Ассимилятсия (маъданшиносӣ)
Зоҳир
Ассимилятсия, якҷошавӣ — дар маъданшиносӣ (петрография), раванди таъсири мутақобили магма ва ҷинсҳои атроф. Дар натиҷаи ассимилятсия магма ҷинсҳои атрофро қисман ё пурра ҳал карда, таркиби худро тағйир медиҳад. Пайдоиши габбро ва диоритҳо дар қисми канории интрузияҳои гранит, ки дар табақаи оҳаксангҳо ҷойгиранд, мисоли раванди ассимилятсия мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Миловский А. В. Минералогия и петрография. Москва, 1982;
- Логвиненко Н. В. Петрография осадочных пород. Москва, 1967.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ассимилятсия // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.