 байни яхбандӣ ва асрҳои байнияхбандӣ ва давомнокии тақрибан 20 ҳазор сол мебошад. Иқлими Замин на ҳамеша бо ивазшавии Асрҳои байнияхбандӣ ва давраҳои яхбандӣ тавсиф мешуд. Мисоли иқлими гарми устувор давраи палеоген (давомнокиаш тақрибан 40 млн сол) мебошад.

Асрҳои байнияхбандии муосир [вироиш]

Ice Age Temperature.png

Давраи ҳароратҳои баландтарини ҳар як асрҳои байнияхбандӣ «оптимуми иқлимӣ»-и он номида мешавад. Асрҳои байнияхбандии муосир, ки давраи сардшавиро иваз намуд («дриаси дер»), голотсен номида шудааст, ки тақрибан 12 ҳазор сол қабл аз ин оғоз ёфтааст. Оптимуми иқлимии голотсен (ба ном «оптимуми Атлантика»), ки аз оптимуми иқлимии муосир 1–3оС баланд аст, тақрибан аз 9 то 5 ҳазор сол қабл давом ёфт. Давомнокии голотсен аз 10 то 20 ҳазор сол буда, итмоми он ва оғози давраи нави яхбандиро пас аз чанд ҳазор сол интизор шудан лозим аст.

Давраҳои таърихии асрҳои байнияхбандӣ[вироиш]

Асрҳои байнияхбандӣ ро ба давраҳои таърихии зерин ҷудо мекунанд:

  • – Эем ё Эм, Микулин, Казансев (Русия), Сангамон (Амрикои Шимолӣ) – 128000 ва 117000 сол қабл;
  • – Голштейн, байни 335000 ва 300 000 сол қабл;
  • – Кромер, байни 800 000 ва 480 000 сол қабл;
  • – Ваал, байни 1300 000 ва 900 000 сол қабл;
  • – Тегелен, байни 2 000 000 ва 1600 000 сол қабл.

Манбаъ[вироиш]

/ М. Холов.
  • Котляков В. М. Гляциологический словарь.Москва, 1984.