Ассошиэйтед Ниюспей-Пресс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


АССОШИЭЙТЕД НИЮСПЀЙ-ПРЕСС, ширкати бузурги табъу нашр дар Англия. Нашрияҳои миллии «Дейли мейл», «Уикэнд», «Стандард» ва як қатор рӯзномаҳои минтақавиро нашр мекунад. Дорои саҳмияҳои чор радиостансияи хусусии Англия аст. Дар баробари расонаҳои хабарӣ ҳамчунин шохаширкатҳои он дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла коркарди нафт дар баҳри Шимол, тиҷорати тарабхонаҳо ва заминдорӣ фаъолият мекунанд ва ба ин ширкат даромади калон меоваранд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

/ М. Султонов.