Ассотсиатсия (кимиё)
АССОТСИÁТСИЯ дар кимиё, ба моддаҳои нисбатан мураккаб якҷоя шудани молекула ё ионҳои сода, ки дар натиҷа табиати кимиёвии онҳо тағйир намеёбад. Ассотсиатсияионӣ ва молекулавӣ мешавад. Ҳосил гаштани ассотсиатсияҳои ионӣ ба қувваи электростатикӣ вобаста аст. Ассотсиатсияҳои ионии сода зарраҳои заряднок ё нейтралӣ буда, аз ду ё се ион таркиб ёфтаанд. Масалан:
Ba2 + Cl–[BaCl]+; Aq++NO–3[AqNO3]0
Ассотсиатсияи молекулаҳо дар натиҷаи таъсири қувваҳои байнимолекулавӣ ба амал меояд. Масалан, ассотсиатсияи молекулаҳои об (H2O)n, спирт (R – OH)n ва ғайра (ниг. низ Банди кимиёвӣ). Ассотсиатсия ба хосияти физикии моддаҳо таъсир мекунад. Нисбат ба ҳосилаҳояшон баланд будани ҳарорати ҷӯшиши спиртҳо, кислотаҳо ва баъзе моддаҳои дигар (масалан, ҳарорати ҷӯшиши этанол 78°С, ҳарорати ҷӯшиши эфири диметил 24°С аст, ҳол он ки массаи молекулавии ҳар ду баробар мебошад) ба ассотсиатсияи молекулаи онҳо вобаста аст. Ассотсиатсияба хосияти маҳлулҳо таъсир мерасонад. Онро барои ҳосил кардани пайвастҳои комплексӣ кор мефармоянд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
/ М. Давлатов